СУБҲИ УМЕДАШ ДАМИД

Ҳар боре, ки ба зодгоҳам – Варзики бостонӣ ба аёдати волидайну аҳли табор меравам, шоҳиди воқеаҳои фараҳбахшу хотирмон мегардам.

Рӯзгор маро ҳарчанд аз оғӯши ин деҳаи биҳиштосо ба дуриҳо андохт, вале меҳру муҳаббати диёрро аз дили ман кам накард. Дар ҳама ҷо бо сарбаландӣ ва фахр мегӯям, ки ман варзикиям, ҳамдеҳаи Улуғзодаам. 
Дар ҳақиқат, деҳаи Варзик бо фарзандони фарзонаи худ чӣ дар Тоҷикистону чӣ дар Ӯзбекистон маълуму машҳур аст. Яке аз ҳамин гуна фарзандони арзандаи ин деҳа сарояндаи сурудҳои классикӣ, бахусус шашмақом Матлуба Дадабоева мебошад. Ман Матлубаро аз хурдсолияш мешиносам. Бо хоҳари калонаш Туҳфаҷон дугонаи наздик будем. Шодравон модаронамон низ дугона буданд. Вале аз сабаби дурӣ ҳамдигарро кам медидем, зеро онҳо низ дигар дар деҳа зиндагӣ надоштанд. Шавҳари Туҳфаҷон равоншод акаи Сотимхон Инъомхӯҷаеви санъатшинос аз аҳли илм буданду онҳо дар пойтахт зиндагӣ мекарданд. Хайрият, ки вақтҳои охир ба туфайли алоқаҳои мобилӣ ҷӯёи якдигар шудем. 
Ман пас аз солҳои тӯлонӣ Матлубаро дар тӯйи набераҳоям дидам, ки бо ҳамроҳи ҳофизи камназир шодравон Шералӣ Ҷӯраев ҳунарнамоӣ мекард. Вай дигар он духтараки одии деҳотӣ набуд, балки як сарояндаи машҳури баркамол, сазовори эҳтирому эътирофи халқ на танҳо дар ватанамон, балки берун аз он ҳам маълуму машҳур гардида буд. 
Матлуба 5-уми октябри соли 1955 дар оилаи агроном ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 13 – дар яке аз масканҳои таълимие гирифт, ки бо дастпарварони болаёқату соҳибистеъдодаш дар ноҳия мавқеи хос дошт. Бояд тазаккур намуд, ки он солҳо таълим дар мактабҳо бо забони модарӣ ҷараён дошт,  репетитор набуд, лекин ба донишгоҳҳо донишҷӯён хеле зиёд дохил мешуданд. Имрӯзҳо аз ҳамин як деҳаи дурдасти диёр, ки ҳудуди охирини ҷумҳурӣ аст, зеро баъди ин сарҳади Қирғизистони ҳамсоя оғоз меёбад, зиёда аз 35 нафар ходимони илм, номзад, доктор ва профессорҳо ба воя расидаанд, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон кор ва фаъолият доранд. 
Аммо, афсӯс, имрӯз аксарияти падару модарон бар он ақидаанд, ки барои соҳибмаълумот шудани фарзандонашон, дар мактабҳо бояд онҳо ба забони давлатӣ хонанд. Вале аз оқибати он ғофиланд, ки насли оянда аз таърих ва фарҳанги ғанӣ ва адабиёти оламшумули худ, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат андохтааст, бебаҳра мемонанд. 
Ҳини мактабхонӣ Матлуба аллакай бо овози фораму марғуладораш дар тадбиру шабнишиниҳо суруд мехонд ва роҳи минбаъдаи ҳаёти худро қатъӣ муайян карда буд. Соли 1973 мактаби миёнаи тоҷикиро бо баҳои аъло хатм намуд ва ба Институти театр ва санъати рассомӣ дохил шуд. 
Солҳои донишҷӯйӣ дар барномаи шабҳои мақоми филармонияи давлатӣ фаъол иштирок карда, «Ушшоқи Самарқанд», «Насри ушшоқ» ва «Чапандози наво» барин сурудҳои классикиро бо маҳорат иҷро мекард. Дар озмунҳои «Марҳабо талантлар», «Зеҳн», »Куйланг ёш хонандалар» ва «Қизлар давраси» ва тадбиру чорабиниҳо бомуваффақият ҳунарнамоӣ менамуд. Нозукиҳои асрори сарояндагиро аз дарсҳои Артисти халқии СССР Саодат Қобулова ва Арбоби санъати Ӯзбекистон Темур Маҳмудов омӯхт. Пас аз хатми донишгоҳ ӯро ба ансамбли шашмақомхонони ба номи Юнус Раҷабӣ ба кор таклиф карданд. 
Бояд қайд кард, ки тӯю маъракаи бонувони деҳаи мо аксар бе иштироки санъаткорони касбӣ, ансамбл ё дастаҳои ҳунарӣ мегузаранд. Дар маъракаи занон мардон хидмат намекунанд. Дар аксари хонадонҳо ягон намуди асбоби мусиқӣ –  доира, дутор, най ва монанди ин мавҷуд аст. Бо дархости соҳибтӯй яке аз бонувон доираро гирифта, суруди халқиеро сар мекунад, дигарон ҳамовозӣ мекунанд, касе, ки дар дилаш ҳаваси рақсидан дорад, баромада мерақсад. Аксарияти занон доира зада ягон суруди халқиро замзама карда метавонанд. Ҳазлу шӯхӣ мекунанд, то аз хумор баромадан суруд мехонанд, мерақсанд. Пулчаспонию саргардонӣ барин одатҳо нест, агар соҳибтӯй ягон рӯймол ё сачоқчае диҳад, ба дидаҳо молида «моро низ ба тӯй расонад» гӯён дуо мекунанд. Ҳашаму худнамоӣ барин иллатҳо вуҷуд надорад. Маъракаи одӣ, самимӣ ва табиӣ. Аз ғаму ташвишҳои зиндагӣ фориғ мешаванд, истироҳат мекунанд.  
Матлуба ҳам дар ҳамин гуна муҳит ба воя расида буд. 
Ба қарибӣ ба зодгоҳ рафта будам. Гуфтанд, ки Туҳфаҷону Матлуба ҳам барои гузаронидани маъракаи азодории шавҳари хоҳарашон аз Тошканд омадаанд. Бо хоҳаронам барои тасаллият назди онҳо рафтем. 
Ҳарчанд ҳолати азодорӣ буд, суҳбатҳо қӯр мегирифт, ҳеҷ аз дидори якдигар сер намешудем, суханҳои гуфтанӣ поён надошт. Матлуба ҳамон Матлуба буд: ҷони одам, одӣ, хоксор, суҳбаторо, хушмуомила ва аз кибру ҳаво дур. 
Матлуба ба сифати устоду мураббӣ дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро ба шогирдон меомӯзонад. Вай дар Академияи санъати мусиқии миллии ба номи Юнус Раҷабӣ дарс мегӯяд. 
– Унвонҳо ба ман хеле бо интизориҳо муяссар мешуд, даҳсолаҳои зиёд мегузашт. Баъзан нимшӯхию нимҷиддӣ «маслиҳат» медоданд, ки миллатамро дигар кунам, ман бо хандаи талх ҷавоб медодам. Барои унвону мансаб аз миллати худ рӯ гардонданро тасаввур карда наметавонам. Шукри Худо, ки он тирашабҳо гузашту субҳи умед дамид, – меафзояд ӯ.
Соли 2009 дар фестивали «Таронаҳои Шарқ» соҳиби ҷойи аввал ва ҷоизаи Гран-при гардидааст. Бо ордени «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шуд. 
Баҳори соли 1976 Матлуба тақдири худро бо ҳамсабақи худ, ҷавони каттақӯрғонӣ Ҳусан Халилов пайваста буд. Ҳампеша ва ҳамдил буданд. Парвардигор ба онҳо чор духтари дӯстрӯву ҳушмандро насиб гардонд. Фарзандҳо дар зиндагӣ роҳҳои худро интихоб карданд, ҳама соҳибхона, модар ва аҳлона зиндагӣ доранд. Духтари калонӣ дар Душанбе истиқомат мекунад. 
Матлуба чун зани соҳибиродаву вафодор ба ҳурмату эҳтиром лоиқ аст. Шавҳараш солҳои зиёд бемори бистарӣ буд. Парвариш ва нигоҳубини ӯро низ ба дӯш дошт. Пас аз бемории тӯлонӣ ҳамсараш ҷон ба ҷонофарин супурд.  
Зиндагӣ аз сари мо бо талошу такудав, бурду бохт, комёбиву армонҳову норасиданҳо,  шириниву талхиҳояш ноаён мегузарад. Роҳи ҳаёти мо равону якмаром нест. Ба ҳар як нафаси умр шукр мебояд гуфт. Ба қавли шоир Паймон:
Ба ҳар фурсат, ки баҳри зиндагонӣ
 медиҳад фурсат,
Ба ҳар дам к-он бувад пайки бақо, 
шукрона бояд гуфт. 

Иноят ҶӮРАЕВА, 
муаллими собиқадор. 
Ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: