Дар ҳоли ҳозир театри драмаи мусиқии вилояти Фарғона тамошобинонро бо асари саҳнавие, ки ба Қаҳрамони Ӯзбекистон Лола Муродова бахшида шудааст, хушнуд месозад.

Дар спектакли мазкур, ки аз ҷониби коргардон Обидҷон Абдуллоев дар асоси асари «Лола ё гули рӯйи рег»-и Шоири мардумии Ӯзбекистон Энахон Содиқова ва драматург Саидалӣ Одилов ба саҳна гузошта шудааст, дар бораи Қаҳрамони Ӯзбекистон Лола Муродова ва роҳи ҳаёти мураккаби пушти сар гузоштаи ӯ ҳикоя карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир театри драмаи мусиқии вилояти Фарғона тамошобинонро бо асари саҳнавие, ки ба Қаҳрамони Ӯзбекистон Лола Муродова бахшида шудааст, хушнуд месозад.
Дар спектакли мазкур, ки аз ҷониби коргардон Обидҷон Абдуллоев дар асоси асари «Лола ё гули рӯйи рег»-и Шоири мардумии Ӯзбекистон Энахон Содиқова ва драматург Саидалӣ Одилов ба саҳна гузошта шудааст, дар бораи Қаҳрамони Ӯзбекистон Лола Муродова ва роҳи ҳаёти мураккаби пушти сар гузоштаи ӯ ҳикоя карда мешавад. Дар спектакл нақши қаҳрамони асосӣ – образи Лоларо актрисаи умедбахши театр Мухлиса Тошпӯлодова иҷро кардааст. Қаҳрамони асар дар ҷавонӣ ба дунболи падар рафта, ба хоҷагии деҳот ва техника дил мебандад. Лолаи дар кӯраи меҳнат ва панду андарзҳои падар обутобёфта, ба туфайли ирода ва меҳнатдӯстии худ мушкилоти дар роҳ пешомадаро пушти сар менамояд. 
Имрӯз Қаҳрамони Ӯзбекистон бори роҳбарии хоҷагии фермерии «Нурли обод»-и ноҳияи Олтиариқро бар дӯш дорад. Дар спектакл роҳи тайкардаи қаҳрамони замон комилан инъикос ёфтааст.
Ин асари саҳнавӣ ба тамошобин,   баробари ғизои маънавӣ додан, ӯро ба андеша кардан водор месозад.
Дар аксҳо: лавҳаҳо аз намоишнома.
Аксбардор: М.ҚОДИРОВ (ӮзА).


НАМОИШГОҲИ ЗОЧАҲОИ ҶОПОН
Дар Қасри корвони фарҳанги байналхалқии Икуо Хираямаи пойтахт бо ҳамдастии сафоратхонаи Ҷопон дар Ӯзбекистон ва Маркази Ӯзбекистону Ҷопон дари намоишгоҳи зочаҳои Ҷопон боз гардид.

Дар маросими кушоиш, тавре ки дар суҳбатҳои давра таъкид гардид, Ҷопонро «Мамлакати даҳ ҳазор зоча» низ меноманд. 
Қадимиёни ин мамлакат ба зочаҳо ба сифати тӯморе, ки аз балову қазову қадар ҳифз менамоянд ва бахт меоваранд, арҷ гузоштаанд. Онҳо ба соҳибони худ завқ мебахшанд. Номи зочаҳои анъанавии Ҷопон «Нинге» мебошад. Бино ба ақидаи ҷопониҳо зочаҳо ба орзуву ниятҳои ҷиддӣ низ хидмат мекунанд. Баъзе ҷопониҳо имрӯз низ бовар доранд, ки зочаҳои «дуруст» интихобшуда соҳибашонро аз балоҳо ҳифз менамоянд, бахту омад меоранд, тану ҷони онҳоро солим нигоҳ медоранд.
Дар намоишгоҳ қариб 100 зочае, ки ҷопониҳо онҳоро дӯст медоранд, ба маъраз гузошта шудааст.
Бешак, ҳар бинанда натиҷа хоҳад гирифт, ки онҳо осори санъатанд ва дар офариданашон меҳнату маҳорати зиёд сарф шудааст. 
Дари намоишгоҳ ба рӯйи алоқамандони санъат то 1 декабри соли равон пӯшида нахоҳад шуд.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: