Сафи ҷавонони илмдӯст, аълохон ва боғайрат, ки бо салоҳияти эҷодӣ ва илмии худ аз ҳеч кас кам нестанд, беш аз пеш меафзояд.
Сафи ҷавонони илмдӯст, аълохон ва боғайрат, ки бо салоҳияти эҷодӣ ва илмии худ аз ҳеч кас кам нестанд, беш аз пеш меафзояд. Бахусус, онҳое, ки шарафи мамлакатро дар ҳама гуна соҳа дар арсаи ҷаҳонӣ ҳимоя мекунанд, касро хушнуд мегардонад.
Яке аз ҷавононе, ки аз имкониятҳои дар мамлакатамон фароҳамомада истифода бурда, иқтидори худро намоён месозад, Ривоҷиддин Давлаталиев мебошад.
Ривоҷиддин дар мактаби миёнаи рақами 5-уми ноҳияи Поп таҳсил мегирад ва дар баробари ин, ӯ ба якчанд донишгоҳи бонуфузи ИМА қабул гардид.
– Аз хурдӣ ба забони англисӣ таваҷҷӯҳи хосса доштам, – мегӯяд ӯ. – Вақте Иродааммам дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯқанд таҳсил мегирифт, хурдакак будам. Барои ба хондан зиёд намудани шавқи ман, китобҳои рангоранги суратдорро туҳфа мекард. Баъди ба мактаб рафтан донистам, ки ҳарфҳои китобҳои туҳфакардаи ӯ аз китобҳои дарсии ман фарқ мекунанд. Ба ин забон рағбатам зиёда гардид ва аз аммаам илтимос намудам, ки ба ман омӯзонад. Рафта-рафта омӯхтани забони англисиро ба худ мақсад гузоштам. Муаллимаи забони англисӣ Ирода Қодирова ҳам дар мактаб ва ҳам дар хона машғулоти иловагӣ мегузаронд.
Баробари омӯхтани забон ба таърихи давлатҳои хориҷӣ низ мароқ зоҳир намудам. Математикаро низ ҷиддӣ азхуд мекунам. Бо маслиҳати падару модарам дар Донишгоҳи Moнтана таҳсил гирифтанро лозим донистам.
– Ба оилаи Қодировҳо, ки яке аз оилаҳои намунавии маҳаллаи Чиғаноқ ба шумор меравад, ҳама ҳавас мекунанд. Сарвари оила Тӯйчибойака мутахассиси фанни таърих, Фирӯзаапа бошад, гарчанде хонанишин бошад ҳам, барои тарбияи хуб гирифтан ва дониш андӯхтани фарзандон ғамхорӣ мекунад, – мегӯяд директори мактаб Отабек Матмуродов. – Фарзанди калонии онҳо Сироҷиддин ҳарбӣ, Гуласал муаллимаи фанни забони англисӣ. Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки дар оила муҳити маънавӣ ҳукмфармо аст.
– Чунин рӯзҳоро мо орзу ҳам накарда будем. Ба майдони байналхалқӣ баромаданро тамоман фикр накарда будем, – мегӯяд Т.Қодиров. – Ба бачаҳоям таъкид менамоям, ки аз имконият истифода бурда, ҳар як дақиқаро ғанимат донед. Ҳамчун омӯзгор натиҷаи машғулоти онҳоро таҳти назорат мегирам. Дар мамлакатамон барои дониши амиқ гирифтани фарзандонамон ҳамаи шароит муҳайё карда шудааст. Барои ин ба роҳбари давлат миннатдории бепоёни худро изҳор менамоям. Аз устодони писарам, ки баҳри ташаккули иқтидори ӯ хидмати шоиста намудаанд, миннатдорам.
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.