ЗАНИ ОТАШҚАЛБ

Намедонистам навиштаи худро дар бораи ин бонуи ҳалиму меҳрубон, инсони далеру равшанзамир, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хӯҷаева аз чӣ оғоз кунам.

Намедонистам навиштаи худро дар бораи ин бонуи ҳалиму меҳрубон, инсони далеру равшанзамир, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хӯҷаева аз чӣ оғоз кунам. Ба ёдам китобҳояшон омад.  Аз ҷевон асарҳояшон – “Тоҷи шараф”, “Матонат”,  “Ризвон эрур Ватан”, “Армуғони Васлӣ”-ро, ки бо сояндаст додаанд, гирифта варақ задам. Ҳар кадоме як олами маънавияту маърифат. Оре, хушбахт аст рӯшанфикре, ки китоб навиштаву китоб чоп кардааст.
Муаллиф китоби “Армуғони Васлӣ”-ро бо як байти худи шоири маърифатпарвари охири асри XIX-чоряки якуми асри XX Васлии  Самарқандӣ  оғоз кардааст, ки аслан мазмуни зиндагии вайро низ ифода мекунад:
Машав ғамгин, шикасте гар туро 
рӯзи нахуст ояд,
Умед аз вопасин кун, баски дер 
ояд- дуруст ояд.
Аммо, мо дар мақола на  аз “шикастҳои рӯзгор”-и ин зани сабур, балки аз нишотҳои зиндагиаш, нақши бузургаш дар журналистикаи тоҷику ӯзбек,  дастовардҳои илмӣ ва сафарҳояш мехоҳем мухтасар ҳарф занем.
Идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” – “Овози тоҷик” даргоҳи муътабари на фақат кормандони ин рӯзнома аст, балки инсонҳои шарифест, ки забону адабиёти тоҷикро азизу гиромӣ  донистаанд. Мегӯянд, ки Мирзо Турсунзодаи шаҳир ҳар вақте ба Тошканд қадам мениҳод, ҳатман ин даргоҳро зиёрат мекард. Худ гувоҳ будам, ки академикҳо Муҳаммад Осимӣ, Ҳабибулло Саидмуродов, Абдулқодир Маниёзов, Собит Ҳабибуллоев, Муҳаммадҷон Шакурӣ, шоирон Гулназар  Мӯъмин Ҳунарпешаи мардумии собиқ Иттифоқ Ҷӯрабек Муродов ва даҳҳо нафар гули сари сабади илму маданияти тоҷик ба ин ҷо ташриф оварда, маҳфил ороста буданд. Мизбонҳо – масъулини таҳририяти рӯзнома низ аз  инсонҳои, ба қавле, оддӣ набуданд, дар соҳаи журналистикаву адабиёт вазни худро доштанд: Кормандони шоистаи маданияти Ӯзбекистон, журналистони номӣ Шавкат Ниёзов, Муҳсин Умарзода, Раҳмат Норов, Авнер Исҳоқбоев,  Қамариддин Шамсиев, Саъдихон Солиев, Ҷонибек Қувноқов, Муҳаммадҷон Қосимов, инсони зиёиву донишманди аз таъриху фарҳанги Эрону Афғонистон бохабар Ҳамид Қиличев ва дигарон. Ҳар кадоми онҳо на фақат таҷрибаи бузурги илмию касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ, балки маданияти баланди инсонӣ ҳам доштанд.
Соли 1983  сарнавишт маро ба ин идораи муътабар овард. То ин дам тӯли ду соли хидмати низомӣ  мақолаҳоям дар саҳифаҳои рӯзнома ба чоп мерасиданд. Яке аз инсонҳое, ки маро дар ин мактаби маърифат хуш пазируфту кӯмаку маслиҳатҳояшро дареғ надошт, хонуми кушодачеҳра ва хушқадду қомат Муайяна Хӯҷаева буд. Шоир Муҳаммадҷон Васфӣ дар тавсифи ӯ аз ҷумла навиштаааст: 
Дар мактаби илму амал аллома 
духтар хонамат,
Азбаски дар ҳар илму фан донотарин 
дар кишварӣ.
Тасвири ҳусну хулқи ту натвон 
кашидан  бо қалам,
«Ҳарчанд васфат мекунам, 
лекин аз он болотарӣ».
Дар аснои кор фаҳмидам, ки Муайянаойтӣ дар Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии АФ Ӯзбекистон дар  мавзӯи “Фаъолият ва эҷодиёти Саидаҳмад Васлии Самарқандӣ”  солҳои зиёд тадқиқот бурда, дар тарҷумаи бисёр дастхатҳои форсии тоҷикӣ ба ӯзбекӣ саҳм гузоштааст. Бо шавҳараш олими соҳаи биология Ғаффор Раҳимов  ду сол  (1970-1972) дар Куба  кору зиндагӣ карда, забони испаниро пурра омӯхтааст. Сипас, дар мактаби ҳизбии Тошканд таҳсил намудааст. Дар он замон ба ин мартабаву мақом на ҳар зан расида метавонист.
Ногуфта намонад, ки падари бузургвораш иштирокдори Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ буд ва дар муҳорибаи Сталинград шаҳид гаштааст.  Сарнавишти падарро Муайянаапа дар очерки “Омадӣ, ҷони падар!”  хеле таъсирбахш  баён кардааст: “Аз комиссариати ҳарбии шаҳри Волгоград бо имзои подполковник Гончаров  мактуб гирифтам: “Падари шумо лейтенанти хурд Ҳоҷӣ Нӯъмон дар қабристони бародарии посёлкаи Майский мадфун аст...” 
Мо дар қабристони бародарии Майский. Дар тахтасангҳои  мармари сиёҳ ному фамилияи шаҳидон навишта шудаанд. Онҳо беш аз 2000 нафар! Ана номи падарам... Дар чашмонам ашк ҳалқа мезад. Гӯё аз қаъри замин садои маҳбубе ба гӯшам мерасид: “Омадӣ, ҷони падар!”...  
Баъди хондани чунин ҳикояву мақолаҳои пуртаъсир кас беихтиёр мегӯяд: журналист бошад, чунин бошад! Оре, ӯ ҳамеша самимона менависад. Лабораторияи эҷодии ин журналист ва олимаи хушсалиқа мавзӯи алоҳида аст.
Мо – чандин нафар ҷавонон аз Муайянаапа дарси одамият, сабақи меҳрубонӣ ба инсонҳо, таҳаммул ва сабру қаноатро омӯхтем. Он хислатҳои инсони матинро омӯхтем, ки худ дар зиндагӣ собит кардааст ва  китоберо ҳам бо номи “Матонат” ба чоп расондааст.
Соли 1984, вақте бинои идораи рӯзнома ба кӯчаи Матбуотчиён, 32 кӯчид, Муайянаапа бо ҳамкасбони ӯзбеки худ  Фарида Абдураҳимова ва Муқаддас Абдусаматова (чанд муддат пештар ба синни мубораки 80 расиданд) метавон гуфт риштаҳои дӯстии  журналистони ду миллатро бо ҳам пайвастанд. Онҳо дар байни гурӯҳи азими хабарнигорон номи “Се атргул”-ро гирифта буданд. 
Муайянаапа бо шоир ва тарҷумони моҳир Ҷонибеки Қувноқ ҳамсол аст, ҳарду соли 1941 ба дунё омадаанд. Бинобар ин бо якдигар “Баробарам” гуфта муомила менамуданд.
Соли 1991 Муайянаапа бо аҳли оила ба зодгоҳи худ шаҳри азизи Самарқанди бостонӣ бо унвони Журналисти шоистаи Ӯзбекистон баргаштанд. Дар он ҷо ба ҳайси хабарнигори вилоятии  рӯзномаи “Овози тоҷик”, зиёда аз он муҳаррир ва барандаи Ширкати телевизиони “Самарқанд-STV”чанд муддат кор карда, ба инкишофи  тележурналистикаи тоҷик дар Самарқанд саҳм гузоштанд. Яъне, дар зиндагии устод  даври нави фаъолияти эҷодӣ сар  шуд. Моҳи июли соли 2011, ҳангоме ки ба ҷашни 70-солагиаш омадем, дар базми пуршукӯҳ гувоҳи он шудем, чӣ андоза хидмати босазо шоистаи эҳтирому эътирофи зиёд гашта буд. Дар ин байн Муайянаапа  амали Ҳаҷро низ адо намуд. Азбаски  наздикон ба Америка мусофират карда буданд, эшон низ ба ИМА сафар намуда, ҷойҳои ҷолиби ин кишварро дида, ба Самарқанди азизаш баргашт. Таассуроти сафар ба китоб ва мақолаҳо кӯчиданд. 
Беш аз 60 соли умри М.Хӯҷаева бо журналистика вобаста аст. Соли 1963  ҳаёти худро бо “Овози тоҷик” пайваста буд.  Чанд рӯз пеш ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ ӯро ҳамчун собиқадори соҳа ба тантанаи расмии  ҳокимияти вилоят даъват карданд. 
Соли гузашта устод низ гирифтори короновирус шуд. Дар хона бистарӣ буд, ҳатто ба салом алек гирифтанаш низ душвор буд. Аммо бонуи боирода, ки ҳаст, ба по хест.  
Ин абёти шоири ҳамсолаш Лоиқ вирди забони ӯст:
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама 
ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку 
бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он 
чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду 
ноомадаш.
Умратон дароз бод, муаллима ва устоди меҳрубон.
 
Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: