Муҳаммадаюби имконияташ маҳдуд аз ҳисоби фаъолияти фрилансерӣ даромад ба даст меорад

Муҳаммадаюб Алимов 17 сол дорад. Хонандаи синфи 11-и мактаби 8-и шаҳри Марғилон Муҳаммадаюб, дар “Маркази технологияҳои рақамӣ” ба ҳайси корманди озод кор мекунад.

Муҳаммадаюб бо вуҷуди бемориаш бо кумаки устодаш Абдусаттор Эгамбердиев муддати 7 моҳ дар риштаи 3D Max (модели компютерӣ ва ороиши интерьер) таҳсил карда, тавонист аввалин маҳсулоти худро дар бозорҳои электронии байналмилалӣ ба фурўш расонад.

Вай 6 моҳ аст, ки ҳамчун фрилансер мустақил кор мекунад. Имрӯз ӯ бо фурӯши беш аз 100 модели дохилӣ имкониятҳои молиявии худро беҳтар мекунад.

Айни замон Муҳаммадаюб тасмим гирифтааст, ки забони англисиро амиқ омӯзад ва ҳамчунин дар самти 2D ва дар соҳаи GameDev моделҳо эҷод мекунад.

Яке аз бузургтарин ҳадафҳои ӯ ҷалби ҷавононе мисли ӯ ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва нишон додани он аст, ки имконот бо касби замонавӣ ба касе маҳдуд нест.

Тибқи қарори Сарвари давлат ба созмонҳои ғайридавлатии таълимӣ имкон дода шуд, ки ба ояндаи Муҳаммадаюб барин ҷавонон кумак расонда, то 3 ҳазор доллар субсид гиранд гиранд

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: