НОҲИЯИ ТОШЛОҚ ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДАД

Соли гузашта ноҳияи мо аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи ривоҷёбии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба минтақаи “сабз” дохил карда шуд.

Соли гузашта ноҳияи мо аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи ривоҷёбии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба минтақаи “сабз” дохил карда шуд. 21 сентябри соли ҷорӣ қарори Девони Вазирон “Дар бораи чораҳои ривоҷи иҷтимоиву иқтисодӣ ва коҳиши камбизоатӣ дар ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2022” мардуми моро хеле рӯҳбаланд намуд. 

Ноҳияи мо сол аз сол аз рӯи истеҳсолу тавлиди маҳсулот ба пешрафтҳо ноил мегардад. Дар он якчанд корхонаи саноатии марбут ба ҷанбаҳои кимё ва нафту кимё фаъолият мекунанд. Ҳамчунин кишоварзону боғпарваронамон маҳсулоти гуногун истеҳсол намуда, ба дастархони мардум пешкаш менамоянд. Парвариши чорво ва парранда низ як ҷанбаи истеҳсолоти моро фаро мегирад. Ҳунармандони мо бо маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳову фестивалҳои зиёд ширкат мекунанд.
Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ҳамеша ба рушду ривоҷи ноҳияи Тошлоқ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад ва ин мардуми моро боз ҳам бештар барои анҷоми корҳои азим даъват менамояд. Ин мусоидат мекунад, ки дараҷаи некӯаҳолӣ ва фаровонии мардуми мо таъмин гардад.
Дар ин рӯзҳои сарди зимистон мо талошҳои худро ба он равона кардаем, ки ба боварии сарвари давлат ва мардуми ноҳия сазовор бошем ва иҷрои нақшаҳои бар дӯш гирифтаамонро бо сарбаландӣ таъмин кунем. Ёдовар мешавам, ки ноҳияи мо соли 1973 ташкил ёфтааст. Ҳоло ноҳияи мо 10 шаҳрак, 88 пункти аҳолинишин, 51 ҷамоатҳои шаҳрвандон ва дастикам 47 ҳазор оиларо муттаҳид намудааст. Теъдоди аҳолӣ 203 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Аз ин шумор бештар аз 42 дарсад дар шаҳракҳо ва қисмати боқимондаи аҳолӣ дар деҳот машғули кору зиндагии худ мебошанд. Зичии аҳолии ноҳия нисбати 1 километри мураббаъ 827 нафар рост меояд.
Соли равон ҳам ба поён мерасад. Ман ҳам соҳибкор ва ҳам ҳоким ҳастам. Ҳарду масъулият маро водор месозад, ки камтар хоб ва камтар истироҳат кунам. Зеро иҷрои вазифа ва рушду ривоҷи ноҳия аз вазифаҳои аввалдараҷаи ман мебошанд. Дар айни ҳол нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулот моро қаноат медиҳанд, вале ин чунин маъно  надорад, ки мо фориғбол шавем ва домани фаъолиятҳоямонро тавсеа набахшем. Ин ҷо аз овардани рақамҳои зиёд худдорӣ меварзам, зеро бароям он муҳим аст, ки натиҷаҳои кори мо мардумро қаноат медиҳанд ё на.
Агар дар бораи соли 2020 маълумот ироа карданӣ бошам, аз он нукта шурӯъ мекунам, ки бар ивази даҳҳо миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ истеҳсол кардем. Дар соҳаи хизматрасонӣ, сохтумони иншоотҳои маъмуриву истиқоматӣ низ ба пешрафтҳои хеле хуб ноил шудем. Ба амал баровардани нақшаҳои зиёдро барномарезӣ карда будем.
 Ба таври мисол, мебоист истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2 триллиону 210 миллиард сӯм,  кишоварзӣ 1 триллиону 396 миллиард сӯм, соҳаи хизматрасонӣ беш аз 270 миллиард сӯм, гардиши мол 380 миллиард сӯм, сохтмон 116 миллиард сӯмро ташкил кунад.
Дар семоҳаи сеюми соли равон нақшаҳои мо аз рӯи истеҳсоли маводи саноатӣ 101,3 дарсад, кишоварзӣ – 103,1 дарсад, ҳаҷми хизматрасонӣ –105 дарсад, сохтмон – 102,4 дарсадро ташкил намуд. Умедворам, ки ҷамъбасти солона аз рӯи истеҳсоли ин маҳсулот низ моро хушҳол мекунад ва дар ин шакке нест.
Ногуфта намонад, ки нақшаи даромади буҷа ба ҷои 129 миллиард сӯм  133,6 миллиард сӯм иҷро гардид. То охири сол ҳаҷми ҷалби маблағҳо барои буҷаи ноҳия ба 145 миллиард сӯм хоҳад расид. Нақшаи соли оянда  ҷалби 158 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
Дар соли равон аз ҳисоби барномаи инвеститсионӣ ва манбаъҳои иловагӣ сохтан, тармим ва реконструксия намудани беш аз даҳ объект мадди назар буд, ки дар арафаи ба анҷом расидан мебошад. Ба ин шумор филиали мактаби рақами 4, мактабҳои рақами 2 ва 39, муассисаҳои таълими томактабии рақами 14, 16, 22 ва 23, шуъбаи ёрии таъҷилии иттиҳодияи тиббӣ, шуъбаи эъмор, Маркази хизматҳои давлатӣ ва як толори варзишӣ дохил мешаванд.
Содироти молу мавод ва маҳсулоти тавлиднамудаи мо аз масъалаҳои муҳими рӯз шуморида мешавад. Барои соли 2020 нақшаи содирот дар тамоми вилоят 688,5 миллион доллари ИМА  пешбинӣ шуда буд. Аз ин ҳисоб 155,5 миллион доллар ба ноҳияи Тошлоқ марбут мебошад. Агар ин рақамҳоро ба ҳисоби фоиз баргардонем, 22,5 фоизро ташкил медиҳад. 
Тибқи нақша содироти маҳсулоти саноат бештар аз 137 миллион доллар, кишоварзӣ беш аз 18 миллион доллар буда, то оғози моҳи декабри соли равон иҷрои он ҳудуди 94,5 миллион долларро фаро гирифтааст. 
Дар ноҳияи Тошлоқ 1 ҳазору 613 субъектҳои хурди бизнес фаъолият мекунанд. Ин субъектҳо ба соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, тиҷорат, ҳамлу интиқоли мавод ва нигоҳ доштани он, хӯрокхӯрӣ, ахбор ва алоқа, тандурустӣ ва хизмати иҷтимоӣ ва амсоли он мутааллиқ мебошанд. 
Мо дар оғози соли равон барномарезӣ карда будем, ки аз рӯи ба ду карат афзоиш додани субъектҳои хурди тиҷорат чораҷӯии зиёд пиёда мекунем. Дар ин муддат тавонистем, ки шумораи ин субъектҳоро ба 369 адад расонем. То охири сол ин рақам боз ба сӣ адад боло хоҳад рафт. Ихтисос додани кредитҳо ва ба соҳибкорон муҳайё намудани шароити созгор, ба ин васила тавсеа бахшидан ба фаъолияти онҳоро низ яке аз вазифаҳои муҳими мо арзёбӣ кардан хеле бамавқеъ мебошад. Дар ин ҷода бонкҳои тиҷоратӣ ба мо кӯмак намуданд ва 47 миллиарду 683 миллион сӯм ба соҳибкорон ба сифати кредит пардохт шуд.
Дар солҳои охир мо ба он ҷиҳати кор таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудем, ки роҳҳои дохилии ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳоро мумфарш кунем. Дар ин замина танҳо соли равон 37 километр роҳҳои дохилии се ҷамоати шаҳрвандонро ҳамвору мумфар намудем. Таъмини сокинони ноҳия ба оби ошомиданӣ низ мувофиқи нақша амалӣ гардид. То ҳол дараҷаи бо оби нӯшокӣ таъмин кардани аҳолии ноҳия 82 дарсадро ташкил мекунад. Дар ин миён 15 километр шабакаи нави оби нӯшокӣ кашида шуд. Шаш километри онро аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ анҷом додем ва шаш километрро ҳомиён ба дӯш гирифтанд. Се километр аз роҳи ҳашар анҷом дода шуд.  
Бештар аз 1 ҳазору 200 хонавода тавассути талошҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Сувтаъминот” бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Соли оянда ба минтақаи Дашти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қуйи Яккатут 1 ҳазору 800 миллион сӯм инвеститсия ҷалб гардид, ки таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокиро мадди назар дорад.   
Барои он ки аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин бошанд, ба таври иловагӣ панҷ трансформатори қавӣ насб намудем. Ба воситаи овезон намудани 258 адад лампаҳои замонавӣ як қатор кӯчаҳоямон чароғон гардиданд. Ҳамчунин се километр шабакаҳои обёриро тармим намудем. Барои он ки аҳолиро бо гази моеъ низ таъмин кунем, талабу дархостҳои онҳоро омӯхтем ва дар ҳамкорӣ бо идораи газтаъминкунӣ ба он муваффақ шудем, ки мардум дар хонаҳояшон барои пухтани хӯрок аз балонҳои гази моеъ истифода кунанд.
Дар айни ҳол сохтмону ба истифода супурдани ҳавлиҳои дорои чаҳор сотих замин, хонаҳои баландошёна бо суръат идома дорад. Соли равон сохтани 7-то хонаи баландошёнаро тарҳрезӣ карда будем. Яке аз ин хонаҳоро бо кӯмакҳои молии Бонки осиёии рушд сохта истодаем. Шаш хонаи дигарро соҳибкорон аз ҳисоби маблағҳои хусусии худ месозанд. Ҳамаи ин сохтмонҳо низ дар арафаи анҷомёбист. Дар он сурат 250 хонавода ба ин хонаҳо мекӯчанд ва бурёкӯбон мекунанд. 
Барои таъмини муҳоҷирони корие, ки дар давраи пандемия ба Ватан баргаштаанд, мониторинг гузаронидем. Маълум шуд, ки 11 ҳазору 836 нафар ба Русия ва кишварҳои дигар рафтаанд ва 3 ҳазору 313 нафари онҳо дубора баргаштаанд. 2 ҳазору 904 нафарро мардон ва қисмати боқимондаи онҳоро занон ташкил медиҳанд.  Бо саъй ва талоши идораи шуғли аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо анқариб 90 дарсади онҳоро ба корҳои гуногун ҷалб кардем. Бархе аз онҳо ба корҳои мавсимӣ ҷалб шуданд ва бархе ба соҳибкории хусусӣ рӯй оварданд. 
Дар айни ҳол коҳиши камбизоатиро шиори худ қарор додаем. Дар ноҳия қарор дар бораи чораҳое барои солҳои 2020-2022-ро қабул кардаем, ки дар баробари ривоҷи иқтисодиву иҷтимоӣ коҳиши камбизоатиро мадди назар дорад. Талош хоҳем кард, ки даромади оилаҳо беш аз пеш афзояд, онҳо аз фазои ҳаёту рӯзгори нав нафас гиранд. 

Абдуқаҳҳор ҶӮРАБОЕВ,
ҳокими ноҳияи Тошлоқ.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: