Маълум аст, ки сарвари давлат ҳангоми мулоқоташ бо намояндагони соҳаи тиб 18 марти соли 2022 дар ҳудудҳои аҳолинишине, ки аз марказҳои ноҳия дур воқеъ гардидаанд, ташкил намудани нуқтаҳои тиббиро супориш дода буд.
Мувофиқи он дар ҳудудҳои дурдаст нуқтаҳои тиббӣ созмон ёфта, мушкили аҳолиро осон мекунанд.
Деҳаи Товариёни ноҳияи Ғиждувон аз ҷумлаи ҳамин гуна ҳудудҳост. Ин деҳа 170 хонадон, 222 оила ва қариб 900 нафар аҳолӣ дорад. Мардуми ин ҷо ҳангоми беморӣ маҷбур буданд, ки ё ба поликлиникаи марказии ноҳия раванд, ё ба пункти тиббии оилавии деҳаи «Сарварӣ».
Ба қарибӣ орзуи деринаи онҳо ҷомаи амал пӯшид. Дар маҳалла бунгоҳи тиббӣ ба кор даромад. Дар маросими кушодашавии он роҳбарону мутасаддиёни соҳа, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷамоатҳо ва сокинон иштирок карданд. Онҳо бо шароитҳои фароҳамовардашудаи муолиҷагоҳ аз наздик шинос шуданд. Мӯйсафедон бунёдкорони маскани саломатиро дуои нек карданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.