Бохабар будан аз фармон ва қонунҳои қабулшуда танҳо ба фоидаи шаҳрвандон аст, ки имрӯз на ҳамаи мо чунин қоидаҳои оддиро хуб дарк менамоем.
Тамоилҳои Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026, Қонуни Асосӣ, ки ҳоло лоиҳаи он муҳокима мешавад, гузашта аз ин, саъю ҳаракат ва сиёсати оқилонаи роҳбари давлат аввало ба волоияти қадри инсон нигаронида шудааст. Дар онҳо ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ, сиҳатмандиву озодии ҳар як шаҳрванд эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Ҳифзи сиҳатии аз хурд то куҳансоли мамлакатамон ҳамеша дар мадди назар аст. Сарвари давлатамон аз рӯзи шурӯъи вазифаи роҳбарӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба хусус, фармасевтика эътибори алоҳида дод. Аз ҷумла, рӯйихати дорувори беморони дар шароити амбулаторӣ муолиҷашаванда васеъ гардонда шуд.
Дар мамлакатамон беморони онкологӣ, сил, махав, эндокрин (диабет), рӯҳӣ, бемороне, ки ҷарроҳии протези сарпуши дил ва кӯчонидани узвҳоро аз сар гузаронидаанд, гемодиализ мегиранд, нафақахӯрони якка, ки муҳтоҷи парвариши дигаронанд, иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони бо ӯ баробар ва ғайра ҳуқуқ доранд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон», «Дар бораи фаъолияти фармасевтика ва воситаҳои доруворӣ» ва ҳуҷҷатҳои нормативӣ оид ба «Таъмини дорувориҳои боимтиёз дар амбулатория» аз дорувориҳои барои касалии онҳо пешбинишуда ва бо пешниҳоди мутахассиси соҳа ройгон истифода баранд.
Ба мақсади донистани аз имкониятҳои фароҳамовардашуда то чӣ андоза истифода бурдани шаҳрвандон роҳи поликлиникаи рақами 14-уми ноҳияи Олмазори пойтахтро пеш гирифтем.
Ҳамсуҳбатамон бошандаи маҳаллаи Сагбони ноҳия Бибисоро Аҳадоваро (ному насабаш иваз карда шуд) аз соли 2001 инҷониб бемории фишори баланди хун безобита мекардааст. Баъдтар ба ӯ ташхиси касалиҳои қанд, аритмия ва хурӯҷи дилро гузоштаанд. Азбаски бо бемории диабети қанд ба рӯйихат гирифта шудааст, доруи «Метформин» ба ӯ ройгон дода мешуд. Аммо аз сабаби норасоӣ моҳҳои март, апрел ва майи соли ҷорӣ ин дору ба ӯ дастрас нашудааст.
Ба гуфтаи Б. Аҳадова, солҳои охир касалии меъдаву рӯда низ ӯро азият медодаст. Баъди ташхисгузорӣ ба ӯ доруи «Sakolin»-ро додаанд, ки ба муддати охири истеъмоли он як моҳ монда будааст.
– Табиист, ки ин дору то муддати охир дар дасти ман боқӣ мемонад. Ман хоҳиш мекунам, ки мутасаддиён сари вақт ва дар муддати тӯлонӣ додани доруҳои заруриро таҳти назорат гиранд. То ки чунин ҳолат сабаби асабонӣ шудани бемор нагардад, ҳазорҳо нафар беморон аз он истифода баранд ва баробари ин буҷети давлат низ зарар набинад.
Бояд ёдрас намуд, ки ҳоло мувофиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав беш аз 70 намуди доруворӣ ба аҳолӣ ройгон дода мешавад. Барои ин миқдори маблағи аз давлат ҷудошуда 3 баробар зиёд гардонда шуд. Ҳоло дар саросари мамлакатамон ба беморони диабети қанд доруҳои инсулин ва метформин ва ба 200 ҳазор нафар, ки ба онҳо ташхиси фишори баланди хун гузошта шудааст, доруи эналаприл бепул дода мешавад.
Барои пурзӯр гардондани профилактикаи тиббӣ доир ба пешгирӣ ва саривақт муайян кардани касалиҳои онкологӣ, эндокринологӣ, фишори баланди хун, инсулт, инфаркт ва расонидани кумаки статсионарӣ чораҳои зиёд андешида мешаванд.
Даврон АҲМАД,
ш.ТОШКАНД.