Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон

  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон
  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон
  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон
  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон
  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон
  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон
  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон
  • Президент: Мақсади асосии мо – таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 июн бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ ҷамъомад баргузор намуд

Конститутсияи кишвари мо заминаи устувори ҳуқуқӣ барои тамоми муваффақиятҳои дар солҳои истиқлолият ба даст овардашуда мебошад. Дар баробари ин ҳаёт дар як ҷо намеистад, ҷаҳонбинии одамони мо тағйир меёбад.

Солҳои охир дар бораи такмил додани Қонуни Асосӣ аз тарафи шаҳрвандон бисёр фикру мулоҳизаҳо баён карда шуданд. Ба ҳамин муносибат 20 майи соли ҷорӣ аз ҷониби Шӯроҳои палатаҳои Олий Маҷлис  Комиссияи конститутсионӣ созмон дода шуд. Дар давоми як моҳи охир ба комиссия аз шаҳрвандон 48 ҳазору 492 таклиф расид.

Сарвари давлат дар вохӯрӣ ба фаъолияти ҳамватанон, эҳсоси ҳисси дахлдориашон  ба ояндаи кишварамон баҳои баланд дода, инчунин дидгоҳи хешро оид ба ислоҳоти конститутсионӣ иброз дошт.

 – Конститутсияи навшуда бояд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва кафолати боэътимоди стратегияи рушди дарозмуддати кишварамон, дар маҷмӯъ, шукуфоии ояндаи он ва зиндагии фардои фаровони халқи моро фароҳам оварад. Хулоса, ба мазмуни Конститутсияамон ғояи «Ба хотири шаъну шарафи инсон» ва равиши «Инсон – ҷомеа – давлат»-ро, ки тамоюли асосии ислоҳоти имрӯзаамон мебошад, амиқ ворид намуда, мо бояд онҳоро ба арзиши асосии ҳаёти ҳаррӯзаи мо табдил диҳем. Бо дигар сухан ифода намоем, қадру қиммат, шаъну шараф ва ғурури инсон минбаъд бояд дар тамоми соҳаҳо дар ҷойи аввал бошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат дар суханронии худ ба чаҳор самти афзалиятнок таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба ҳар кадоми онҳо пешниҳодҳо тақдим намуд.

Ба сифати самти аввал  инсон, ҳаёти ӯ, озодӣ ва шаъну шараф, ҳуқуқ ва манфиатҳои дахлнопазир вай нишон дода шудааст.

–Баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, бинобар моҳият,  бояд ӯҳдадории конститутсионӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ бошад. Ин тамоюлҳо бояд дар Конститутсияи навшавандаи мо равшан инъикос ёфта, ҳалли мукаммали ҳуқуқии худро пайдо кунанд, – гуфт Президент.

Ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як инсон будани ҳуқуқ ба зиндагиро таъкид намуда, пешниҳод шуд, ки ба Конститутсия низом оиди он ки “ҳукми қатл дар Ӯзбекистон манъ аст» ворид карда шавад.

Зарурати дар Қонуни Асосӣ возеҳ сабт намудани он қайд карда шуд,  ки доғи судии шахс ва оқибатҳои ҳуқуқие, ки аз он бармеоянд, барои маҳдуд кардани ҳуқуқи наздикони ӯ асос шуда наметавонанд.

Ба масъалаҳои мустаҳкам намудани асосҳои конститутсионии муносибати башардустона нисбат ба шахсони аз озодӣ маҳрумшуда низ дахл карда шуд.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷавобгарии маъмурӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва дигар соҳаҳо чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ нисбат ба шахс бояд барои расидан ба ҳадафи қонунӣ кофӣ бошад ва бинобар имкониятҳо барои шахс то қадри имкон сабукиҳо фароҳам оварад,  таъкид намуд сарвари давлат.

Дар самти дуюм пешниҳод шуд, ки дар Конститутсия ғояи “Ӯзбекистон –  давлати иҷтимоӣ” мустаҳкам карда шавад.

Тавре маълум аст, дар давлати иҷтимоӣ барои ҳама шароити муносиби зиндагӣ фароҳам оварда мешавад, ҳеҷ кас бе эътибор, бо мушкилоти худ танҳо намемонад. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки дар Қонуни Асосӣ ӯҳдадориҳои давлат оид ба таъмини аҳолӣ бо манзил, таҳкими пояҳои иқтисодӣ ва маънавии оила, фароҳам овардани тамоми шароит барои таъмини манфиат ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд, ҳифзи саломатии одамон ва муҳити зист инъикос карда шаванд.

– Бо як сухан ифода намоем, ғамхории давлат ба мардон ва занон, оила ва бачаҳо,  ҷавонон ва куҳансолон, шахсони дорои маълӯлӣ, ҳамаи одамон, хоҳ дар кишвар ё дар хориҷ, бояд дар Конститутсия мустаҳкам карда шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Самти сеюм аз он иборат аст, ки дар Конститутсия мақоми маҳалла ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар раванди ҳамкорӣ бо он дақиқ муайян карда шавад. Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки тамоюл оиди он ки маҳалла як қисми сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ намебошад, метавонад масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро мустақилона ҳал кунад ва барои ин мақсадҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбад.

Самти чорум – такмили идоракунии давлатӣ, мустаҳкам намудани ҳокимияти халқ.

– Мо бунёд намудани давлати демократиеро ба назар гирифтаем, ки бо ғаму ташвиши халқ зиндагӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки давлат, мақомот ва мансабдорони он барои мардум кор мекунанд, ба мардум хизмат менамоянд. Назорати халқӣ ба ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад. Пешниҳод менамоям, ки ба Конститутсия меъёрҳое ворид карда шаванд, ки дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ошкорбаёнӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин ихчамӣ ва самаранокии ин мақомотро таъмин намоянд, – гуфт Президент.

Ҳамин тариқ, оид ба васеъ кардани ваколати Олий Мажлис оид ба ташаккули Ҳукумат ва таъмини фаъолияти самарабахши он, додани як қисми ваколати Президент ба Олий Маҷлис пешниҳодот изҳор гардиданд.

Қайд гардид, ки вақти аз Конститутсия хориҷ кардани пешниҳод дар он хусус, ки ҳокимон дар як вақт ба Шӯроҳои депутатҳои халқ роҳбарӣ мекунанд, фаро расидааст.

Сарвари давлат пешниҳод кард, ки ба Конститутсия институти ворид намудани пешниҳодҳои қонунгузорӣ ҷорӣ карда шавад. Ба шарофати ин қоида мардум ҳуқуқи бевосита  ташаббус нишон додан пайдо мекунанд. Мувофиқи ин қоида, гурӯҳи иборат на кам аз 100 ҳазор шаҳрвандон метавонад пешниҳоди қонунгузории худро ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ворид намояд.

Зарурати васеъ намудани ваколатҳои Ҳукумат ва дар Конститутсия, муайян намудани масъулияти Девони Вазирон ва ҳокимиҳо оид ба масъалаҳои экологӣ, ҷавонон, дастгирии оила, ҳифзи иҷтимоии маъюбон, рушди нақлиёти ҷамъиятӣ, фароҳам овардани шароит барои фароғати аҳолӣ, дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ таъкид гардид.

Инчунин, муҳимияти навсозӣ ва такмил додани пойгоҳи консептуалӣ-ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ўзбекистон бо назардошти дигаргуниҳоии куллии ҷаҳон зикр гардид.

Пешниҳодҳое, ки Комиссияи конститутсионӣ умумӣ гардондааст, минбаъд ба тариқи ташаббуси қонунгузорӣ ба палатаи поёнии парлумон аз ҷониби вакилони Палатаи қонунгузорӣ дохил карда мешаванд. Онҳо дар парламент, ки лоиҳаи Конститутсияи навро тайёр мекунад, муфассал муҳокима карда мешаванд. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, парлумон салоҳияти мустақилона ба Конститутсия ворид намудани тағйиротро дорад. Аммо Президент пешниҳод кард, ки лоиҳаи Конститутсия дар муҳокимаи умумихалқӣ баррасӣ гардида, ба тариқи раъйпурсӣ қабул карда шавад.

— Агар мо дар асоси фикру мулоҳиза ва дастгирии шаҳрвандонамон, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ислоҳоти конститутсиониро анҷом диҳем, ин ифодаи воқеии иродаи халқи мо — Конститутсияи ҳақиқатан халқӣ хоҳад шуд, — гуфт сарвари давлат.

Ба ин муносибат, Президент аз ҳамватанон даъват кард, ки дар раванди ислоҳоти конститутсионӣ фаъолона ширкат кунанд.

 — Мақсади асосии мо таъмини субот дар ҷомеа ва рушди рӯзафзуни кишвари беназирамон аст! Ман тамоми халқро ба ваҳдат ва муттаҳидӣ дар ноил гардидан ба ин мақсади бузург даъват менамоям, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Мулоқот дар шакли табодули афкор идома ёфт. Аъзоёни Комиссияи конститутсионӣ, ки ба сухан баромаданд, оид ба пешниҳоди аҳолӣ ва зарурати ислоҳот фикру мулоҳизадои худро баён карданд.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: