Поезди вакуумии Чин рекорди суръатро шикаст

Дар Чин қатораи нави вакуумӣ дар лӯлаи магнитӣ озмуда шуд.

Ҳангоми ворид шудан ба найчаи камвакуум он ба суръати баландтарин барои воситаи нақлиёти навъи худ дар таърих расид - зиёда аз 623 км/соат.

Қитъаи озмоишии дукилометраи найчаи паствакуумӣ, ки ҳоло дарозтарин аст, дар музофоти Шанси сохта шудааст. Фишор дар он аз 0,3 то 0,001 барро ташкил медиҳад ва фишори муқаррарии атмосфера дар сатҳи баҳр тақрибан 1 бар аст, хабар медиҳад "Мир24".

Технология ба он асос ёфтааст, ки дар вакуум муқовимати ҳаво ё тамоси чарх вуҷуд надорад, ки қудратро коҳиш медиҳад ва суръати мошинро суст мекунад. Марҳилаи дуюми лоиҳа 30 маротиба - то 60 километр васеъ кардани хатсайрро дар бар мегирад. Дар он поезд метавонад ба 1000 км/соат суръат гирад, яъне назар ба ҳавопаймо тезтар. Аз ҷиҳати назариявӣ, агар чунин магистрал Пекинро бо Датун (346 километр) пайваст кунад, пас вақти сафар аз 4,5 соати ҳозира ба 30 дақиқа кам мешавад.

Бо вуҷуди ин, коршиносони мустақил шубҳа доранд, ки лоиҳаҳои эҷоди шабакаҳои қаторҳои вакуумӣ муваффақ хоҳанд шуд. Онҳо ниҳоят гаронбаҳо буда, сохтмони садҳо ва ҳатто ҳазорҳо километр қубурҳои мукаммал пушидашударо бо насосҳои доимии вакуумӣ талаб мекунанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: