Berliner Telegraph: ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН — ИСЛОҲОТГАРИ МӮЪТАҚИД

Дар шумораи декабрии маҷаллаи маъруфи олмонии «Berliner Telegraph» бахшида ба рушди имрӯзаи Ӯзбекистон мақолае чоп шуд.

Дар шумораи декабрии маҷаллаи маъруфи олмонии «Berliner Telegraph» бахшида ба рушди имрӯзаи Ӯзбекистон мақолае чоп шуд.

Муаллифи мақола, сиёсатшиноси маъруфи олмон Маттиас Дорнфелд таҳти унвони «Симои нави Ӯзбекистон: ошкороӣ ва омодагӣ ба ҳамкорӣ» дар бораи ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ, ки дар мамлакати мо ба амал бароварда мешавад, сиёсати хориҷӣ ва минтақавии роҳбарияти ҷумҳурӣ нақл менамояд.
Дар ин мавод таъкид шудааст, ки Ӯзбекистон, ҳамчун маркази Авруосиё ва сераҳолитарин давлати Осиёи Марказӣ дар ҳамкориҳои минтақавӣ нақши асосӣ дорад.
«Аз ин рӯ, роҳбарияти давлати сераҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дарк намуд, ки дар ҳамкориҳои минтақавӣ бояд нақши асосиро ба зимма гирифт. Ихтилофҳо бо Қирғизистон ва Тоҷикистони ҳамсоя дар масъалаи таъмини об ба кишварҳои воқеъ дар қисмати поёнии дарёҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ҳалли худро ёфтанд. Гузаргоҳҳои дуҷонибаи сарҳадӣ кушода, робитаҳои нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор карда шуданд. Дар ин ҷо Ӯзбекистон ба рушди умумии иқтисодӣ, амният ва субот саъй менамояд», — қайд мекунад муаллиф.
Муаллиф, инчунин ба кӯшишҳои Ӯзбекистон барои ба даст овардани сулҳ дар Афғонистон, барқарорсозии иқтисодии кишвари ҳамсоя диққати махсус медиҳад.
“Пас аз интихоботи президентии соли 2016 сиёсати Ӯзбекистон нисбат ба Афғонистон такони нав гирифт ва ба равиши ҳамаҷониба асос ёфтааст. Президент Шавкат Мирзиёев чунин мешуморад, ки амнияти Афғонистон низ масъалаи амнияти кишвараш аст ва масъалаи раванди сулҳ дар Афғонистон бояд дар рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бештар пайдо кунад”, — изҳор дошт сиёсатшиноси олмон.
Дар ин замина, хабар дода мешавад, ки Ӯзбекистон ба ҳамсояи афғони худ кӯмаки иқтисодӣ мерасонад – ба Афғонистон нерӯи барқ медиҳад, дар тавсеаи иртиботи роҳи оҳан байни Тирмиз дар Ӯзбекистон ва Мазори Шариф дар шимоли Афғонистон иштирок мекунад ва инчунин сохтмони хатҳои роҳи оҳанро дастгирӣ мекунад.
Нашрия қайд кардааст, ки бисёре аз ташаббусҳои роҳбарияти Ӯзбекистон ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупо, ки дар давраи раёсати Олмон дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо қабул шудааст, ҳамоҳанганд. Нашрия таъкид менамояд, ки кишварҳои шарики муҳими Ӯзбекистон аз оғози ислоҳоти иқтисодии Президент Шавкат Мирзиёев кишварҳои узви ИА, аз ҷумла Олмон мебошанд. Дар ин замина, сафари бомуваффақияти роҳбарии Ӯзбекистон ба ҶФО моҳи январи соли 2019, инчунин сафари Президенти Федералии Олмон Ф.В. Штайнмайер ба Ӯзбекистон моҳи майи ҳамон сол ёд оварда мешавад.
«Ислоҳоти пешомадноки Президент ва ҳукумати ӯ дар роҳи манфиатҳои ҷомеаи Ӯзбекистон аз ҷониби сохторҳои дахлдори Олмон дастгирӣ карда мешаванд»,  гуфта мешавад дар мақола. Тавре муаллиф қайд мекунад, Ӯзбекистон дар ояндаи наздик имконият дорад, шарики муҳимтарини иқтисодии Олмон ва ширкатҳои он гардад.
Дар мақола моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои нави байналмилалии Ӯзбекистон, ки сарвари давлати мо дар доираи сессияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба миён гузоштааст, кушода дода шудааст, далели интихоби ҷумҳурӣ ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қайд гардидааст.
«Аз замони чор сол қабл Президент интихоб шудани Шавкат Мирзиёев, сиёсати хориҷӣ ва минтақавии Ӯзбекистон ба таври назаррас тағйир ёфт. Ислоҳоти муҳим оғоз ёфта, кишвар кушода шуд ва мунтазам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои муҳим ва пешниҳодҳои сиёсӣ тақдим менамояд», – хулоса мекунад Маттиас Дорнфелд.
Муаллиф таъкид мекунад, ки Президент Шавкат Мирзиёев дар Ғарб ислоҳотгари мӯътақид дар фазои ИДМ маҳсуб мешавад ва аз ин рӯ алалхусус вақте ки сухан дар бораи васеъ гардондани муносибатҳои иқтисодӣ меравад, ҳамчун меҳмони азиз эътироф мегардад.

АИ «Дунё»,
БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: