Дар бораи ҳусни оғози ин ҷашнвора муштариёнамон хабар доранд.
16-18 июн атрофи ёдгории таърихиву меъмории «Арк» намуди хосу идонаеро касб менамуд. Ҳарчанд ҳавои гарми тобистон шиддат мегирифт, рӯзона ба ин ҷо пиру барно мешитофтанд ва кӯчаву хиёбонҳо аз мавҷи онҳо лабрез мегардид. Растаҳои зиравор ва атласу адрас, маводу маҳсулоти гуногуни ҳунармандони соири вилоятҳои ҷумҳурӣ онҳоро ба канор мекашид.
Дарвоқеъ, ин ҷашнвораи байналмилалӣ теъдоди зиёди сайёҳонро аз вилоятҳои кишвар ва гӯшаву канори ҷаҳон низ ба худ ҷалб карда буд. Бемуҳобот, он ҳамзамон ба намоишгоҳи бузурги ҳунармандии миллӣ, фарҳангиву тиҷоратӣ табдил ёфт, ки метавон гуфт, ҷиҳати тарғиби арзишҳои милливу фарҳангии мардуми мо, рушди ҳунармандӣ ва сайёҳӣ хеле нақши муассир мебозид.
Ширкати рассомону ҳунармандон, кулолгарон, абрешимчиён, зардӯзону бофандагон, маҳсули дастони мӯъҷизаофари худро ба меҳмонони ҷашнвора пешкаш намуда буданд. Маълум шуд, ки дар ҷашнвора беш аз 400 ҳунарманд аз вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат мекунанд. Ҳузури намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои гуногун ба он шукӯҳи бештар мебахшид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи аввали он аз минтақаи «Арк» ба сӯи «Корвони мӯъҷизаҳо» ва маҷмааи «Лаби ҳавз»-и зери навои карнаю сурнай ва дафу доира роҳпаймоии оммавӣ баргузор гардид. Баъд тантанаҳои шодиёнаи ҷашнвора бо ҳунарнамоии дастаҳои гуногуни фолклориву этнографӣ идома пайдо кард.
– Дар ҷашнвора аз шаҳру вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Қашқадарё, Навоӣ, Намангон, Самарқанд, Сурхондарё, Хоразм, Фарғона ва кишварҳои Афғонистону Туркманистон ҳунармандон ташриф оварда буданд. Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби ҷашнвора баргузории дарсҳои маҳорату малака, ташкили ярмаркаи маҳсулоти гуногун низ барномарезӣ шудаанд, – гуфт ба мухбири «Овози тоҷик» сардори садорати фарҳанг ва туризми вилояти Бухоро Сӯҳроб Бобокалонов.
Ба гуфтаи ӯ рӯзҳои ҷашнвора дар шаҳри Бухоро ҳудуди 10 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳузур доранд. Агар ин ҷашнвора моҳи май баргузор мегардид, сайёҳони зиёд имкон пайдо намекарданд, ки ба таври озод аз ёдгориҳои меъмориву таърихӣ ва фарҳангии шаҳр боздид кунанд.
– Барои ҳамин мо моҳи июнро барои баргузории ҷашнвора муносиб донистем. Зеро теъдоди сайёҳон низ дар шаҳр камтар буда, корҳои барномарезии ҷашнвора бидуни мушкилот баргузор мегарданд, – тавзеҳ дод С. Бобокалонов.
Боздид аз санъати обрӯ (нақ-ши рӯйи об) барои журналистони зиёд хеле мароқангез буд. Гуфта шуд, ки ин навъи санъат дар шаҳри Бухоро пайдо шудааст ва тавассути Роҳи бузурги абрешим аз Эрон ба Туркия роҳ ёфтааст. Ин санъатест, ки рангҳои гуногунро дар об бо мӯйқалам «мепошанд» ва баъд тарҳи гул, нақши инсон, чизҳои абстракт хостаи худро дар рӯи об мекашанд. Баъд коғази сафедро болои он об мегузоранд ва нақши қаблан кашидашуда ба коғаз мегузарад.
Дар маркази зардӯзии «Маликаи Султон»-и Бухоро моро роҳбари он Маҳфуза Султонова истиқбол намуд.
– Медонед, ки Президент барои рушди ҳунармандӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар Бухоро низ ташкил кардани ин марказ ба осонӣ даст дод. Ҳоло дар маркази мо бештар аз сад нафар занону духтарон ба ҳунари зардӯзӣ машғуланд. Ҳамаи он либосҳо, рӯйҷоҳо ва намудҳои дигари маҳсулоти мо маҳз бо дастони ҳамин занону духтарон дӯхта шудаанд, – гуфт М. Султонова.
Вай таъкид варзид, ки бо тақозои сарвари давлатамон соли 2019 барои корхонаи «Маликаи Султон» 8 сотих замин ҷудо карда шуд. Ҳоло ин корхона дар Осиёи Марказӣ низ корхонаи ягонаи бузурги зардӯзӣ муаррифӣ шудааст.
Баъд гурӯҳи занону духтарони корхонаи мазкур барои меҳмонони худ маросими «Саллабандон»-ро намоиш доданд, ки зимни тӯйи арӯсӣ баргузор мегардад ва арӯсро ба ин васила зебу оро медиҳанд.
Гуфта шуд, ки «Мухаммасхонӣ» дар Бухоро аз қадим роиҷ мебошад ва ҳоло низ онро мардуми Бухоро бо кайфияти том давом медиҳанд.
Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи XX ташрифи журналистон ба корхонаи оҳангарии Салим Икромов низ хеле хотирмон буд. Вай аз зумраи ҳамон оҳангарони бухорӣ будааст, ки дар ин ҳунар беназир ва маҳсулоти оҳангариаш харидорони зиёд дорад.
– Ман намояндаи ҳафтуми сулолаи оҳангарони Икромовҳо мебошам. Корхонаи мо дар ин шаҳр тайи солҳои зиёд фаъолият мекунад. Бобову падарам маҳз бо ин ҳунар дар Бухоро ва берун аз он маъруфият пайдо кардаанд. Ҳар як корду шамшер ва ханҷаре, ки ин ҷо мебинед, бо салиқаи хоси оҳангарӣ сохта шудаанд. Ҳар кадоми ин маҳсулот аз фулузоти гуногун тайёр карда шудаанд, ки як қисми онро аз Қазоқистон дастрас мекунем. Барои даста низ чӯби рангҳои гуногун давонидашуда мавриди истифода қарор мегиранд, – мегӯяд С.Икромов.
Шоми сеюм маросими ҷамъбасти ҷашнвора баргузор гардид. Ҳокими вилоят Ботир Зарифов аз ҷамъи меҳмононе, ки барои ширкат дар ин ҷашнвора ба Бухоро омадаанд, ибрози сипос намуд. Вай афзуд, ки баргузории чунин ҷашнвора кайҳост, ки ба ҳукми анъана даромадааст ва минбаъд низ он давом хоҳад кард.
– Шаҳри Бухоро ба номи «Қуббатулислом» ёд мешавад. Он маркази тамаддуни ҷаҳонӣ низ унвон гирифтааст. Солона садҳо ҳазор сайёҳ ба Бухоро ташриф меоваранд ва аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва фарҳангии он боздид мекунанд. Сол аз сол теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба Бухоро меафзояд ва ин ба ҳамон далел аст, ки даҳҳо меҳмонхонаҳои наву замонавӣ ва дорои тамоми шароити созгор сохтаву дар ихтиёри онҳо қарор дода шудаанд. Ошхонаҳо бо таомҳои хушхӯри худ низ таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб менамоянд. Сифати хидматрасонӣ беш аз пеш рӯ ба беҳбуд овардааст, – изҳор намуд Б. Зарифов.
Дар поёни маросим бо ширкати овозхонҳои маъруфи вилоят ва дастаи раққосон галаконсерт баргузор гардид, ки табъи меҳмонон ва мардуми зиёдро болида сохт.
Амрулло АВЕЗОВ,
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбирони
«Овози тоҷик».
БУХОРО.