Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд

  • Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд
  • Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд
  • Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд
  • Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд
  • Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд
  • Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд
  • Низоми нави ҳимояи иҷтимоӣ ба таъмини қадри инсон хидмат менамояд

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 20 феврал ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид, ки дар он вазифаҳои муҳими соҳаи ҳимояи иҷтимоӣ муҳокима гардиданд.

Бинобар моддаи 1 Конститутсияи мамлакат, Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ мебошад. 1 июни соли 2023 фармон дар бораи хидматрасонии сифатноки иҷтимоӣ ва кумак ба аҳолӣ қабул гардида, инчунин Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон дода шуда буд.

Таҳлили амиқи таҷрибаи беш аз 10 мамлакат бо ҷалби коршиносони баландмалака нишон дод, ки низоми мавҷудаи ҳимояи иҷтимоӣ бояд такмил дода шавад, ки дар 30 соли охир ҷиддан тағйир дода нашудааст ва бо тақсим намудани маблағи давлат маҳдуд гаштааст. Ин ба вазъияте оварда расонд, ки қисми аҳолӣ ба кумак одат карда, барои беҳсозии вазъияташ кӯшиш намекард.

Барои мисол, далелҳои бетанаффус пардохтани кумакпулӣ ба шахсони қобили меҳнат ифшо гаштаанд. Ба реабилитатсияи тиббӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба касбомӯзии ногироҳо эътибори бояду шояд дода намешуд.

Президент аҳамияти қатъиян таҷдиди назар намудани системаро таъкид карда, эътиборро ба тақсимоти мақсаднок ва босамари мадади иҷтимоӣ нигаронд.

– Дар ин соҳа ба таври тартиби умумӣ кор кардан мумкин нест. Ба ҳар як кас ба таври алоҳида, ба тақдири ҳар як оила ва одам ба таври  касбӣ бояд бархурд намуд. Агар хидмати иҷтимоӣ дуруст ташкил карда шавад, шаҳрвандони муҳтоҷ ҷойи худро дар ҷамъият ба осонӣ ишғол менамоянд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомад самтҳои бартариноки кор  муайян карда шуда, ба рушди хидмати иҷтимоӣ ва дастгирӣ дар дараҷаи маҳалла эътибори алоҳида нигаронда шуд. Баланд бардоштани шаффофият ва дақиқ омӯхтани эҳтиёҷи аҳолӣ имкон дод, ки рӯйхати мададгирандагон аз нав дида баромада шуда, аз он шахсоне хориҷ карда шуданд, ки даромади суботнок доранд ва ҳамзамон барои ду ҳазор одамони дасттанҳо ва ба парасторӣ эҳтиёҷманд ғамхорӣ зоҳир гардид.

Сарфи назар аз рӯйхати зиёди хидмати иҷтимоӣ, яъне 250 намуди хидмат, аҳолӣ дар ин хусус маълумоти кофӣ надорад.

Бинобар ин аз 1 июн ба тартиби муайян намудани шахсони ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд тағйирот дохил карда мешавад. Маҳакҳои дақиқи тоифаҳои эҳтиёҷмандон таҳия карда шуда, аниқ муайян карда мешавад, ки барои оила чӣ гуна кумак зарур аст.

Роҳандозӣ намудани пурсиши ягона ба намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳамкорӣ бо аҳолӣ имконот ва мушкилоти онҳо муайян карда мешавад, ки ин барои ба вуҷуд овардани «портрети иҷтимоӣ»-и ҳар як оила имконият медиҳад. Мониторинги тағйироти оила, ки пас аз мададрасонӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ба амал оварда мешавад.

Сухан на дар бораи кам кардани таъминоти молиявӣ, балки дар бораи имдод ба шахсон, ки воқиан ба он эҳтиёҷ доранд, ба пайвастани онҳо ба ҷамъият меравад, таъкид шуд дар ҷамъомад.

Тамоми хидмати иҷтимоӣ дар маҳалла марҳала ба марҳала ба ташаккул додани шартномаи хидматҳои иҷтимоӣ гузаронда мешавад. Дар ин сурат хидматрасон ва ҳам гирандаи кумак ӯҳдадориҳои муайянро ба зиммаи худ мегиранд.

Ба рӯйхати кумакгирандагон дар навбати аввал оилаҳои шахсони ногиро, аз парастории волидайн маҳрумгардида, парасторро аз даст дода ва ҳамчунин онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ё худ дигар сабабҳо муддати зиёд қобилияти меҳнатиро аз даст медиҳанд, дохил карда мешаванд. Зимни дохил намудани дигар шаҳрвандон ба «руйхати иҷтимоӣ» нафақат даромади онҳо, балки хароҷоташон низ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Аз 1 октябр ҳама гуна пардохтҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ аз тариқи «харитаи иҷтимоӣ» ба амал оварда мешавад. Соли оянда дар 40 ноҳия марказҳои бисёрвазифаи хидмати иҷтимоӣ барои реабилитатсия, солимгардонӣ ва омӯзиши нигоҳубини ногироҳо роҳандозӣ мегардад.

Дар ҷамъомад ба дастгирии ногироҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд.

Ӯзбекистон соли 2021 ба Конвенсияи ҳуқуқи ногироён ҳамроҳ шуд. Барои корхона ва ташкилотҳое, ки чунин шахсонро ба кор ҷалб мекунанд, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ мегардад.

Аммо бисёр муассиса, кӯча ва истгоҳҳо барои ҳаракати шахсони имконоташон маҳдуд мутобиқ карда нашудааст. Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар мактаб ва коллеҷҳо падару модарон маҷбур ҳастанд, ки фарзандони ногирои худро дар интернатҳои дурдасти махсус ҷойгир намоянд, ки ин ҳам барои оила ва ҳам барои кӯдак хеле мушкил аст.

Аз ин рӯ, минбаъд низоми миллии ягонаи таълим, бо кор таъмин намудан ва ҷалб намудани ногироён ба варзиш ба вуҷуд оварда мешавад. Барои ба вуҷуд овардани муҳити бемамониати таълим ва меҳнати ногироён амалиёти муайян намудани дараҷаи қобилияти меҳнатӣ қатъ карда мешавад. Ногироӣ на аз рӯи беморӣ, балки бо назардошти иқтидори шахс ба ҳаракатҳои мустақил, алоқа ва иштирокаш дар ҳаёти иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.

Дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳо шуъбаҳои реабилитатсияи тиббӣ ташкил карда мешаванд. Номгӯйи воситаҳои протез аз 18 то 30 намуд, маблағе, ки ҷудо карда мешавад, 1,5 баробар зиёд карда мешавад, протезҳо ба таври электронӣ ба амал татбиқ мегарданд. Чунин воситаҳоро дар хона, ба тариқи онлайн ё аз тариқи маркази «Инсон» бо интихоби истеҳсолгари дилхоҳ ба даст овардан мумкин.

Лоиҳаҳои сохтмони бино ва иншоот ҳатман аз назари коршиносон бо назардошти вуҷуд доштани муҳити мусоид барои ногироён гузаронда мешавад. Барои ба вуҷуд овардани муҳити бемамониат дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дар истгоҳ ва чорроҳаҳо чорабиниҳо андешида мешаванд.

Соҳибкороне, ки 50 фоизи кормандонашонро ногироён ташкил менамоянд, имкониятеро соҳиб мегарданд, ки бо фармоишгарони давлатӣ бевосита қарордод имзо намоянд. Чор мактаби махсус ба соҳаҳои саноат вобаста карда мешаванд. Маҳсулоте, ки аз тарафи ногироён дар доираи хонакорӣ ва ҳунармандӣ истеҳсол карда мешавад, аз тариқи заминаи электронӣ фурӯхта мешавад.

Ба вуҷуд овардани Ассотсиатсияи рушди варзиши ногироён муайян карда шуда, онҳо ба варзиши оммавӣ аз маҳалла сар карда ҷалб карда мешаванд. Аҳамияти ба вуҷуд овардани асарҳои бадеӣ, ки шахсони ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷмандро илҳом ва рағбат мебахшад, таъкид гардид.

Инчунин вазифаҳои тарбияи кӯдаконе, ки бе ғамхории волидайн мондаанд, муайян карда шуданд.

Аз ин пас бо масъалаҳои парасторӣ ва шафоат, инчунин корҳои бачагоне, ки бе ғамхории падару модар мондаанд, ходимони иҷтимоӣ дар дараҷаи маҳалла машғул мегарданд. Барои ин комиссияҳо оид ба парасторӣ ва шафоат дар назди ҳокимиятҳо бекор карда мешаванд ва аз 1 август ваколати онҳо ба марказҳои «Инсон» гузаронда мешавад.

Низоми «оилаи махсуси қабулнамудаи фарзанд» барои ба фарзандӣ қабул намудани кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор ҷорӣ карда мешавад. Дар 160 муассисаи махсуси таълимӣ оҳиста-оҳиста гурӯҳҳои ғамхорӣ кушода мешаванд.

Низоми кумак ба ҷавононе, ки аз парастории волидайн маҳрум гаштаанд, инчунин тағйир меёбад. Аз ин бад дастгирӣ дар доираи барномаи «Раҳнамоии ҷавонон» ба чунин ҷавонони то 23-сола зоҳир карда мешавад.

Марказҳои мадади иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба ноболиғон дар низоми Вазорати корҳои дохилӣ ба «Мактаби ҳаёт» табдил дода мешаванд. Онҳо муассисаҳои маҷмӯӣ мегарданд, ки барои мутобиқати иҷтимоии кӯдакони тарбияашон мушкил мадад мерасонанд.

Инчунин низоми пешниҳод намудани манзил ба ятимон ва кӯдакони бепарастор аз нав дида баромада мешавад. Марказҳои «Инсон» руйхати ҷавононеро, ки воқеан ба манзил эҳтиёҷ доранд, тартиб медиҳанд. Қимати манзили пешниҳодгарданда вобаста ба арзиши бозорӣ бо назардошти махсусияти минтақа муайян карда мешавад.

Ба шахсони масъул дар бобати таъмини кӯдакони ятим бо манзил, ки дар навбат ҳастанд, супориш дода шуд.

Таъкид шуд, ки на ҳамаи занон ва кӯдаконе, ки аз зӯроварӣ зарар дидаанд, бо реабилитатсия фаро гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, дар дараҷаи маҳалла низоми алоҳида ташкил карда мешавад. Барои дастгирии модарони ҷавон дар вазъиятҳои мураккаб ва бартарафсозии ятимии иҷтимоӣ хидмати «Хонаи модар» ба вуҷуд оварда мешавад. Ғайр аз ин, дар беморхонаҳои ноҳиявӣ хонаҳои шабонарӯзӣ барои мадади тиббӣ ва психологӣ ба шахсони аз зӯроварӣ зарардида кушода мешаванд.

Дар ҷамъомад Сарвазир, шахсони масъул ва ҳокимон дар бораи нақшаҳояшон бобати ташкили низоми нави кор гузориш доданд.

– Агар мо хоҳем, ки дар ҷамъиятамон адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром ба қадри инсонро таъмин кунем, бояд дар маҳалҳо низоми нави босамарро ба роҳ монем, ниёзмандонро дастгирӣ ва ҳавасманд намоем, – гуфт Президент.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: