ЭЪТИМОД БА ФАРДОИ ТАЪЛИМ

Муроҷиатномаи Президент воқеаи муҳим дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар аст.

Соҳае намонд, ки аз назари роҳбари давлат дур монда бошад. Сухан ва муҳокимарониҳои ӯ бобати риштаҳои илму маърифат ва ба таълиму тарбияи замонавӣ фаро гирифтани насли ҷавон, ки ояндаи ҷамъият аз онҳо вобаста, хусусан қобили таваҷҷӯҳ буда, Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон шудани соли 2020 қалби алоқамандони мактаб ва маориф – устодону тарбиятгаронро бештар ба таппиш овард.
Мо, омӯзгорони мактабҳои таълими умумӣ, бо идроки маънои номе, ки ба соли равон дода шуд, амин гаштем дар соҳаҳои илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ, ки низ пешравиаш бо тараққиёти фан вобастааст, корҳо дар миқёси боз ҳам васеътар ба амал татбиқ карда мешаванд.
1,8 триллион сӯме, ки барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷудо мешавад, фикр мекунем, дар мустаҳкамсозии пойдевори таълиму тарбия нақши муҳим дорад. Ба ин гуна муассисаҳо ҷалбшавии 60 фоизи тифлон воқеаи муҳим аст. Бовар дорем солҳои наздик биноҳои нав сохта ва ба истифода супурда шуда, дараҷаи фарогирии кӯдакистонҳо сад фоизро ташкил менамояд. Ҷуз ин аз буҷа 130 миллиард сӯм маблағ барои аз шашсолагӣ ба дабистон ҷалбсозии кӯдакон ҷудо ва аз имкониятҳое, ки фароҳам оварда мешаванд, мактабҳои таълими хусусӣ низ истифода намоянд.
Симои шаҳру деҳоти мо бо бунёд гардидани биноҳои нав, аз ҷумла, иншооте, ки ба сифати муассисаи таълимӣ қад рост кардаанд, торафт дигаргун мегардад. Дар ҷумҳурии мо, тавре аз Муроҷиатнома дарак ёфтем, соли ҷорӣ боз 36 мактаби нав барпо ва барои он аз буҷа 1,7 триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад. Куллан аз таъмир баровардани 211 муассисаи таълимӣ ба нақша даромадааст. Таъмири хушсифат, тавре мо инро дар рӯзгори омӯзгориамон баръало ҳис кардем, ба беҳтар шудани кайфияти муаллим ва хонанда, боло рафтани дараҷаи таълим мусоидат месозад.
Баробари дабистонҳое, ки таҳти ғамхории давлатанд, мактабҳои хусусӣ низ дар мамлакати мо зиёд мегарданд. Имсол ба қатори онҳо боз 55 дабистони хусусӣ зам ва миқдори умумии онҳо ба 141 адад хоҳад расид.
Омӯзгороне, ки хуб меҳнат мекунанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд, рағбатнок гардонда мешаванд. Давраҳое, ки қадри «обовардаю кӯзашикаста» як буданд, яъне як хел маош мегирифтанд, гузашт. Мо низоми пардохти мукаммали меҳнатро барои омӯзгороне, ки маҳорати калони педагогӣ ва ихтисоси дахлдор дошта, дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои мушаххас ноил гардидаанд, ҷорӣ менамоем, гуфт Президент.
Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷиён низ чизи муҳим. Хуб мешуд барномаҳои таълимии мактабиамон ба меъёрҳои байналхалқӣ ҳарчи зудтар мувофиқ гардонда шаванд. Адабиётҳои таълимӣ, сифати китобҳои дарсӣ, хусусан, китобҳои дарсии тоҷикӣ, мутаассифона, ҳанӯз ба дараҷаи талабот нестанд. Тараққиёти давр тағйир додани низоми баҳогузорӣ ба хонандагонро низ тақозо мекунад. Хуб мешуд дар институтҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос низ корҳо ба андозаҳои ҷаҳонӣ мувофиқ ва Низоми миллии ихтисосҳо, ки дар нақша ҳаст, зудтар корбаст, кадрҳои педагогии мо дар бозори байналхалқии меҳнат харидоргир бошанд.
Навгониҳое, ки ба вуқӯъ меоянд, аз дурахшонии фардои таълими халқ дар мамлакати рӯ ба рушди мо гувоҳӣ медиҳанд.

Санҷар ҲИСОМИДДИНОВ,
омӯзгори мактаби таълими умумии № 2 ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: