ПИРӮЗӢ МУБОРАК, МЕҲРАНГЕЗ!

Касби омӯзгорӣ касби пуршарафест, ҳар як инсонро устодон раҳнамоянд, маҳз муаллимон равшангари қалби шогирдон мебошанд.

Яке аз чунин омӯзгори фидоии соҳаи таълим Ситораи Азиз мебошад. Ин шахс чандин сол аст, ки дар соҳаи маориф бо шараф меҳнат мекунад ва ба муваффақиятҳои бисёр ноил шудааст. Соли 2019 сазовори нишони сарисинагии «Фидоии таълими халқ» гардидааст. Чандин дарси намунавии муаллима оммавӣ гардидааст.
Ситораи Азиз зодаи Самарқанди бостонӣ, 20 апрели соли 1971 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1978-1988 дар мактаби рақами 14-уми ноҳияи Самарқанд таълим гирифта, дабиристонро бо медали тилло хатм намудааст. Солҳои 1988-1993 дар факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифт.  Бо ҳукми тақдир бо Ҷамшед Нарзуллоеви сурхандарёӣ, ки мавсуф низ дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд, оила бунёд намуда, ҳоло соҳиби 4 нафар фарзанд ва 5 нафар наберагони дӯстрӯ мебошанд. 
Ситораи Азиз аз соли 1994 инҷониб дар мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё ба шогирдон сабақ меомӯзад ва то имрӯз якчанд шогирдонро ба камол расонидааст. 
Яке аз шогирдони пешқадаму фаъол ва соҳибистеъдод, хонандаи синфи 11 «а» Меҳрангез Тошмирзоева мебошад, ки ҳанӯз дар санаи 1 декабри соли 2023 дар озмуни вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, ҳуқуқи иштирок кардан дар озмуни фаннии миқёси ҷумҳуриро ба даст овард.
26 марти соли ҷорӣ бошад, озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар шаҳри Тирмиз баргузор гардид ва дар он Меҳрангез бо 78,9 хол сазовори ҷойи сеюм гардид, дар навиштани иншо соҳиби 34 хол шуда, дар ҳалли тестҳо сазовори 44,9 хол гардидааст.
Меҳрангез Тошмирзоева 18 июли соли 2006 дар маҳаллаи Боғи ободи деҳаи Тиргарони ноҳияи Сариосиё таваллуд шудааст. Оилаи онҳо яке аз оилаҳои фарҳангдӯсту намунавӣ ба ҳисоб меравад. Чунин муҳити оилавӣ ӯро соҳиби илму фарҳанг гардонидааст. 
– Меҳрангез ташнаи дониш аст, – мегӯяд устодаш Ситораи Азиз. – Солҳои 2013 бо айби ду-се нафар зимомдорони давр дар муҳит мактабҳои тоҷикиро бастанд. Мутаассифона, Меҳрангез то синфи 6 дар синфи ӯзбекӣ таҳсил бардоштааст. Агар таълиму тарбияи Меҳрангез аз аввал ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт, бешубҳа ӯ ғолиби мутлақ мешуд. Умед дорам, ки дар оянда ба дастовардҳои аз ин ҳам бузургтар ноил хоҳад гашт.
Ҳини суҳбат роҳбари синфи 11 «а» Собир Ҷобиров низ чунин иброз дошт:
– Меҳрангез яке аз хонандагони аълохон, фаъол буда, бо хушахлоқии худ дар байни ҳамсинфон намунаи ибрат аст. Ман нисбати Меҳрангез гуфтаниам, ки доимо тандурусту солим бошад, ба қуллаҳои баланди илму маърифат бирасад. Ташаккури зиёд мегӯям ба падару модараш, ки чунин фарзандро тарбия кардаанд. Барои ба чунин муваффақиятҳо ноил шудани Меҳрангез хидматҳои устодаш Ситораи Азизро алоҳида таъкид карданиам. Ҳам дар ҷараёни дарс ва ҳам берун аз дарс ба шогирди худ – Меҳрангез меҳри устодона дода, боиси комёбиҳои ӯ гардиданд.
Оре, мо низ бо шумо мефахрем, устоду шогирд! Дар хотима бошад чунин гуфтанием: 
Аё устод, мирам пеши поят, 
Намеарзад ҷаҳон андар баҳоят.
Ҳамон килке, ки бар дастам ту додӣ,
Тамоми умр мегӯяд саноят.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: