СУХАНИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ТАНТАНАҲО БАХШИДА БА ҶАШНИ МАРДУМИИ НАВРӮЗ

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонони муҳтарам!
Аз таҳти дил шумо, тамоми халқи бисёрмиллатро бо соли нав – ҷашни Наврӯз бинобар тақвими шарқӣ самимона табрик менамоям.
Барои ҳамаи шумо сулҳ ва субот, тансиҳатӣ, бахт ва тавфиқро таманно дорам.
Ҳоло, дар ин лаҳзаҳои ҷолиб, аз таҳти дил ҳамватанонамонро, ки дар хориҷ ҳастанд, бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯям ва барояшон эҳтиром намуда, беҳтарин орзуҳои худро таманно мекунам.
Дӯстони азиз!
Мо ҳамеша фарорасии Наврӯз, навшавии баҳориро бесаброна интизор мешавем.
Фикр мекунам, ки шумо дар он бобат бо ман ҳамфикр ҳастед, ки имсол мо Наврӯзро бо хушии аҷоиб ва умедҳои нек истиқбол менамоем. Дар ду соли охир мо бинобар пандемияи коронавирус ҷашни дӯстдоштаамонро васеъ ва дар дараҷаи олӣ таҷлил карда натавонистем. Ва ҳоло, ниҳоят, пас аз интизории зиёд, мо ҳамаамон якҷоя бо шаҳомати зиёд Наврӯзро пешвоз мегирем.
Имрӯз мо якҷоя бо шумо ҷашни Наврӯзро дар қасри «Ҳумо» таҷлил менамоем, чунки тавре ки мебинед, дар ҳафтаҳои охир ба мамлакатамон ҳавои сард бо бориши беист омад.
Ҳамзамон мо хуб мефаҳмем, ки бориш бароямон башорат аз фаровонӣ ва худкифоӣ, фараҳмандӣ ва шукуфоӣ аст. Ва мо барои ин аз Офаридгор розӣ ҳастем.
Ниёи бузургамон, олими энсиклопедист Ҳаким Тирмизӣ дар китобаш «Наврӯзнома» менависад: «Агар Наврӯз ба рӯзи душанбе мусодиф ояду, борон ва барф борад, кишоварзӣ пеш меравад, ҳосил – фаровон ва сол пурбаракат хоҳад буд». Боварӣ дорам, ки ин суханон бо ормонҳои неки халқамон, ки имрӯз – рӯзи душанбе Наврӯзро пешвоз мегирад, ҳамоҳанг аст.
Муҳтарам иштирокдорони тантана!
Бо мақсади идома додани ислоҳоти бузургмиқёс дар мамлакат мо Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав ва барномаи давлатии «Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол»-ро қабул кардем.
Халқамон ба марҳалаи нави рушди миллӣ бо мақсадҳои нек ва муваффақиятҳои амалии калон мерасад. Мисоли равшани онро мо имрӯз дар ҳар як оила, маҳалла, деҳа, авулу шаҳр дида метавонем.
Дар мамлакат садҳо корхонаҳои замонавӣ, роҳ ва шабакаҳои коммуникатсионӣ, манзилҳои шинам, кӯдакистону мактаб ва муассисаҳои таълими олӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маданият ва варзиш сохта мешаванд. Дар тамоми минтақаҳо мавзеъҳои иқоматӣ ва боғҳо, боғҳои маданият ва истироҳат, ки мо ба онҳо номи «Ӯзбекистони Нав»-ро медиҳем, ба вуҷуд оварда мешаванд.
Дар баробари барномаҳои «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» дар тамоми мамлакат лоиҳаи миллии «Макони сабз» ба амал татбиқ мегардад.
Дар ин рӯзҳои аҷоиб халқамон аз анъанаҳои неки Наврӯз нерӯву қувва ва илҳом гирифта, ҳашарҳо ташкил менамоянд ва гулу буттаҳо мешинонанд. Гуфтан мумкин аст, ки тамоми Ӯзбекистон рӯҳи созандагӣ ва ҷашнро дорад.
Дӯстони азиз!
Тавре ки маълум аст, дар ҷаҳон ҷашн ва санаҳои пураҳамияти гуногун вуҷуд доранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар мушарраф сохтан ва гиромӣ доштани инсон Наврӯз ҷойгоҳи алоҳидаро ишғол менамояд.
Наврӯз ба мо сабақ медиҳад, ки сарзамини азизро гиромӣ дошта, ҳар як муғчаро ҳифз намуда, худро ҷузъе аз табиат эҳсос намоем ва он моро ба шафқату инсондӯстӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад.
Дар ин лаҳзаҳои гуворо мо амиқан эҳсос менамоем, ки сулҳ ва оромӣ, аҳамияти беназири он то чӣ андоза давлати бебаҳо аст. Дар ин рӯзҳои ноором ва пурхатар мо боз бештар масъулиятамонро барои таъмини фараҳмандии ҳаёти халқ, барои ояндаи фарзандон ва наберагон, фазои мусаффои Ватанамон эҳсос менамоем.
Мо бечунучаро ифтихор дорем, ки Наврӯз дар Ӯзбекистон воқеан ҷашни умумихалқӣ гардид, барои тамоми ҳамватанонамон, новобаста аз миллат, забон ва эътиқодашон, ҷашни маҳбубтарин ва боқадртарин ба шумор меравад.
Маҳз ҳамин рӯзҳо дар сарзамини неъматбахшамон дӯстии байни миллатҳо, эҳтироми ҳамдигар, ҳиммат ва меҳри самимӣ боз равшантар зоҳир мегардад. Чун татбиқи амалии кирдори некамон ба хотири гиромидошти шараф ва қадри инсон мо аз наздикон ва хешовандон, беморон, солхӯрдагон ва инсонҳои оҷиз хабар мегирем, ба хонаводаҳои ба дастгирӣ ва эътибор эҳтиёҷманд мадад мерасонем, бо гармии диламон тасаллӣ медиҳем.
Мо бояд аз анъанаҳои муносиби қадимаи худ ба ваҷд омада, фарзандонамонро дар асоси ин арзишҳои инсондӯстӣ тарбия  диҳем.
Аз фурсат истифода намуда, бо Ҷашни байналхалқии Наврӯз тамоми дӯстон ва шарикони хориҷӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатие, ки дар тантанаи имрӯз ширкат доранд, табрик менамоям, ба мамлакат ва халқҳои ҷаҳон фараҳмандӣ ва шукуфоӣ таманно дорем.
Ҳамватанони муҳтарам!
Фардо дар мамлакатамон боз як ҷашни дигар – Рӯзи маҳалла таҷлил мегардад.
Барои ҳар якамон маҳалла, тавре ки мегӯянд, Ватани кӯчак аст. Шараф ва қадри инсонро мо бо маҳалла ногусастанӣ мешуморем.
Осудагии маҳалла осудагии тамоми мамлакат аст. Маҳаллаи шукуфон шукуфоии мамлакат мебошад.
Маҳз аз ин сабаб ба боло бурдани аҳамияти нақш ва ҷойгоҳи он дар ҳаётамон, васеъ намудани ваколат ва имконоташ эътибори алоҳида медиҳем.
Дар асоси принсипи «дар басти маҳалла» корамон дар бобати беҳсозии шароит ва сифати ҳаёт, ҳифзи тандурустии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ омӯзондани занон ва ҷавонон ба касбҳои замонавӣ, таъмин бо кор ва манзил, дастгирии институти оила ба дараҷаи нав бардошта мешавад.
Маҳаки фаъолияти роҳбарон ва шахсони соҳибмансаби тамоми дараҷаҳо аз хидмат ба мамлакат ва халқ, дар амал ҳал намудани ташвишҳои он иборат мегардад.
Аз фурсат истифода намуда, раисон ва фаъолони маҳаллаҳо, собиқадорони муҳтарам, занони муҳтарам, интихобкардагони мардум, ёварони ҳокимон ва пешвоёни ҷавонон, ҳамаи ҳамватанонро, ки бо мақсади беҳсозии ҳаёти одамон меҳнат мекунанд, самимона табрик менамоям ва барояшон муваффақиятҳои нав мехоҳам.
Дӯстони азиз!
Дар ин рӯзҳои равшан деҳқон ва фермерони чашмикордонамон, боғдорону чорводоронамон бо кайфияти хуб ва нияти нек ба саҳрову боғ, чарогоҳҳои сабз мебароянд. Таҳтидилона ҳамаи онҳоро шодбош мегӯем ва таманно дорем: бигзор ҳосилатон ғанӣ ва хирмани халқ баланд бошад!
Ҳамватанони муҳтарам!
Наврӯз ва ҷавонӣ моҳиятан ва рӯҳан мафҳумҳои ба ҳам наздиканд. Мо вақте ки бо ифтихор ба миллионҳо нафар ҷавонони пурғайрат ва азмкунандаи сӯйи мақсадашон нигоҳ мекунем, бори дигар ба ин эътимод ҳосил менамоем.
Дар ин лаҳзаҳои пурэҳсос мехоҳам ба насли ҷавонамон муроҷиат намоям, ки ба ҳаёт бо азм ва нияти нек ворид мегарданд.
Писар ва духтарони азизам, шумо дар мамлакати мустақил, озод ва обод зиндагӣ менамоед. Ин, бешак, давлати ноёб, бахти бузург ва ҳамзамон масъулияти калон аст. Чунки фардо маҳз шумо кори оғознамудаи мо – падару модарон, муаллимон ва мураббиён, ки кори фавқулодда созанда мебошад, идома хоҳед дод.
Аллакай имрӯз шумо бояд ба иҷрои ин рисолати бузург, касби амиқи дониш ва пешаҳои замонавӣ омода бошед, чун гавҳараки чашм Ӯзбекистони азизро ҳифз намоед, ба мамлакат ва халқи худ содиқ бошед.
Дар ёд дошта бошед, ки қуллаҳои баландеро, ки мо азм дорем, фатҳ карданаш чандон осон нест.
Эҳёи сеюмро дар Ӯзбекистони Нав маҳз насли имрӯз ва оянда, тамоми халқамон бояд бунёд намояд.
Бовар дорам, ки шумо боз бештар Ватанамонро ба тамоми ҷаҳон чун Хоразмӣ, Фарғонӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав машҳур хоҳед гардонд.
Ба ҳамаатон дар ин роҳ тавфиқ ва фатҳи қуллаҳои навро орзу менамоям.
Дониш ва касбҳои навро аз худ намоед, мутаносибан рушд кунед, ҳамеша ба пеш, ба қуллаҳои баланд  азм намоед!
Ҳамватанони азиз!
Дар ин рӯзи аҷоиб бори дигар аз таҳти дил шумо ва тамоми халқамонро бо ҷашни Наврӯз табрик менамоям.
Бигзор, Наврӯз ба ҳар якамон, ба ҳар як хонадон сулҳ, некӣ ва фараҳмандӣ оварад!
Бигзор, ҳаёти падарон ва модарони муҳтарам шодмону дароз гардад, тамоми орзуҳои неки бонувонамон амалӣ гардад!
Бигзор, фарзандон ва наберагонамон хушбахт бошанд!
Бигзор, Ӯзбекистони азизамон шукуфон бошад!
Ҳамаатонро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯям!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: