ОБИ ДАРИ ХОНА ҚАДР НАДОРАД

Ё ЧАРО РАҒБАТИ ҲАМЗАБОНОН БА ТАҲСИЛ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ КАМ АСТ?

Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳар ҷаласаву селектор гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки Ӯзбекистони Нав аз рушду такомули соҳаи маориф ва саъю талоши ҷавононе, ки бо илму маърифати комилан замонавӣ мусаллаҳ гардидаанд, бунёд карда мешавад. Дар ин раванд бо забони модарӣ таҳсил бардоштани ҷавонон дар макотиби таълими ҳамагонӣ ва олӣ низ нақши созанда ва бориз дорад. Маҳз ба ҳамин хотир ва роҳандозии дуруст ба муносибатҳои миллӣ дар Ӯзбекистони Нав барои мо –  тоҷикон як қатор шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки қобили зикр аст. Алалхусус, дар вилояти Сурхондарё ин қазия баръало дида ва ҳис карда мешавад.
Маълум, ки дар вилояти Сурхондарё нуфуси тоҷикон хеле зиёд буда, макотиби тоҷикӣ низ маҳз дар ин ҷо бисёр аст. Дар маҷмӯъ 79 мактаби тоҷикӣ ва тоҷикӣ-омехта фаъолият дорад, ки ин аз се як ҳиссаро дар миқёси ҷумҳурӣ ташкил менамояд. Баъди кушода шудани марзҳои байни кишварҳои ҳамсоя  ҷавонони вилояти Сурхондарё аз ҳама бештар ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул гардиданд. Агар аз соли 1992 танҳо дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз гурӯҳи тоҷикӣ амал мекарда бошад, кунун талабу дархости мардум ба инобат гирифта шуда, дар се даргоҳи илмии ин минтақа гурӯҳҳои тоҷикӣ мутахассис тайёр менамоянд.
Чун ҳарсола дар гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи рус ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз 25 нафар: 5 нафар грант ва 20 нафар шартномавӣ донишҷӯён қабул карда мешавад. Солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки ҳарчанд дар ҳудуди сад нафар (гоҳ кам, гоҳ зиёд) довталабон ҳуҷҷат месупоранду атрофи 25 нафар донишҷӯ оғози таҳсил мекунанд, то соли чаҳорум, яъне, хатми донишгоҳ аз 20 нафар кам ва дар баъзе маврид аз 15 нафар ҳам кам донишҷӯ бахши тоҷикиро хатм мекунад. Масалан, дар соли ҷорӣ танҳо 14 нафар гурӯҳи тоҷикиро хатм намуданд. Яъне, қариб нисфи донишҷӯёни ба гурӯҳи тоҷикӣ қабулгардида муддати чор сол ба факултетҳои дигар хонишашонро табдил медиҳанд, ки ин ҳолати нохуш аст.
Дар соли хониши 2021-2022 дар шуъбаи рӯзонаи равияи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии педагогии Тирмиз низ гурӯҳи нави тоҷикӣ ташкил гардид ва 25 нафар: 5 нафар грант ва 20 нафар шартномавӣ донишҷӯ қабул кард ва дар айни ҳол 23 нафар таҳсилро давом медиҳанд ва муддати ду соли дигар боз чанд нафари дигар албатта, табдили хониш мекунанд.
Дар соли хониши 2022-2023 низ 25 нафар: 5 нафар грант ва 20 нафар шартномавӣ донишҷӯ қабул кард ва бешубҳа миқдори донишҷӯёни ин гурӯҳ ҳам кам хоҳад шуд.  Дар соли хониши 2023-2024 бошад, дар ин равия ба ҷуз ин гурӯҳ дар шуъбаи ғоибонааш низ гурӯҳи тоҷикӣ боз гардид, ки он низ 25 нафар: 5 нафар грант ва 20 нафар шартномавӣ донишҷӯёнро имсол қабул менамояд. Фақат ба ин гурӯҳ ҳамонҳое ҳуқуқи ҳуҷҷат супоридан ва донишҷӯ шуданро дороянд, ки 5 сол собиқаи кории педагогӣ дошта бошанд. Ба шуъбаи рӯзона бошад, ҳама метавонанд ҳуҷҷат супоранд.
Дар ин раванд дар чор гурӯҳи тоҷикии Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав муаммо боз ҳам чигилтар ва ташвишовар. Яъне, дар соли хониши 2022-2023 дар чор равия: таълими томактабӣ; методикаи таълими ибтидоӣ; математика ва информатика; биология гурӯҳҳои тоҷикӣ ташкил карда шуд, ки дар ҳар яке 20 нафарӣ: 5 нафар грант ва 15 нафар шартномавӣ донишҷӯ бояд қабул мекард. Вале мутаассифона, бо вуҷуди расонидани паёму хабарҳои фаврӣ тавассути фейсбуку расонаҳои ахбор ва сомонаҳо аз сабаби кам ҳуҷҷат супоридани довталабон ҷойҳои муқарраршуда пур нашуданд. Дар гурӯҳи таълими томактабӣ 10 нафар, методикаи таълими ибтидоӣ 12 нафар, математика ва информатика 6 нафар ва биология 6 нафар донишҷӯён қабул шуданд. Ростӣ, хеле аламовар аст, ки ҳамзабонон аз имконоти фароҳамомада дуруст истифода накарданд. Ҳол он ки вақти дар макотиби тоҷикӣ дидан намудан ва ёхуд дар суҳбатҳои хосса аз набудани шароит ва ё гурӯҳҳои тоҷикӣ дар макотиби олӣ лаб ба шиква кушодани ҳамзабононро бисёр шунидаем. Ин ба он мемонад, ки чун ташнагон дар саҳрову биёбон вақте ки мемонад, ташнагиро эҳсос мекунаду чун ба лаби дарё расид, ташнагии худро фаромӯш карда, аз он об наменӯшад. Пас аз об баҳра набурдан танҳо айби худи мост. Хуллас, натиҷа ба он оварда расонид, ки ба сабаби кам ҳуҷҷат супоридан дар соли хониши 2022-2023 дар гурӯҳи таълими томактабӣ дар соли хониши 2023-2024 мутаассифона гурӯҳ боз нашуд.
Дар ҳамин маврид як муаммои дигарро низ зикр карда гузаштанием. Чанд соли охир дар фейсбуку расонаҳои ахбор ва сомонаҳо дар хусуси мустаҳкам кардан ё худ ҳифз намудани макотиби тоҷикӣ дар қаламрави Ӯзбекистон бисёр гуфта ва навишта шуд ва дар ин раванд масъалаи оҷилан кушодани боғчаҳои бачагона низ ба миён гузошта шуд. Дар ин хусус муроҷиати ҳамзабонон дар баъзе мавридҳо бо сабаби набудани методика ё худ дастури таълим ва мутахассис қонеъ гардонида ҳам нашуд. Гурӯҳи мазбуре, ки дар соли хониши 2022-2023 кушода шуда буду зуд дар як сол барҳам хӯрд, маҳз ба хотири ҳал намудани ин муаммо набуд магар? Суоли дигаре моро азият медиҳад. Бо вуҷуди ҳастии имконоти фароҳамомада чаро шавқу рағбати ҳамзабонон ба тоҷикӣ таҳсил кардан кам аст?
Чунон ки зикр кардем, дар соли нави хониши 2023-2024 дар гурӯҳҳои тоҷикии Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогӣ гурӯҳи бисёр ҳам муҳими таълими томактабӣ кунун барҳам хӯрда, се гурӯҳи боқимонда аз порсола зиёдтар, яъне 25 нафарӣ: 5 нафар грант ва 20 нафар шартномавӣ донишҷӯёнро қабул мекунад. Ҳоло номаълум аст, ки ба ин гурӯҳҳои тоҷикӣ чанднафарӣ ҳамзабонон ҳуҷҷат супоридаанду то санаи 20 июл боз чанд нафар месупоранд. Ҳоло ҳам фурсат ғанимат аст. Бефарқиро ихтиёр накарда, аз ҳама имконот фаровон истифода бурда, корҳои ташвиқотӣ-тарғиботиро пурзӯр намуда, довталабонро бештар ҷалб созем, то ки ҳуҷҷат супоранду ба шарафи донишҷӯй мушарраф гарданд. Умед мекунем, ки муносибати ҳар яки мову шумо дар ин росто ба ҳалли ин муаммо мусоидат намуда, ҷойҳои муқарраршуда дар гурӯҳҳои мазкур на танҳо холӣ намемонад, балки афзун будани талаботи маънавиамонро ба собит мерасонад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: