БА МАКТАБ ОБ ОМАД

Мегӯянд, ки об аз тилло қимматтар аст.

 Нуктаест баҳснопазир. Бе тилло ҳаёт давом мекунад, ободиву фаровонӣ ҳам мешавад. Обу ҳаёт гуфтаанд. Бе об ҳама чиз ҳеч аст, танҳо хоку санг мемонаду халос...
Имрӯз дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон оби ошомиданӣ намерасад. Ин ҳолат дар баъзе манотиқи кишвари мо низ ба мушоҳида мерасад. Ин гуна вазъият дар деҳаи Сойихурди ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ низ ба мушоҳида мерасид. Мардум аз чоҳҳои дастков, ки 7-12 метр чуқурӣ доранд, истифода мебаранд. Вазъияти мактаби рақами 30-юми деҳа бисёр ногувор буд. Ин ҷо ҳар рӯзи корӣ беш аз 100 нафар толибилм ва наздики 40 нафар омӯзгору хидматчиён ҷамъ меоянд. 
Бо даву този директори мактаб Тангир Раҳмонов ва маъмурияти мактаб аз ҷониби фирмае чоҳи артизанӣ ковонда шуд. Чун лӯла нагузоштанд, чоҳ дер напоид, фурӯ рафт. Вазъият ногувор буд.
Собиқ хатмкардагони мактаб, ки дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият доранд, ташаббусро ба даст гирифтанд. Дар ин ҷараён Шавкат Ғаффоров саҳми беандоза гузошт. Бо ташаббуси ӯ як бригадаи чоҳканҳо аз комбинати кӯҳии Навоӣ бо техникаи замонавӣ ба деҳа омада, бе танаффус дар ду баст 15 шабонарӯз чоҳ кофтанд. Кам не, зиёд не чоҳи артизании 121 метра кофта, лӯлаҳо гузошта шуд. Ҳоло оби тозаи нӯшокии чоҳ натанҳо мактабро таъмин мекунад, балки бошандагони деҳа низ аз он истифода мебаранд.
Бояд таъкид дошт, ба гурӯҳи чоҳканҳо хатмкардаи собиқи мактаби 43-юми деҳаи ҳамсоя  Маҷид Ғафуров роҳбарӣ мекард. Ин ҷавони кордон дар оилаи омӯзгори физикаву математика Салим Ғафуров ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ва муассисаи таълими олӣ дар вазифаҳои пурмасъули комбинат фаъолият дорад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори ҷамоатии 
“Овози тоҷик”.

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: