ИСТЕҲСОЛОТИ РӮ БАР РИВОҶ

Солҳои аввали истиқлолият то андозае саргум ҳам шудем, мардум худро ба бозор зад, завод ва фабрикаҳо аз фаъолият бозмонданд.

Солҳои аввали истиқлолият то андозае саргум ҳам шудем, мардум худро ба бозор зад, завод ва фабрикаҳо аз фаъолият бозмонданд. Идрок сохтем танҳо ба хариду фурӯши маҳсулоти тайёр, ки асосан аз хориҷ (хусусан, аз Чин) оварда шудааст, мурод ҳосил намешавад.
Бояд ба истеҳсолот рӯй овард...
Батадриҷ корхонаҳои худӣ ба фаъолият сар карданд. Нафақат дар бозорҳои дохилӣ, балки дар бозорҳои берунӣ ҳам ба маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ харидорон ёфт шуданд. Вале маҳз тӯли 3-4 соли охир истеҳсолот суръати тоза ёфт ва он ба боз ҳам мустаҳкамтар гаштани пояҳои иқтисодии мамлакат мусоидат намуд. Пезидент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис барҳақ таъкид сохт, рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби ташкил намудани силсилаи рақобатбардори истеҳсолӣ ва бештар ҷудо кардани миқдори сармоя барои ин мақсадҳо таъмин  хоҳад гашт. 
Алҳол бозори дунё ба бештар аз 50 номгӯи маҳсулоти саноатие, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад, таваҷҷӯҳ дорад, ки ин дар тадқиқоти Донишгоҳи Гарвард муайян гардидааст. Гуфтанием, ҳоло танҳо бо хариди маҳсулоти тайёр аз хориҷ қаноат насохта, худамон  номгӯйи зиёд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунем, ки бо хушсифатӣ ва ба бардоштии худ ҷудо шуда меистад.
Чӣ дар бозорҳои дохилӣ ва чӣ берунӣ молҳо бо тамғаи «Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст» диққати харидоронро ба худ мекашанд.
Ташаббусҳои сектори хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои нав, рушди кооператсия дар ҳамаи соҳаҳои саноат самаранокиро афзун месозанд. Кластерҳои пешомаднок, айни замон, ба афзун сохтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ заминаҳои тоза меофаранд.
Барои рушди иқтисодиёти миллӣ кулли имкониятҳо фароҳаманд. Дар татбиқ сохтани сиёсати сармоявӣ бошад, иштироки давлат коҳиш ёфта, дар ин самт ҳиссаи сармояҳои хусусӣ ва бевосита торафт бештар эҳсосшаванда мегардад. 
Ба баровардани маҳсулоте, ки талаб зиёд аст, диққати алоҳида дода мешавад. «Технопарк»-ҳо воқеъ дар пойтахт ва дигар ҳудудҳо, аз ҷумла, маҳсулоте мебароранд, ки эҳтиёҷ барояшон зиёдтар.
Дар заминаи ҶС «Заводи техникаи Тошканд» арзи ҳастӣ сохтани Технопарк воқеаи муҳим дар ҳаёти иқтисодии пойтахт гардид.
Қарори Президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани кооператсияи саноатӣ ва васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти серталаб» аз 1 майи соли 2019 татбиқи амалии худ ёфта, истеҳсолгарони мо баробари қомат рост кардан ва маҳсулоти хушсифат баровардан эътибори ҳамкорони хориҷиро ба худ кашиданд.
«Rietro Fiorentini» (Италия), «Samsung Electronics» (Корея), «Whirpool» (Чин), «Shanxay Mitsubi lchi» (Чин), «Moss Alliance» (Швейтсария) ва дигар ширкатҳои бонуфузи дунё имрӯзҳо ҳамкорони боэътимоди «Технопарк» мебошанд. 
Ноябри соли 2020 Президент аснои шиносоӣ ба корҳои бунёдгарона дар пойтахт ва фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ аз «Технопарк» дидан кард. Маълум шуд, ки дар муддати кӯтоҳ дар коргоҳ технологияҳои нави инноватсионӣ ҷорӣ ва дар ин ҷо индустрияи замонавӣ  устувор гаштааст.
Пештар лифтҳои манзилҳои бисёрошёна асосан аз хориҷ оварда мешуданд. Ҳоло «Технопарк»-и Яшнобод бевосита онро истеҳсол намуда, ба ивази истифодашавии ускунаҳои худӣ ва маҳаллисозӣ арзиши аслии маҳсулот коҳиш меёбад. Президент дар корхонаи лифт ба дараҷаи локализатсия аз наздик шинос шуд. Дар масъалаи таъмини хушсифатӣ ва истифодаи лифтҳои замонавӣ маслиҳатҳо дод. Пешниҳод намуд барои пешравии корҳо омодасозии кадрҳои салоҳиятнок хеле зарур.
Дар «Технопарк» марказҳои таълимӣ кушода ва ба онҳо мутахассисони таҷрибанок ҷалб карда шуданд.
Хаминро низ таъкид кардан зарур аст, ки соли 2010, вақтҳое, ки заводи авиатсионии Тошканд фаъолият мебурд, соле то 50 миллион доллари ИМА маҳсулот истеҳсол менамуд. Аз он маҳсулоте, ки 30 миллион доллар арзиш дорад, экспорт карда мешуд. Дар вазъи амалӣ гардидани лоиҳаҳо дар соли 2021 бошад «Технопарк» қодир аст соле ба андозаи 520 миллион доллар маҳсулот барорад. Ба хориҷ содир намудани маҳсулот дар андозаи 120 миллион доллар ба нақша дароварда шудааст.
То наздикиҳо ҳамагӣ 3 ҳазор нафар ҷои доимии корӣ дошта бошанд, «Технопарк» соли 2021 тақрибан 6 ҳазору 700 нафарро ба кор таъмин хоҳад намуд. 
Дар «Технопарк» 7 блок дар асоси технологияи инноватсионӣ маҳсулоти мавриди ниёз мебарорад. Аз феврали соли 2020 истеҳсоли ҳисобкунакҳои электронии газ оғоз ёфта бошанд, аз моҳи августи соли сипаришуда истеҳсоли яхдонҳои маишӣ сар шуд. 
Дар вазъи амалӣ гардидани 17 лоиҳа баровардани маҳсулоти мавриди ниёз ва бозоргир ба андозаи 365 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Дар Тошканд ва ҳудудҳои дигар асосан манзилҳои баландошёна барпо мешаванд, ки барояшон лифт зарур.
Бо кашида  шудани хатҳои нави метро ба эскалаторҳо низ талаб меафзояд. Акнун ҳоҷат нест ин гуна маҳсулот аз  хориҷ харид карда шавад. 
Дар «Технопарк» баробари ҳисобкунакҳои электронии газ, барқ ва об, айни замон радиаторҳои гармидиҳанда, маҳсулоти изолятсионӣ, форма ва қолабҳо, насосҳои обӣ, панелҳо барои сохтмон, кондитсионерҳо, қубурҳои мисӣ, фурнитура ва аксессуарҳо ва амсоли онҳо истеҳсол карда мешаванд, ки талабот дар бозорҳо ба ин гуна ашё торафт меафзояд.
Барои омӯхтани таҷриба ва шиносоӣ ба тарзи истеҳсолот ибтидои соли равон аз вилояти Туркистони Қазоқистон намояндагӣ бо роҳбарии ҷонишини ҳокими вилояти зикршуда Мерган Мирзоев ба «Технопарк» ташриф овард. Моҳи феврал бо иштироки раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии  Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, ҳамчунин ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо дар ин ҷо оиди идоракунии сохтори инноватсионӣ анҷуман баргузор гардид. 
Бо шарофати «Технопарк» дар Яшнобод маҳаллаи Алимкент файзи дигар ёфта бошад, ояндаи наздик дар маҳаллаҳои  Хоҷа Учқун, Ҷалойик ва Гулзори ноҳияи Навбунёди «Янги ҳаёт» дигаргуниҳо ба вуқӯъ хоҳанд омад, ки он ҷо низ «Технопарк» барпо ва техникаи индустриявии замонавӣ арзи ҳастӣ менамояд.
«Технопарк» дар «Янги ҳаёт» 210 гектар масоҳатро фаро хоҳад гирифт.
Технопарк дар шаҳри Тошканд самаранокӣ ба бартарии тарзи нави корбариро нишон медиҳад, гуфт Президент. 
Вай дар Муроҷиатнома ба парлумон ҳамчунин изофа кард танҳо дар технопарки шаҳри Тошканд 11 истеҳсолоти замонавии электротехникӣ ба истифода супурда шуда, миқдори умумии онҳо ба 17, шумораи коргарон (истеҳсолгарон) бошад, ба 11 ҳазор расонида мешавад.

М. ШОДИЕВ, 
шореҳи иқтисодии «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: