РӮНАМОИИ КИТОБҲО ДАР САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Дар толори сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон рӯнамоии китобҳои тозанашри Сафири Фавқулода ва Томулихтиёри Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки таҳти номҳои «Пайғоми дӯстӣ» – «Дӯстлик пайғоми» (ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» дар нашриёти «Ilm-Ziyo Zakovat»-и шаҳри Тошканд ва КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон рӯйи чопро дидаанд, баргузор шуд.

Дар чорабинӣ шоирон, нависандагон, олимон, журналистон, омӯзгорон, зиёиён ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Очерки таърихиву адабии «Пайғоми дӯстӣ» – «Дӯстлик пайғоми» ба равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшида шудааст. Дӯстӣ офарандагӣ, бунёдкорӣ, тараққиёт ва пешравӣ аст. 
Муллиф дар очерки мазкур барҳақ таъкид намудааст, ки «Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ ба таври шоиста рушд карда, хусусияти ибратомӯз касб намудааст. ... Хидмати Мавлоно Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ инчунин дар муттаҳид кардани аҳли илму адаб, санъату мусиқӣ бесобиқа буда, ба маҳфилу базмҳои дӯстона асос гузоштаанд»...
Китоби «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» мақолаҳои пурмуҳтаворо доир ба масъалаҳои мубрами замони муосир, истиқлоли давлатӣ, дипломатияи фарҳангӣ ва сиёсати башардӯстонаи роҳбари Тоҷикистон дар бар гирифтааст. Ҳамчунин, хонанда аз ин китоб бо мусоҳибаи ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов бо сафир зери номи «Дар диёри бахтиёрон» ошно мегардад. Бояд гуфт, ки дар мавзӯи дипломатия китобҳо басе каманд. Фикр мекунем, бояд дар ин соҳа низ маводи зиёд ба дасти чоп расад. Зеро дар кишварҳои тоза ба иститқлол расида дипломатҳои ҷавон ба ин гуна китобҳо ниёз доранд...
Дар доираи рӯнамоии китобҳо бо иштироки шоирон мушоира сурат гирифт. Шоирони саршиноси ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон Паймон, Файз Маҳмуд ва Ҷаъфар Муҳаммад шеърҳои тозаэҷоди худро ба самъи ҳозирон расонданд.
Дар поёни чорабинӣ сафир навид расонд, ки оҳангсози номии Ӯзбекистон Мустафо Бафоев ба узвияти Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Сипас ӯ зери кафкӯбиҳои бардавом шаҳодатнома ва нишонҳои сарисинагии вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои сафоратро ба олимон, омӯзгорон ва зиёиёни фаъоли кишвари мо супурд.
Хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ, муаллими собиқадор Ӯзбакбойи Раҳмон, омӯзгорон Дилмуроди Қӯзӣ, Холбикаи Нурназар (ноҳияи Нурато), Сулаймон Содиқов (ноҳияи Бӯка) бо нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», овозхон Фармон Азимов бо нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», журналист Шарофат Эрматова бо нишони «Сухан», доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ ва доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов бо «Ифтихорнома»-ҳои сафорат сарфароз гардонда шуданд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: