ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ АМАЛИЁТ ОИД БА ПАНҶ САМТИ УСТУВОРИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2017–2021 ДАР “СОЛИ ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ВА МУСТАҲКАМСОЗИИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ”

Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва дар байни аҳолӣ қарор додани тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаи онҳо аз ҳисоби ноил шудан ба сатҳи баланди болоравии иқтисодӣ, инчунин таъмини татбиқи саривақтии Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти усутувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис аз 29 декабри соли 2020 муайян шудаанд:

Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва дар байни аҳолӣ қарор додани тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаи онҳо аз ҳисоби ноил шудан ба сатҳи баланди болоравии иқтисодӣ, инчунин таъмини татбиқи саривақтии Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти усутувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис аз 29 декабри соли 2020 муайян шудаанд:
1. Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии  саломатии аҳолӣ» (минбаъд — Барномаи давлатӣ), ки дар асоси натиҷаҳои муколамаи кушод бо халқ тайёр карда шудааст, мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Бо мақсади идома додани татбиқи тадбирҳои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар шароити пандемияи коронавирус мӯҳлати амали он то 31 декабри соли 2021 дароз карда шавад:
пардохти қарздорӣ оид ба андози замин ва андози амволи субъектҳое, ки дар соҳаи туризм, нақлиёт ва хӯроки умумӣ фаъолият мебаранд, то ҳолати 1 январи соли 2021;
боздоштани ҳисобкунии фоизи қарзҳо оид ба андози амвол ва замини субъектҳои соҳибкорие, ки то ҳолати 31 декабри соли 2020 муваққатан душвориҳоро аз сар мегузаронанд,  инчунин талабот оид ба татбиқ нанамудани чораҳои маҷбуран ситонидани қарзҳои андоз, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 марти соли 2020 №ФП-5969 пешбинӣ шудаанд;
маблағи ба таъхиргузории бефоиза (муҳлатдиҳӣ) -и бақияи андози амвол ва замин то ҳолати 31 декабри 2020, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус пешниҳод карда шудаанд;
моратория ба гузарондани аудити андози субъектҳои хурди соҳибкорӣ, ки андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро сари вақт супурдаанд, бо марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани низоми «таҳлили хавфҳо» ҳангоми гузарондани аудити андоз барои коҳиш додани ҳиссаи «иқтисодиёти хуфиёна».
3. Бо мақсади дастгирии ҷавонон, такмил додани низоми кӯмак ба донишҷӯёни ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ, таъмини тамоюли адолати иҷтимоӣ аз соли таҳсили 2021/2022:
а) гранти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 200 нафар ҷавононе, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишкадаҳои олӣ холҳои баландтаринро ба даст овардаанд, ҷорӣ карда шавад.
Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Вазорати молия ва Маркази давлатии тест то 1 апрели соли 2021 тартиби ҷорӣ намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таҳия намуда, феҳристи ягонаи электронӣ ташкил диҳад, ки кушодани маълумотро дар бораи шахсоне, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ хол ба даст овардаанд, пешбинӣ  менамояд;
б) таҷрибаи додани қарз барои таълим ба оилаҳое, ки ду ва ё зиёда фарзанд дошта, дар асоси шартнома дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд ва пас аз ба итмом расидани давраи таълим аз ҷониби донишҷӯ баргардондани ин қарз ҷорӣ карда шавад.
Вазорати молия якҷоя бо Бонки марказӣ дар давоми ду моҳ оид ба татбиқи ин амалия ва таъмини ҷудокунии  захираҳои мақсаднок ба бонкҳои тиҷоратӣ
барои қарзҳо аз ҳисоби маблағи Буҷети давлатӣ чораҳо андешад;
в) шумораи грантҳои давлатӣ барои таҳсилоти олӣ 25 фоиз ва шумораи грантҳо барои духтарони оилаҳои ниёзманд 2 баробар зиёд гардонда, инчунин системаи ҷудо кардани грантҳои давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии хусусӣ барои тайёр кардани мутахассисон ҷорӣ карда шавад.
Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи нодорӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор таҷдиди назарияи куллии параметрҳои фармоиши давлатиро барои қабул ба таҳсил дар соли таҳсили 2021/2022 таъмин намояд;
г) тартиби зерини додани рухсатии академӣ муқаррар карда шавад:
барои донишҷӯёне, ки хоҳиши гирифтани рухсатии академиро доранд, таҳсил дар давраи таътили академӣ бо хоҳиши онҳо ба шакли ғоибона ва фосилавӣ (агар чунин шакли таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олӣ мавҷуд бошад) бо фароҳам овардани имкони гирифтани таҳсилоти бефосилаи мустақил гузаронда мешавад;
ба донишҷӯёне, ки таҳсилро дар шакли анъанавӣ бо сабаби нигоҳубини аъзои бемори оила идома дода наметавонанд, низ ҳуқуқи гирифтани рухсатии академӣ дода мешавад;
маҳдудиятҳои миқдорӣ барои додани рухсатии академӣ ба донишҷӯён дар давраи таҳсил бекор карда мешаванд;
таҷрибаи бозомӯзии донишҷӯён, ки аз рухсатии академӣ баргаштаанд, бинобар фанҳои қаблан гузашта бекор карда мешавад.
Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Инспексияи давлатии назорати сифати таҳсил дар муддати як моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи қарорро пешниҳод кунад, ки фароҳам овардани заминаи ҳуқуқиро дар бораи ташкили мустақилона —  ғоибона ва фосилавии донишҷӯёне, ки хоҳиши гирифтани рухсатии академиро доранд, инчунин оид ба самтҳои таълими экстернат дар мактабҳои таълими олӣ пешбинӣ мекунад;
д) аз 1 сентябри соли 2021 зина ба зина ваколатҳои оид ба  додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ  ба шӯроҳои илмии муассисаҳои бонуфузи  таълими олӣ супурда шавад.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Девони Вазирон якҷоя бо Вазорати рушди инноватсионӣ, инчунин Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус дар давоми се моҳ лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи тайёр кардани кадрҳои дараҷаи илмӣ ва такмили минбаъдаи низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти баъди мактаби олӣ пешниҳод намояд.
4. Бо мақсади ба таври куллӣ баланд бардоштани самаранокии тайёр кардани мутахассисони боистеъдод дар муассисаҳои бонуфузи таълимӣ, илмӣ ва муассисаҳои дигари хориҷӣ ба касбҳои дар ҷумҳурӣ серталаб   аз 1 апрели соли 2021 оғоз карда:
шумораи ҷавононе, ки барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ бинобар хати Бунёди «Эл-юрт умиди» фиристода шудаанд, 5 маротиба афзоиш дода шавад;
системаи таълим оид ба барномаҳои таълимии бакалавриат дар хориҷа аз ҳисоби Бунёди «Эл-юрт умиди» ҷорӣ намуда, дар соли 2021 фиристодани 100 ҷавон ба хориҷа барои таҳсил таъмин карда шавад;
таҷрибаи мунтазам гузаронидани интихоби номзадҳо барои ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарфи назар аз ҷои кор ва истиқомат дар ҷумҳурӣ, мувофиқи барномаҳои таълимии Бунёди «Эл-юрт умиди» дар асоси озмуни стипендияи кушод ҷорӣ карда шавад;
тартиби гузаронидани озмуни стипендия барои барномаҳои таълимӣ дар бакалавриат, магистратура ва докторантура дар асоси дархости муассисаҳои бонуфузи хориҷии таълимӣ, илмӣ ё дигар дар бораи қабул ба таҳсил ҷорӣ карда шавад.
Бунёди «Эл-юрт умиди» дар тӯли як моҳ оид ба куллан такмил додани низоми тайёркунии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисон дар хориҷа тадбирҳои дақиқ андешад.
5. Вазорати таълими халқ, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Академияи илмҳо ва Вазорати рушди инноватсионӣ дар тӯли се моҳ оид ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии таҳсилоти давомдор аз фанҳои физика ва забонҳои хориҷӣ барномаҳои маҷмӯъгӣ таҳия намоянд, ки инҳоро пешбинӣ менамоянд:
рушди таҳқиқоти илмӣ, таҷдиди назар намудани усулҳои таълими ин фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ, ташкили озмунҳои лоиҳаҳои амалӣ ва инноватсионӣ, такмили фаъолияти ташкилотҳои илмии махсус;
ташкили китобҳои дарсии электронӣ ва курсҳои таълимии насли нав, инчунин афзоиши ҳиссаи машғулоти амалӣ ва интерактивӣ  дар барномаҳои таълимӣ барои ташаккул додани малакаҳои амалӣ дар хонандагон;
ташкили платформаҳои электронӣ оид ба омӯзиши ройгони забон ба мақсади фароҳам овардани имконияти васеъ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ;
ташкили марҳилавии фаъолияти мактабҳои (синфҳои) махсус, таъмини ҳамгироии онҳо бо мактабҳои таълими олӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби омӯзгорон аз кишварҳои хориҷӣ.
6. Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш якҷоя бо Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ дар муддати се моҳ барномаи чораҳои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Бозиҳои IV тобистонаи осиёии наврасон дар Ӯзбекистон дар соли 2025 таҳия намоянд ва дар он инҳоро ба назар гиранд:
оид ба  натиҷаҳои омӯзиши объектҳо ва иншоотҳои варзишӣ, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, инфрасохтори логистикӣ, нақлиётӣ ва меҳмонхонавӣ тайёр намудани пешниҳодот оиди таъмири онҳо ё сохтани навҳои он мутобиқи талаботи Шӯрои олимпии Осиё ва федератсияҳои байналмилалии варзиш; 
коркарди нақшаи генералии омодагӣ ба Бозиҳои IV тобистонаи осиёии наврасон бо нишон додани манбаи маблағгузорӣ ва шахси масъул барои ҳар як чорабинии дар он муайяншуда;
муайян кардани марҳилаҳои интихоби намудҳои варзиш, ки ба барномаи Бозиҳои IV тобистонаи осиёии наврасон дохил карда шудаанд ва таҳияи барномаи бозиҳо дар асоси талаботи Шӯрои олимпии Осиё.
7. Бо мақсади беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоӣ:
а) аз 1 июли соли 2021 ба кормандони миёнаи тиббӣ барои дар асоси худкорӣ мустақилона машғул шудан бо «ҳамширагӣ» иҷозат дода шавад;
б) то охири соли 2021 900 ятими бекас — хатмкардагони хонаҳои «Меҳрибонлик», ки ба манзил ниёз доранд, бо манзил таъмин карда шаванд;
Вазорати молия ҳангоми ташаккул додани параметрҳои буҷа барои солҳои оянда ҷудо намудани маблағро барои бо манзил таъмин намудани ятимони бекас — хатмкунандагони хонаҳои «Меҳрибонлик», ки ба манзил ниёз доранд ва кӯдаконе, ки бе парастории волидайн мондаанд, ба назар гирад;
в) дар соли 2021 сохтмони бинои 22 муассисаи таълими томактабӣ, 31 мактаби нав, 16 муассисаи таълими олӣ, 24 объекти нигаҳдории тандурустӣ ва 23 иншооти варзишӣ таъмин карда шавад.
8. Бо мақсади мусоидат ба гирифтани маълумот ва соҳиби касб шудани кӯдакони ниёзманди дастгирии иҷтимоӣ, табобати кӯдакони гирифтори бемориҳои вазнин Фонди дастгирии бачаҳо созмон дода шавад ва аз Буҷаи давлатӣ барои маблағгузории татбиқи мақсадҳои он 100 миллиард сӯм чудо карда шавад.
9. Бо назардошти таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ ва пешниҳодҳои ҷомеаи васеъ то 1 июни соли 2021 таҷрибаи зерин, ки барои дастгирии шахсони маъюбӣ дошта нигаронда шудааст, ҷорӣ карда шавад:
гузарондани таҷрибаи таъмини аҳолии ниёзманд бо маҳсулоти протезӣ-ортопедӣ ва василаҳои офиятиву техникӣ ба низоми додани шаҳодатнома бо фароҳам овардани имконият ба шаҳрвандон барои хариди маҳсулоти протезӣ ва ортопедӣ ва воситаҳои барқарорсозӣ ва техникӣ бо хоҳиши худ аз истеҳсолкунандаи дилхоҳ аз ҳисоби маблағҳо (шаҳодатнома), ки  аз ҷониби давлат дода мешавад;
таъин кардани ногироӣ ба мӯҳлати бемуддат ба шаҳрванде, ки шахси ногиро эътироф шуда,  нуқсҳои анатомӣ, нишонаҳои возеҳи маъюбӣ доранд, бидуни муоинаи иловагӣ барои гирифтани маълумоти клиникӣ ва функсионалӣ.
Вазорати нигаҳдории тандурустӣ дар муддати се моҳ оид ба ташаккули модели нави консептуалии хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ чораҳо андешад.
10. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ҳангоми таъин кардани нафақа ва ёрдампулӣ тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он аз 1 июни соли 2021:
ҳангоми таъин кардани нафақа собиқаи кор дар давраи то соли 2005, вақте ки дар бораи музди меҳнат ва собиқаи корӣ пойгоҳи маълумоти электронӣ бурда намешуд, дар асоси сабтҳои дар дафтарчаи меҳнатӣ дар бораи собиқаи кории шахс ҷойдошта бидуни талаб кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳисоб карда мешавад;
тафтиш ва ситонидани пардохтҳои барзиёд аз рӯи нафақа ва кӯмакпулиҳои дар тӯли се сол ва аз он зиёд  таъиншуда, аз нав ҳисобшуда бекор карда мешавад;
ба шаҳрвандони коркунанда ҳуқуқи ба таври ихтиёрӣ амалӣ намудани пардохти ҳармоҳа аз ҳисоби даромади худии андози иҷтимоӣ барои дар оянда гирифтани таъминоти нафақа ба ҳамсарони бекори онҳо дода мешавад;
нафақа ва кӯмакпулиҳо бо хоҳиши шаҳрванд дар ҷои бақайдгирии доимӣ ё ҷои будубоши муваққатӣ таъин ва пардохт карда мешавад;
ариза барои гирифтани нафақа ва кӯмакпулиҳо ба шакли ғайринақдӣ  аз ҷониби шаҳрвандон дар раванди кушодани кортҳои пластикии бонкӣ дар филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ё дар шакли электронӣ тавассути замимаҳои мобилӣ бидуни муроҷиат ба бахши дахлдори Фонди нафақаи ғайрибуҷавии назди Вазорати молия (минбаъд – Фонди нафақа) расмӣ гардонда мешавад;
ӯҳдадории шахсоне, ки дар шакли ғайринақдӣ нафақа мегиранд, бобати дар ҳар шаш моҳ омадан ба Фонди нафақа, инчунин кормандони масъул — бо баромадан ба маҳалҳо гузарондани мониторинг бо муайян кардани гум шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба нафақа дар асоси маълумоти электронӣ, ки  вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод менамоянд, бекор карда мешавад.
11. Ҳаҷми қарзи барзиёдатӣ то 1 феврали соли 2021, ки дар натиҷаи санҷишҳо оид ба дуруст ҳисоб кардан ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо ошкор карда шудааст, аз ҳисоб бароварда шаванд.
12. Бо мақсади рушди иқтисодиёт, аз ҷумла коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани заминаи рушди дарозмуддати устувори иқтисодӣ:
а) оилаҳое, ки аъзои бекор доранд, аз ҷумла шаҳрвандоне, ки ба «дафтари оҳанин», «дафтари бонувон» ва «дафтари ҷавонон»  дохил карда шудаанд, барои васеъ кардани имкониятҳо барои машғул шудан ба кишоварзӣ:
ҷудо кардани замин аз 0,1 гектар то 1 гектар, аз ҷумла аз заминҳои нав азхудшуда, лалмӣ, майдонҳои замини  истифоданамешуда, барои шуғл варзидан бо кишоварзӣ;
таъмин намудани қитъаҳои замини ҷудошуда бо системаи обёрӣ (чоҳҳои артезианӣ, низоми обёрии қатрагӣ ва ғайра)  ва қувваи барқ;
ҷудо кардани субсидия барои азхудкунии замини пешниҳодшуда (шудгор кардани замин, хариди тухмӣ, ниҳол ва ғ.).
Вазорати кишоварзӣ якҷоя бо Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ то 1 апрели соли 2021 лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ намудани низоми кӯмак ба оилаҳои ниёзмандро барои шуғл варзидан бо кишоварзӣ дар асоси имконот ва самтҳои рушди ҳар як ноҳия тақдим намояд;
б) таҷрибаи ба бекорон, аз ҷумла шаҳрвандоне, ки ба «дафтари оҳанӣ», «дафтари бонувон», «дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, хоҳиши оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолият дар заминаи худкорӣ доранд, ҷудо кардани субсидия ба миқдори то 7 миллион сӯм барои хариди таҷҳизот, асбобҳои кории барои оғози фаъолият зарурӣ  ҷорӣ карда шавад.
 Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ якҷоя бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати молия ва Вазорати дастгирии маҳалла ва оила дар давоми ду моҳ дар бораи механизмҳои нави ҷалби афроди бекор ба соҳибкорӣ ва фаъолият дар асоси худкорӣ пешниҳод тақдим намоянд;
в) аз 1 марти соли 2021 барои фароҳам овардани имкониятҳои васеъ дар бахши заргарӣ  аз ҷониби КВ «Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ» тартиби тавассути биржа фурӯши озоди  нуқра ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти заргарӣ ҷорӣ карда шавад.
Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар давоми як моҳ оид ба фурӯши нуқра ба истеҳсолкунандагон тавассути савдои биржавӣ, ташаккули ҳаҷми нуқраи ба биржа гузошташуда ва оқилона муқаррар кардани арзиши ибтидоии маҳсулот таклиф пешниҳод намояд.
13. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 марти соли 2021 то 1 июни соли 2022 дар доираи омммавӣ кардани саёҳати дохилӣ бо тартибе, ки аз ҷониби Девони Вазирон мушаххас шудааст, механизми ҷуброни як қисми харҷҳои зерин барои саёҳат дар сартосари Ӯзбекистон ҷорӣ карда мешавад:
барои боркашонҳои авиатсионӣ – дар ҳаҷми 25 фоизи арзиши билети авиатсионӣ бинобар хатсайрҳои авиатсионӣ дар самтҳои саёҳати дохилӣ;
– барои операторони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёҳӣ – дар ҳаҷми 15 фоизи арзиши билетҳои авиатсионӣ ва роҳи оҳан бинобар саёҳатҳое, ки барои шаҳрвандон ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки мунтазам дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зисту зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин дар ҳаҷми 10 фоизи арзиши маблағҳои хидматҳои ҷобаҷокунӣ (хидматҳои меҳмонхонавӣ), ташкил карда мешаванд. Дар ин маврид ҷуброни як қисми хароҷоти мазкур дар мавриди зист на камтар аз як шаб дар воситаҳои ҷойгиркунӣ, ки дар минтақаҳо ҷогузин шуда, дар онҳо саёҳат амалӣ мегардад, пешниҳод мешавад.
14. Ба мақсади аз байн бардоштани ҳукмфармоӣ  бобати таъмин кардан бо нирӯи барқ ва гази табиӣ, ташаккул додани муносибатҳои бозаргонӣ: 
боҷи гумрукӣ барои воридоти гази моеъ ва ҳуҷҷатҳои рухсатдиҳӣ, ки барои воридоти он талаб карда мешаванд, бекор карда шавад;
то 1 июли соли 2021 «Харитаи амалиёт» бинобар ташаккул додани бозори умумӣ барои истеҳсолгарон ва воридгарон аз тариқи ҷорӣ намудани  механзимҳои бозаргонӣ дар соҳаи таъмин кардани нерӯи барқ ва гази табиӣ кор карда баромада шавад.
Ба Вазорати энергетика супурда шавад, ки коркарди «Харитаи амалиёт»-ро таъмин кунад ва дар давраи аввал, аз 1 августи соли 2021 ҳуқуқи ба корхонаҳои бузург пешниҳодшавандаи хариди нирӯи барқ ва гази табииро дар пояи воридот таҷдиди назар намояд.
15. Чораҳо бобати то 1 июли соли 2021 дар таҷрибаи хидмати давлатии андоз ҷорӣ намудани хидмати низоми электронӣ, ки барои татбиқ намудани ташаккули автоматикии даромадҳо ва хароҷоти хоҷагиҳои фермерӣ имконият фароҳам меоваранд ва ба мақомоти андоз дар пояи раванди «Андозпардоз – кӯмакрасон» фиристода мешаванд, андешида шаванд.
Муқаррар карда шавад, ки дар доираи ба роҳ мондани  фаъолияти хидмати давлатии андоз дар пояи раванди «Андозпардоз – кӯмакрасон» субъектҳои соҳибкорӣ ва хоҷагиҳои фермерие, ки мақоми шахси юридикиро доранду даромадҳояшон дар солҳои гузашта мувофиқи ҳисоботи маълумоти молиявии солона на камтар аз 5 миллиард сӯмро ташкил медиҳанд, ҳуқуқ доранд дар мониторинги андоз иштирок кунанд.
16. Таклифи Девони Вазирон, Вазорати молия ва Палатаи ҳисоб дар бораи такмил додани сохтор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Департаменти назорати давлатии молиявӣ дар низоми Вазорати молия, пешбурди низоми ба тартибандозии хидматҳои аудити дохилӣ, ҳамчунин  чопи рӯшоди маълумот дар бораи тамоми санҷишҳои гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳо маъқул дониста шавад.
Ба Вазорати молия супурда шавад, ки якҷо бо Палатаи ҳисоб кори оид ба куллан дар як моҳ такмил додани низоми назорати давлатии молия ва аудити дохилиро тезонад. 
17. Ба мақсади васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҳангоми такмил додани  тартиби назорати гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти хидмати давлатии гумрук аз 1 июли соли 2021 тартиби зерини татбиқ намудани назорати гумрукӣ муқаррар карда шавад:
ҳамчун таҷриба зина ба зина ба роҳ мондани «ситодҳои гумрукии эълони расмии дури электронӣ»-и ғайритабақавӣ;
идораи масофавӣ нисбати ҷараёнҳои расмикунонии гумрукӣ, куллан коҳиш додани дахолати омили инсонӣ;
ҷорӣ кардани амалиёти назорати умумии онлайн аз тариқи рақамикунонии ҷараёнҳои қайди боркашонҳо, санҷиши ҳуҷҷатҳо, ситондани пардохт барои хидматҳо, татбиқ намудани амалиёти мақомоти ветеренарӣ ва фитосанитарӣ дар сарҳад. 
18. Ба мақсади такмил додани низоми сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии идораи давлатӣ: 
а) дар соли равон, ҳамчун таҷриба ҷорӣ намудани тартиби равона кардани на камтар аз 5 фоизи хароҷот ҳангоми ташаккул додани буҷа бинобар ҳар як ноҳия (шаҳр), ҳар кадом минтақа бо назардошти фикру ақидаи шаҳрвандон барои ҳаллу фасли мушкилоти маҳалла, дар ин маврид эътибори махсус додан ба масъалаҳои дастгирии ҷавонон ва таҳкими саломатии аҳолӣ;
б) дар соли 2021 ба ҳисоби миёна то 15 фоиз кам кардани миқдори кормандони идораи давлатӣ.
Ба Вазорати молия супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани нодорӣ, ҳамчунин дигар идораҳои манфиатдор то 1 марти соли 2021 пешниҳод кардани лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъмин кунад, ки чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
коҳиш додани идораҳои такрорӣ, вазифа ва монеъаҳои бюрократӣ дар идоракунӣ, миқдори ҷамъомадҳои иловагӣ;
муносиб кардани воҳидҳои штатӣ, ки тӯли солҳои зиёд холӣ буданд;
таҷдиди назар кардани ҷараёнҳои корӣ аз ҳисоби ба сектори хусусӣ додани баъзе вазифаҳои давлатӣ, коҳиш додани рухсатнома ва ҳуҷҷатҳои дорои характери иҷозатномавӣ, автоматиконии ҷараёни супурдани онҳо;
соддатар кардани ҷараёнҳои қабули қарор дар фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо;
ихтисор намудани ҷараёнҳои корӣ аз ҳисоби васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ;
ҷорӣ намудани низоми ба нақшадарории кори вазоратҳо дар қисмати ноҳия, шаҳр, деҳот ва маҳаллаҳо;
в) дар доираи куллан такмил додани фаъолияти мақомоти идораи зинаҳои миёна ва поёнӣ:
барои баланд бардоштани самаранокии идораи вилоят, ноҳия, шаҳр ва маҳаллаҳо миқдори кормандон ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо бо назардошти махсусиятҳои минтақа ва ҳаҷми кор муайян карда шавад;
низоми дақиқи бозомӯзонии роҳбарон ва кормандони зинаи поёнӣ ба кори самарабахш дар асоси талаботи нав ва технологияҳои замонавии иттилоотӣ, ҳамчунин мунтазам  баланд бардоштани ихтисоси онҳо ҷорӣ карда шавад;
ба Девони Вазирон супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ бобати куллан такмил додани фаъолияти мақомоти идораи зинаҳои миёна ва поёнӣ чораҳои мушаххас андешад;
г) то охири соли 2021 ихтисор кардани меъёрҳои иловагӣ барои коҳиш додани бори танзимкунӣ ва дараҷаи танзимкунии фаъолияти соҳибкорӣ аз тариқи таҷдиди назар кардани ҳуҷҷатҳои дар амали қонунгузорӣ, аз ҷумла бекор кардани ҳуҷҷатҳои кӯҳна ва аҳамияти худро гум карда, ҳамчунин ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои муқобил таъмин карда шавад.
Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки то 1 майи соли 2021 бобати ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ба роҳ мондани кор бинобар бекор кардани ҳуҷҷатҳои кӯҳна ва ҳуҷҷатҳои қимати худро гумкардаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҳамчунин ба низом даровардани ҳуҷҷатҳое, ки муносибатҳои мушаххасро танзим мекунанд, таклиф пешниҳод кунад;
д) то 1 июли соли 2021 таҷрибаи тайёр кардан ва аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо танҳо аз тариқи низоми махсуси электронии «E-qaror» қабул намудани қарорҳо ба роҳ монда шавад.
Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки дар зарфи се моҳ бобати:
ҷорӣ кардани низоми иттилооти электронии тайёркунӣ, қабул, ҳисобу китоб ва чоп намудани қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо;
истифода бурдани низоми электронӣ, татбиқи он ва дар он таъмин кардани иштироки ҷомеа;
то ба шуури иҷрогарон ва мақомоти манфиатдор расонда додани  қарорҳои қабулшуда ва қаробати онҳо бо пойгоҳҳои дахлдор;
ба роҳ мондани таҷрибаи коромӯзии кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар низоми мазкур;
муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ба амал татбиқ намудани ҳуҷҷатҳое, ки дар низоми электронӣ қабул нашудаанд, ҳамчунин барои қабул кардани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки бидуни экспертизаи ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия қабул шудаанд, таклиф пешниҳод намояд.
19. Ба Вазорати молия супурда шавад, ки аз 1 майи соли 2021 таҷрибаи дар расонаҳои ахбори омммавӣ ва шабакаҳои умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет чоп кардани маълумотҳои зерини молиявиро ҷорӣ кунад:
даромадҳо ва хароҷоти бунёдҳои ғайрибуҷавии мақомоти давлатӣ; 
харидҳои шахсони ҳуқуқӣ бо саҳми давлат дар фонди оинномавӣ (сармояи оинномавӣ) 50 ва фоизи бештар, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ 50 ва фоизи бештари фонди оинномавӣ (сармояи оинномавӣ)-е, ки ба онҳо тааллуқ дорад; 
ҳаҷм ва номи гирандагони субсидия ва грантҳои давлатӣ.
Ба Оҷонсии оид ба аксуламал ба тамаъгарӣ супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ бобати вусъат додани рӯйхати маълумотҳое, ки бояд ошкоро чоп шаванд, аз ҷумла маълумотҳо дар бораи ҳайати тендерӣ ва комиссияҳои озмунӣ, ки дар доираи харидҳои давлатӣ созмон дода мешаванд, лоиҳаҳои сармоявӣ, ҳамчунин дар бораи додани ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти рухсатномавӣ, дар бораи иштирокдорони ҷараёнҳои хариду фурӯши активҳои давлатӣ ва шарикии давлативу хусусӣ, гирандагони имтиёзҳои андоз ва ғайра таклиф пешниҳод кунад.
20. Пешниҳоди Оҷонсии оид ба аксуламал ба тамаъгарӣ дар бораи татбиқ сохтани лоиҳаи «E-Антикоррупсия» маъқул дониста шавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
ташаккул додани «Фахристи электронии муносибатҳо, ки ба коррупсия дахл доранд» бинобар натиҷаи баррасии пешниҳоди аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба аз байн бардоштани омилҳои коррупсиогенӣ, таҳлили амиқ дар қисмати соҳа ва ҷанбаҳо, ҳамчунин баргузор намудани пурсишҳои ҷамъиятӣ ворид гардида;
дар асоси «Феҳристи электронии муносибатҳо, ки ба коррупсия дахл доранд» аз тариқи дар байни коршиносон ва намояндагони идораҳои ҷамоати шаҳрвандон васеъ баррасӣ кардани таклифҳо бинобар решакан кардани ҳар як омили тамаъгарӣ, пеш аз ҳама аз тариқи усулҳои зерин: рақамикунонӣ (навбати электронӣ, ауксион ва дигар усулҳои замонавӣ), таъмин сохтани рӯшодӣ ва назорати ҷамъиятӣ кор карда шавад;
баҳодиҳӣ ва дар пояи омӯхтани фикру ақидаи ҷамъиятӣ чоп кардани натиҷаи чораҳои татбиқшуда ва таъсири онҳо барои аз байн бардоштани омилҳои коррупсиогенӣ.
Ба Оҷонсии оид ба аксуламал ба тамаъгарӣ супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлия дар муҳлати се моҳ лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро кор карда барояд, ки механизмҳои татбиқ кардани лоиҳаи «Е-Антикоррупсия», ҳамчунин барномаи чораҳои маҷмӯиро бобати аз байн бардоштани муносибатҳое, ки ба тамаъгарӣ дахл доранд, пешбинӣ менамояд.
21. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба куллан коҳиш додани монеаҳои бюрократӣ дар муносибатҳои тарафайни аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомоти давлатӣ нигаронида шудаанд, кор карда барояд ва пешниҳод кунад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
вусъат додани ҷанбаҳои хидматҳои давлатӣ барои шаҳрвандон новобаста аз ҷойи қайди доимӣ (муваққатӣ);
ҷорӣ намудани рақами ягонаи идентификатсионие, ки шахсияти шаҳрвандро ҳангоми расондани хидматҳои давлатӣ, иҷтимоӣ ва ғайра тасдиқ мекунад;
унификатсияи ҷараёнҳои қайди давлатии шахсони  ҳуқуқӣ;
аз байн бардоштани амалияи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар шакли коғазӣ бо роҳи ба роҳ мондани муомилаи электронии ҳуҷҷатҳои байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;
ба роҳ мондани амалияи то ба шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ расондани натиҷаи хидматҳои давлатӣ аз тариқи алоқаи почта;
ҷорӣ намудани таҷрибаи шаҳри Қаршӣ бобати таъмин сохтани то ба ҳар як оила расондани  хидматҳо бинобар раванди «марказ-маҳалла-шаҳрванд» аз тариқи марказҳои давлатӣ. 
22. Аз 1 майи соли 2021 тартиби шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътироф намудани шахсони бидуни шаҳрвандӣ (ашхосе, ки шаҳрвандии давлати хориҷиро қабул накардаанд), то 1 январи соли 2005-ум ба Ӯзбекистон омадаанд ва мунтазам дар мамлакат истиқомат мекунанд, ҳамчунин шахсоне, ки дар мамлакат тӯли 15 сол бо хоҳиши худ мунтазам зиндагӣ мекунанд, ҷорӣ карда шавад.
23. Ба мақсади васеъ ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқӣ дар бобати таъмин сохтани ҳуқуқи инсон ва раванди инсонпарварӣ: 
қабул кардани чораҳо бинобар то 1 апрели соли 2021 ба роҳ мондани низоми «зиёрати мониторингӣ»-и ҳар чорякии изоляторҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои пенитенсиалии Ваколатдори Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқҳои инсон (омбудсман) дар мавриди иштироки намояндагони ҷамъиятӣ тавсия дода шавад;
то 1 июни соли 2021 ваколати додани тақдимнома дар бораи иваз кардани ҷазо ба ҷазои сабуктар ва озодкунии шартиву пешакӣ аз муассисаҳои иҷрои ҷазо ба комиссияҳои навтаъсиси инсонпарварӣ гузаронда шавад;
дар соли 2021 то ба 6 адад ҳабсхонаҳо коҳиш дода шаванд.
24. Таклифҳои зерини ҷамоаҳои васеъ маъқул дониста шаванд:
а) барои мувофиқ сохтани фаъолияти асосии хидмати амнияти ҳаракати роҳ баҳри дастгирии шаҳрвандон, ҳамчунин қабул кардани чораҳо бинобар пешгирӣ намудани омилҳое, ки барои тамаъгарӣ шароит фароҳам меоваранд:
ба роҳ мондани баргузоркунии назорати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар пояи раванди эксҳудудӣ ва бекор кардани талаботи гузаронидани санҷиши техникии воситаи нави нақлиёти автомобилӣ;
дар яке аз бахшҳо (шуъбаҳо)-и шаҳрҳои Тошканд ва Нуқус, ҳамчунин марказҳои вилоят татбиқ намудани баргузории қайди давлатии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ба онҳо додани нишонҳои рақами давлатӣ новобаста аз қайди ҳудудӣ бинобар манзили доимии буду боши шаҳрвандон;
дар тамоми бахшҳо (шуъбаҳо)-и ба қайдгириву имтиҳонқабулкунӣ, ҳамчунин дар на камтар аз 20 маркази хидматҳои давлатии қайд (аз ҷумла, иваз кардан ё худ ба ҷойи гувоҳномаи гумшуда) додани гувоҳномаи миллии ронандагӣ новобаста аз ҳудуди қайд бинобар маҳалли зисти доимии шаҳрвандон;
фароҳам овардани имконияти назорати ҷамъиятӣ, аз ҷумла аз тариқи шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет, ҷараёни қабул кардани имтиҳон аз довталаб барои гирифтани гувоҳномаи ронандагӣ;
бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва коҳиш додани фавт дар роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла аз тариқи зина ба зина баланд бардоштани  дараҷаи таъминоти роҳҳои пиёдагардон дар гузаргоҳҳо бо сечароғ (светофор)-ҳои замонавӣ.
Ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шавад, ки дар муҳлати се моҳ  лоиҳаи қарори ҳукуматиро бобати таъмин сохтани чораҳои дар боби мазкур пешбинишуда пешниҳод намояд;
б) то 31 декабри соли 2021 муҳлати амали мораторияе, ки барои буридани навъҳои бебаҳои дарахтон ва ниҳолҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба бунёди давлатии ҷангал дохил намешаванд, дароз карда шавад. Дар ин маврид:
бобати ба сифати ҷуброн барои ҳар кадом дарахт ва ниҳоли буридашуда нишондани 10 ниҳоли қадрас, ки бинобар арзиши худ аз дарахт ва ниҳолҳои буридашуда камӣ надоранд, ҳамчунин парвариши онҳо дар тӯли на камтар аз ду сол, ҳамчунин барои дарахт ва ниҳоли ғайриқонунӣ буридашуда ба шарти нишондани 100  ниҳол ва парвариши онҳо дар тӯли се сол ӯҳдадорӣ ҷорӣ карда шавад;
низоми ҳавасмандгардонии шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ бурида шудани дарахтон ва ниҳолҳоро ошкор кардаанд ё худ собит сохтаанд, ба мақсади пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ барои риоя гардидани талаботи маратория барои буридани навъҳои дарахтон ва ниҳолҳо ҷорӣ карда шавад.
Ба Кумитаи давлатии оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ тартиби ситондани зарари ба муҳити атроф расонидашударо таҷдиди назар кунад ва механизмҳои ҷубронро, ки ба барқароркунии табиат нигаронида шудаанд, васеъ ҷорӣ намояд. 
25. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шавад, ки якҷо бо идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати ду моҳ бобати чораҳои мушаххасе, ки дар соли 2021 ба фаъолкунии ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармоя, илму маърифат, фарҳангу башардӯстӣ ва сиёсӣ, ҳамчунин ба ҷанбаи амният нигаронида шудаанд, аз ҷумла соддатар кардани тартибот барои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва пешниҳоди тарзи махсусу мусоид, таклиф пешниҳод кунанд.
26. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо Маркази «Стратегияи рушд» ва Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш»: 
мониторинги мунтазами ҷараёни татбиқ шудани Барномаи давлатӣ, коркарди тавсияҳо бинобар қабул намудани чораҳои иловагии иҷрои босифат ва саривақтии он;
ҳар моҳ оммавӣ гардондани маълумот дар бораи ҷараёни татбиқ шудани Барномаи давлатӣ, ҳамчунин дар веб-сомонаҳои худ ҷойгир кардани натиҷаҳои онҳо дар шакли нишондодҳои мушаххас ва тағйиротҳои мусбати ба даст даромада шахсӣ, ахбори таҳлилӣ;
ҳар моҳ пешниҳод кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои мониторинг ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
тайёр кардани хулосаҳои иттилоотиву таҳлилӣ, ки ба натиҷаи татбиқшавии Барномаи давлатӣ бахшида шудаанд, чоп ва васеъ паҳн кардани онҳоро ба забонҳои хориҷӣ таъмин кунад.
27. Таклифи палатаҳои Олий Маҷлис ва Девони Вазирон дар бораи амалкарди назорати мунтазам ва саривақтии татбиқшавии Барномаи давлатӣ дар тартиби зерин маъқул дониста шавад:
 Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои депутатҳои халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ дар зарфи даҳ рӯз нақшаи чорабиниҳоро бобати татбиқшавии Барномаи давлатӣ дар ҳудудҳои худ кор карда мебароянд ва ҳар моҳ дар ҷамъомадҳои хеш баррасӣ мекунанд;
Девони Вазирон ҳар моҳ иҷрои Барномаи давлатиро бо иштироки муовинон ва мушовирони Сарвазир аз ҷиҳати танқидӣ муҳокима мекунад, дар ҳар чоряк дар Президиуми Ҳукумат баррасӣ менамояд, ҳамчунин нисбати роҳбарони вазорату идораҳои масъул вобаста ба тадбирҳое, ки саривақт ва пурра иҷро нашудаанд, чораҳои дахлдор меандешад;
палатаҳои Олий Маҷлис дар ҳар чоряк ахбори Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро дар бораи ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ мешунаванд, ҳамчунин бобати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти мазкур пешниҳод тайёр мекунанд;
Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Вазорати адлия ва Палатаи ҳисоб ҳар моҳ иҷрои Барномаи давлатиро назорат мекунад, ҳамчунин бобати таъмин гардидани иҷрои саривақтӣ ва пурраи он чора меандешад.
28. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Пресс-клуби байналхалқӣ инҳоро таъмин намоянд:
дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкурро васеъ маънидод кунанд;
дар бораи ҷараёни татбиқ шудани Барномаи давлатӣ ба ҷомеаи васеъ маълумоти дуруст ва пурраро таъҷилан расонда диҳанд.
29. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонугузорӣ, ки аз  Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад. 
30. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
3 феврали соли 2021.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: