«Занги охир» дар мактабҳо

Ҳафтаи охирини моҳи май дар кулли дабистонҳои таълими умумии мамлакат «занги охир» садо дод, ки он натанҳо рамзи хайрбоди шогирдон ба муассисаи таълимӣ, ҳамсабақону устодон, балки даъват ба рӯзи фардост.

Дигар, баъди он хатмкардагонро «мактаби ҳаёт» нигарон аст, ки сабақу имтиҳоноташ боз ҳам ҷиддитаранд.
Аз ҷумла, дар чорабинӣ марбут ба «занги охир»-и дабистони таълими умумии рақами 34-уми ноҳияи Бӯстонлиқ ҳокими ноҳия иштирок ва табрики идонаи Президентро хонда дод. Ба беҳтарин устодону шогирдон ифтихорномаҳои ҳокимияти ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Барномаи бадеӣ-консертӣ ба ҳозирон таассуроти нек гузошт, умре ин лаҳзаҳои нотакрорро фаромӯш намекунем, гуфтанд хатмкунандагон.
Зимнан, дар ноҳия ҷамъ 53 дабистони таълими умумӣ мавҷуд буда, соли равон 2 ҳазору 36 нафар «номаи камол» хоҳанд гирифт. 15 нафар беҳтарин хатмкунандагон пеш аз муҳлат ба муассисаҳои таълими олӣ қабул гардиданд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: