Вохӯрии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Шӯрои сиёсии ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов бо интихобкунандагони вилояти Қашқадарё баргузор шуд.
Вохӯрии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Шӯрои сиёсии ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов бо интихобкунандагони вилояти Қашқадарё баргузор шуд.
Вохӯриро намояндаи боэътимоди номзад ба президентӣ дар вилояти Қашқадарё ва мушовири ҳокими шаҳри Қаршӣ бино ба масъалаҳои занону духтарон Ораста Тошева кушода, суханро ба Баҳром Абдуҳалимов доданд. Ӯ гирдиҳамомадагонро бо барномаи худ батафсил ошно намуд.
Номзад барномаи худро бо назардошти мушкилоти мавҷуда, мақсаду вазифаҳое, ки ҳизб дар пеш гузоштааст ва ақидаи қатъии «Ҳеч кас набояд аз мадди назар дур бимонад» ба интихобкунандагон пешниҳод намуд. Дар ин роҳ ҳар як кор бино ба волоияти қонун бояд ба амал татбиқ гардад. Ӯ изҳор дошт, ки пайгирона идома додани ислоҳотро дар соҳаи сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо ба мақсади асосии худ табдил хоҳад дод.
Иштирокдорони вохӯрӣ ғояҳои пешқадами номзадро, ба хотири рушди Ватан, оиди суръат бахшидани ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои низоми таълим, омода кардани кадрҳои замонавии зеҳнашон баланд, ки аз барномаи пешазинтихоботиаш ҷой гирифтаанд, маъқул донистанд. Қайд гардид, ки самтҳои устувор ва мақсаду вазифаҳое, ки дар барнома омадаанд, ба ғояи сотсиал-демократия, мақсадҳои барномавии ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон ва платформаи сиёсии он пурра мутобиқат мекунанд.
Вазифаҳои дигари барномавӣ низ, мисли ба амал татбиқ намудани ғояи контсептуалии «Оилаи солим — ҷамъияти солим», пурзӯр намудани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии занону духтарон, ноил гардидан ба баробарии гендерӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ба рӯйи об баровардани қобилияту имкониятҳои онҳо ба иштирокдорон писанд омад.
Баҳром Абдуҳалимов дар рафти мулоқот ба суолҳои интихобкунандагон посух дод.
Мадина АЛЛАБЕРДИЕВА,
фаъоли «Ёшлар қаноти»-и ҲСД «Адолат», узви парлумони ҷавонон:
— Аҳамияти барномаи пешазинтихоботии Баҳром Абдуҳалимов — номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҲСД «Адолат» бино ба муҳтавояш дар он аст, ки масъалаҳои басе муҳим, аз қабили вобастагии ислоҳоти сиёсию иқтисодии мамлакат ва таъмини истиқлоли ҳокимияти судӣ дар он таҷассум ёфтаанд.
Ба ҳангоми ошноӣ бо барномаи пешазинтихоботӣ чунин тасаввурот ҳосил мегардад, ки мақсадҳо ва механизми ноил гардидан ба мақсадҳо дақиқ нишон дода шудаанд.
Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҲСД «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов дар Барномаи хеш таҳким бахшидани истиқлолияти кишвар ва иштироки фаъолро дар ислоҳоти бисёрҷанба мақсади асосии худ қарор додааст.
Дар баробари ин, пиёда кардани чорабиниҳо доир ба ислоҳи сохтори таълим, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, барои гирифтани маълумоти олӣ шароит фароҳам овардан ба ҳар як инсон, батамом нест кардани квотаҳои таълим, кафолати таълими ройгон ба донишҷӯёне, ки рейтингашон баланд аст, ба мақсади баланд бардоштани дараҷаи мамлакат бино ба теъдоди маълумоти олидор зина ба зина зиёд кардани квотаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ, ба таври густурда ҷорӣ кардани шакли таълими ғоибона, шабона ва масофавӣ ба мо ҷавонон, ки давлатамон муттакою дороии худ меҳисобад, дари имкониятҳои васеъро боз мекунад.
Ман иштирокдорони гирдиҳамоиро ба дастгирии барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҲСД «Адолат» даъват менамоям.
Вохӯрии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳром Абдуҳалимов бо интихобкунандагони вилояти Бухоро ба вуқӯъ пайваст.
Гирдиҳамоиро намояндаи боэътимоди номзад, раиси шӯрои ҲСД «Адолат» дар вилояти Бухоро Мақсуд Ҳамидов бо суханони ифтитоҳӣ кушод ва иштирокдоронро бо тарҷумаи ҳоли Баҳром Абдуҳалимов ошно намуд. Ба гирдиҳамомадагон видеофилме, ки дар он фаъолияти номзад акс ёфтааст, намоиш дода шуд.
Сипас, номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҲСД «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов мухтасар доир ба ҷараёнҳои сиёсие, ки дар мамлакат рух медиҳанд ва дастовардҳои солҳои минбаъдаи илму фан сухан гуфт.
Номзад дар вохӯрӣ бо интихобкунандагони бухороӣ чанд пешниҳоди хешро доир ба ҷамъияти адолатнок ва давлати адлпарвар ба миён гузошт. Алоҳида эътироф гардид, ки таъмини адолат дар ҳаёти иҷтимоӣ басе муҳим аст.
Сухан аз масъулияти депутатҳо дар назди интихобкунандагону ҳизб, зиёд кардани ҳисоботдиҳӣ, пайвастани фаъолияти онҳо бо ҳаёти халқ ба миён омад. Қайд гардид, ки дар ҳамаи соҳаҳои идораи давлатӣ, хусусан, фаъолияти сохтори судӣ ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, нест кардани коррупсия дар соҳаи таълим вазифаи асосӣ маҳсуб меёбад.
Доир ба ноил гардидан ба ташаккул додани маданияти тиббӣ дар байни аҳолӣ, тарзи ҳаёти солим, пурзӯртар кардани зинаи аввали тиб, пайгирона идома додани корҳо оиди беҳсозии сифати хидмати тиббӣ дар деҳоту маҳаллаҳо, тибқи сохтори «Маданияти тиббӣ» таъмини хидмати баландтехнологии ихтисосонидашуда ба аҳолӣ ибрози андеша карда шуд.
Дар барнома ба ташаккул додани муҳит ва маданияти номуросо будан бо коррупсия дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ҷорӣ кардани сиёсати «Дастони наолуда», таъмини волоияти қонун руйи эътибор гардонда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин росто таъмини адолати иҷтимоӣ, мубориза алайҳи коррупсия, роҳандозии сохтори шаффофи интихоб ва ба кор қабул кардани кадрҳо, пайгирона ба амал татбиқ намудани низоми озмуни ошкоро дар идораи давлатӣ, ки ба иқтидори зеҳнӣ ва фазилатҳои маънавии онҳо баҳо дода тавонад, яке аз усулҳои босамар маҳсуб меёбад. Бояд эътироф кард, ки мубориза алайҳи коррупсия нафақат вазифаи мақомоти давлатӣ ва сохтори ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи тамоми ҷамъият низ мебошад. Биноан, таъкид гардид, ки бояд дар ҷамъият доир ба ташаккул додани муҳит ва маданияти билкулл номуросо будан бо коррупсия чораҳо андешида шавад.
Дар поёни чорабинӣ номзад Баҳром Абдуҳалимов ба суолҳои интихобкунандагони бухороӣ посух дод.
Рауф СУВОНОВ,
фаъоли ҳизб:
— Имрӯз интихобкунандагон бо тарҷумаи ҳол, фаъолият ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҲСД «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов ошно шуданд. Ба сифати роҳбари минтақавии ҳизб барномаи номзад ба Президентиро комилан дастгирӣ мекунам. Бояд алоҳида таъкид намуд, ки самтҳои асосии он ба рушди мамлакат ва некӯаҳволии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Б. Абдуҳалимов ба сифати пешбари нерӯи сиёсӣ, бобати таъмини иштироки фаъоли ҳизб дар ҷараёнҳои ислоҳоте, ки дар кишварамон татбиқ мегарданд, бо ташаббускорӣ, серталабӣ ва кӯшоии худ ба ҳамаамон намунаи ибрат мебошад.
Мехостам, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, ҳама фаъол иштирок намоянд.