Мудири кафедраи психология ва психофизиологияи Донишгоҳи федералии Қрим Владимир Павленко мегӯяд, ки дар майнаи инсон аз ҳама гуна компютерҳои муосир, ҳатто аз шабакаҳои компютерии ҷаҳон бештар унсурҳо мавҷуданд.
Дар мағзи сари инсон 200 миллиард нейрон мавҷуд аст ва ҳар кадоми онҳо бо тақрибан 10 000 ҳуҷайраи синопсӣ бо нейронҳои дигар пайвастанд. Барои муқоиса, 200 миллиард нейрон ба шумораи ситораҳои галактика баробар аст, ки дар якҷоягӣ бо синопсҳо ҳисоб карда бароем, ин рақам аз тамоми ситораҳои олами кайҳонии ба мо маълум бештар аст.
Аз ин сабаб, мағзи сари инсон дар ҳоли ҳозир аз шабакаи сунъии нейронии компютерӣ мураккабтар аст.
Аз тарафи дигар, майнаи инсон маҳсули эволютсия аст. Қисми зиёди майнаи мо барои идоракунии ҳаракатҳо, дарёфти озуқаворӣ ва ҳамроҳ масъул аст. Эҳтимол меравад, ки мағзи сари неандерталҳо аз одамони муосир калонтар буданд, зеро ҳаёти онҳо мураккабтар буд.
Имрӯзҳо зиндагии аксари одамон осонтар шуда истодааст ва шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки майнаи одамони муосир хурдтар мешавад. Аммо ҳоло имкони рушди майна назар ба пештара зиёдтар аст. Хулоса ин аст, ки майнаи инсон аз ҳама гуна шабакаи нейронҳои сунъӣ хеле болотар аст.