ДАР РОҲИ ХИДМАТРАСОНИИ КАФОЛАТНОК ВА БОСИФАТИ ТИББӢ

Дар мамлакатамон бобати ривоҷ додани низоми ҳифзи тандурустӣ дар асоси талабҳои ҷаҳон ва хидматрасонии кафолатноку босифати тиббӣ ба аҳолӣ ислоҳоти васеъмиқёс ба амал тадбиқ мегарданд.

Дар мамлакатамон бобати ривоҷ додани низоми ҳифзи тандурустӣ дар асоси талабҳои ҷаҳон ва хидматрасонии кафолатноку босифати тиббӣ ба аҳолӣ ислоҳоти васеъмиқёс ба амал тадбиқ мегарданд. Соли гузашта дар соҳа 53 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд ва 167 нафар талабгор дараҷаи илмии доктори фалсафаро аз рӯйи фанҳои тиб ба даст даровардаанд.
Бо чунин суханон оғоз ёфт нишасти матбуотие, ки бо иштироки намояндагони соҳа таҳти мавзӯи «Натиҷаҳои аттестатсияи кадрҳои баландмалакаи илмӣ ва илмию педагогӣ дар соҳаи фанҳои тиб» баргузор шуд. 
Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки бе илму амалиёт ягон соҳа, аз ҷумла, соҳаи тиб пеш намеравад. Дар солҳои охир мутахассисон ва олимони соҳа бисёр корҳоро анҷом доданд. Аз рисолаҳои ҳимояшуда метавон чунин хулосаи илмӣ баровард:
модару кӯдакро бояд ҳимоя кард, саломатии репродуктивии аҳолӣ дар асоси қаробатҷуйиҳои инноватсионӣ такмил дода мешавад; дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ параметрҳои иловаи хӯрокҳо ва меъёрҳои хӯрокхӯрии рӯзона барои онҳо такмил дода шуд; дар асоси ташхисгузории замонавӣ бо усулҳои визуализатсияи информативӣ ва кам расонидани ҷароҳат ба тани бемор онҳо муолиҷа карда мешаванд; усулҳои ташхисгузорӣ ба бемориҳои дилураг, низоми меъдаю рӯда, эндокрин, респиратор, ҷигар, рӯда ва дигар узвҳо дар асоси ташхисгузории саривақтӣ ва технологияҳои замонавӣ такмил дода шуд; схемаи муолиҷаи табақабандӣ ва тартиби яккаи бемориҳо кор карда шуданд; самараи корбурди усулҳои амалиёти ҷарроҳии ноинвазив ва каминвазив асоснок карда шуданд; механизми ба саломатии инсон таъсири салбӣ расондани экология ва истеҳсолот, шароити алиментарӣ ва иқлим муайян карда шуданд, технологияи коҳиш додани таъсири манфии онҳо рӯйи кор омад.
Тадқиқотҳои анҷомдода нишон доданд, ки дар натиҷаи ташхисгузориҳои пешакӣ оқибатҳои номатлуби бемориҳои занон дар давраи ҳомила ва баъди таваллуд ба дараҷаи назаррас кам шудааст, дараҷаи маъюбшавии бемориҳои сутунмӯҳра низ хеле коҳиш ёфтааст. 
Қайд гардид, ки олиму мутахассисон ва тадқиқотчиёни соҳа минбаъд низ, бо назардошти дастовардҳои тибби ҷаҳон, дар пешрафти тибби мамлакат, хидматрасонии кафолатноку босифати тиббӣ ба аҳолӣ ва тадқиқотҳои самарабахши илмӣ фаъол иштирок менамоянд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: