Сад фоизи маҳсулоти корхонаи хориҷии «Рунамтекс»-и воқеъ дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон ба хориҷ содир мегардад.
Корхона ба истеҳсоли дастпоккун, рахти хоб ва дигар маҳсулоти трикотаж ихтисосонида шуда, ҳамкорӣ самараи хуб медиҳад. Соли 2021 4,5 миллион долларина маҳсулот содир шуда бошад, соли гузашта он 6,5 миллион долларро ташкил дод.
Ин ҷо дар асоси барномаи «20 ҳазор соҳибкор – 500 ҳазор мутахассиси соҳибмалака» 700 ҷойи нави корӣ созмон дода шуд. Корхона мономарказ ташкил намуд, ки дар он коргарон касб меомӯзанд ва соҳиби таҷриба мегарданд. Баробари ин бар ивази 3 миллион доллар сармоя дар минтақаи саноати хурди «Ёшлар» лоиҳаи нав ба кор дароварда шуд.
– Нақшаҳоямон калон, болои лоиҳаҳои нав кор мебарем. Ҳудуди географии ҳамкорон васеъ мегардад. Ояндаи наздик ин ҷо ба мақсади ба роҳ мондани таълими дуалӣ маркази таълим низ фаъолияти худро оғоз менамояд, – мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи директори корхона Маҳфуза Гюмюш.
Дар суратҳо: дар корхонаи хориҷии «Рунамтекс».
Суратгир:
Ҳ. МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).