БОЛОРИ ҶУФТ

(Ҳикоя)

Оғози баҳори сабздоман. Дар осмони нилӣ абрҳои сафеди хирманкардаи бод шино доштанд. Дасти сабзи борон сари сабзҳоро пасу пеш берун мекашид. Садои мешу барраву бузғолаҳои ширмаст домани кӯҳу дараҳоро пур карда буд...
Бобои Амон, баъди қаламчаҳои сафедорро дар лаби ҷӯйи тарафи офтобнишини боғ шинондан, ба кати таги зардолу шишта, ғарқи хаёл гашт: «Исмат ба балоғат расид. Тани танҳо гаштанаш хуб не. Худо хоҳад, ин сафедорҳо болорбоб, ки шуданд, дар гӯшаи боғ аввал барояш хонае рост карда, баъд сарашро ҷуфт мекунад. Соли ман ҳам ба ҷое рафтааст... Эҳ, аҷаб замоне шуд, ҷавонони имрӯза як сангро болои санг гузоранд, ҳаққ мепурсанд. Рӯзгоре бо роҳи ҳашар иморат месохтем. Мардум ба якдигар меҳру оқибат дошт. Дар ёдам, соле баҳораш сербориш омад. Аз кӯҳу дара сел наъразанон меомад. Хонаҳои пасту лоини мардуми деҳаро об шуста фаровард. Ҳама бо роҳи ҳашар ба якдигар кумак мерасонданд. Падарам ҳунарманд буд, девор мебардошт, лой мезад, андова мекард, сангҳои иморатро чунон устокорона мечид, ки корашро дида, талабгораш зиёд мешуд».
Усто Амонро хурду калон мешинохтанд ва ҳурматаш мекарданд. Ба қавле панҷ панҷааш ҳунар аст: хона месозад, аз чӯбу тахта дару тиреза, катҳои нақшдор, гаҳвора месозад, табақ метарошад, даст ба гупписозӣ мезанад, аз химчаҳои бед сабад мебофад, дастгоҳи ресмонбофиаш барои мардум ресмони зиёде бофтаанд. Қариб, ки ба хонаи нави ҳар як бошандаи деҳа дасташ расидааст. Нақшкориҳои ӯро ба сутуну болор ва дари хонаҳои мардум дида, ҳама ангушти ҳайрат мегазиданд. Дар чор фасли сол вақти сархорӣ надорад...
Ин баҳор сербориш омад. Усто як рӯзи офтобӣ вақте дар боғи ғарқи шукуфонаш гашту гузор дошт, чашмаш ба сафедорҳои болорбоб афтод, ки мисли сарбозон саф кашида буданд. «Ҳафтоаш сутунбобанд, боқимондаҳояшон ба болор, васса, дару тиреза ба кор меоянд, – аз дил гузаронд усто. – Бас аст, баъди хонаро буд кардан, ба Исмат фотеҳа медиҳам. Бигузор, касби маро давом диҳад...»
– Ассалому алайкум, усто, – даричаи девори боғро кушода омадани Ҳасани мироб риштаи хаёли ӯро бурид.
– Салом, салом Ҳасанҷон, хуш омадӣ, биё, – гуфт усто бо чеҳраи кушод. – Хубӣ, камнамоӣ? Чанд вақт аст, ки дар тӯю маърака намебинамат?
– Ҳамроҳи кампир дар «Чортоқ» дам гирифта будем, усто. Самандар ба ҳолу ҷонамон намонд, қатӣ рафта як истироҳат карда биёетон гуфт.
– Худо умраша диҳад, Самандар ҷавони бофаросат, – гуфт усто. – Як рӯз пайи коре ба маркази ноҳия рафтанӣ будам, маро ба мошинаш савор карда бурда овард. 
– Усто ин корро барои шумо ҳама мекунад, – гуфт аз рӯйи хоксорӣ мироб, – наздатон пайи ҳоҷате омада будам. Имсол барои Самандар дар  замини назди ҳавлиамон хонае рост карданием. Се набера, келин дорем. Хонае, ки шумо бист сол пеш сохта будед, тангӣ карда истодааст.  
– Мироб, фикру нияти нек дорӣ, – гуфт усто андешамандона. – Вале имсол худам ҳам ба Исмат хона сохтанӣ будам. Наметавонӣ як сол сабр кунӣ? 
– Наметавонам, устоҷон, ҳамсарам бистарист. Мегӯяд: «Дар сари зиндагиам рӯзи нишоти Самандарро бинам, дигар армонам нест».
Усто, баъди муддате ба андеша фурӯ рафтан, гуфт:
– Маро гӯш кун, ин раддаи сафедоронро мебинӣ? Онҳо мегӯянд, ки мо расидаем, усто, моро бурида пӯст кан ва ба болору вассаву сутунҳо ҷудо карда, барои писарат хона соз, вагарна дер мешавад. Сухани онҳоро ба замин намондан лозим. Ба хотири он, ки ҳамсарат бемор асту бояд рӯзи нишоти фарзандашро бинад, аввал мо ҳамроҳи Исмат сафедорҳоро бурида, барои хушк шуданашон дар офтобрӯя мегузорему баъд иморати туро сар мекунем. Чӣ гуфтӣ?
– Ман розӣ, усто, Худо мададгоратон...
***
Холаи Офтоб аз дарвоза даромаду дасторхони лаганддорашро рӯйи кати  сернақш гузошта, ба мақсади нафас рост кардан, ба як лаби он нишаст. Арақи рӯяшро бо остинаш поккунон нафас рост карданӣ буд, ки пасу пеш Исмату Ситора аз дарвоза даромаданд.
– Очам ҳам аз тӯйи дугонаашон омадаанд, – гуфт бо чеҳраи шукуфта Ситора. – Ассалому алайкум, очаҷон, нағз рафта омадед, тӯй хуб гузашт?
– Воалайкум салом, биёетон, нури дидагонам. Тӯй хуб гузашт, хеле байтхонӣ кардем. Вақти духтара баровардан бо як овоз ин байта:
Додош кунад рахташа,
Худо теяд бахташа,
Духтар мерад молаш катӣ,
Амлоку рӯзгораш катӣ...
хонда будем, ки ашки  Соҷидаю духтараш шашқатор  шуд. Шавҳараш ҳам худдорӣ карда натавонист. Албатта, ин ашки шодӣ буд. Ман ҳам кай рӯзи шодии шумоёнро медида бошам? Исматҷон, болорҳои бурида мондаатон хушк шудаанд. Кай ба хонасозӣ сар мекунед? О, ман ҳам мисли дигарон рӯзи хурсандии шумоёнро дида армон шиканам.
– Падарам гуфтанд, ки баъди сохтани хонаи мироб, навбат ба хонаи худамон мерасидааст.
– Падарат инсони хайрхоҳ, аввал ғами дигаронро мехӯрад...
Холаи Офтоб аз занони кайвонӣ, тӯю маъракаҳои мардум бе иштироки ӯ табъи дил намегузаранд. Дар тӯйҳо доира зада, байту ғазал мехонд. Ба шарофати чунин занон эҷодиёти халқ аз даҳон ба даҳон мегузашт...
Ин ҳангом садои тақ-тақи дарвоза баланд шуду баъди «Кист, дароед!» гуфтани Исмат писари хурдии мироб аз дар даромад. Вай баъди салому алейк ба Исмат рӯй оварда гуфт:
– Падарам ва бобои Амон таъин карданд, ки шумо либосҳои кориатонро пӯшида ба хонаамон мегузаштаед. Гап доштаанд... 
Исмат натиҷа гирифт, ки муйсафедон хонасозиро сар карданиянд...
Асоси хона, ки онро аз санг рост карда буданд, тайёр буд. Устою писараш бояд бо усули синҷкорӣ хонаро месохтанд. Барои осон шудани кор онҳо аввал то бегоҳ  чӯбҳоро дар атрофи хона ҷамъ карданд. Субҳи рӯзи дигар кор бо тешаю табар, пойтеша ва арра оғоз ёфт. Дар давоми ду ҳафта сутуну болори хона ба ҳам васл шуданд. Усто дар васл кардани болору сутунҳо мехро ба кор намебурд. Вақти тирезаҳоро шинондан ба устои оянда Исмат гуфт: «Аз ёдат набарор. Аҷдоди дури ману ту тирезаи хонаро аз ним метр баланд намемонданд. Онҳо мехостанд, ки дар ҷойи шишт аз манзараи табиат баҳра баранд. Ҳоло баъзеҳо дар баландии як-якуним метр тиреза мешинонанд, ки одам аз манзараҳои табиати фусункор баҳра бурда наметавонад... Беҳтарин хона хонаи синҷкорӣ аст. Ба заминҷунбӣ тоб меоварад». Дар давоми даҳ рӯз падару писар байни сутунҳои ба ҳам васлкардаро бо хишт пур карда, девори хонаро бо каҳгил андова карданд.  
Вақте болорҳоро монда баромаданд, Исмат ба шумурдан даромад. Понздаҳ болор хобонда шуда буд. Исмат ғайриихтиёр аз падар пурсид: «Барои чӣ болорро тоқ гузоштем?» Бобои Амон гуфт: «Офарин, шогирд. Падару бобоҳои мо аз қадим болори хонаро ҳамеша тоқ гузоштаанд. Болори ҷуфт марди хона аст, зеро марди хона мисли болоре, ки бомро аз фурӯравӣ боз медорад, боми зиндагиро аз фурӯ рафтан нигоҳ медорад. Ман ҳам, ту ҳам ва ҳамаи мардон болори ҷуфти хонаанд.»
Аз ин суханони пандомези падар Исмат ба балоғат расиданашро дарк кард ва бо қувваи дучанд ба кор часпид...
Усто Амон дар бунёди хонаи писар иштироки фаъол надошт. Дастонаш меларзиданд, бо вуҷуди ин ба асо такякунон ба Исмат роҳу равиш нишон медод. Тавре ки мегӯянд: «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро», хонаи чор кас медидагӣ дар боғи усто қад рост кард. Рӯзи бурёкӯбон усто хешони дуру наздик ва калонсолони деҳаро хушу хурсанд қабул кард. Он рӯз ҳеч кас ӯро ин қадар хурсанд надида буд. Вале бегоҳӣ, баъди меҳмононро гусел кардан, аҳволаш бад шуд, баъди ду рӯз бандагиро ба ҷо овард. 
Дар рӯзи ҷаноза дар ҳавлии  усто гӯё замин кафида одам рӯйида буд. Хурду калони деҳ тобути усторо даст ба даст ба китф бардошта, то қабристон бурданд, ки аз муҳаббати самимии онҳо ба марҳум дарак медод...
Исмат, баъди аз назар гузарондани сафедорҳои тарафи офтобшинами боғ, ки худ  шинонда буд, омада ба рӯйи кӯрпачаи кати зери айвон нишаст. Дар гаҳвора кӯдакаш, ки бо эҳтиром номи падарашро ба ӯ гузошта буд, бароҳат хоб мекард. Яке чашмаш ба болорҳои айвон, ки дасти падари устояш ба онҳо расида буд, афтоду ба шумурдан сар кард: як, ду, се, ... нӯҳ, даҳ, ёздаҳ... ва чашмаш ба поин лағжиду ба Амони хурдсол нигариста аз шодӣ садо баланд кард: «Шонздаҳ». Дареғ, ки падари бузургвораш рӯйи «болори ҷуфт»-ро надид...

Саодат РӮЗИЕВА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: