Клиникаи хусусӣ ба кластери тиббӣ табдил ёфт

  • Клиникаи хусусӣ ба кластери тиббӣ табдил ёфт

Дар тиббиёт ба сектори хусусӣ додани имкониятҳо омили муҳими афзоиши рақобат ва сифат дар ин соҳа мегардад.

Дар вилояти Фарғона 720 муассисаи тиббии хусусӣ мавҷуд аст, ки яке аз онҳо маркази тиббии «Meridian» дар шаҳри Фарғона мебошад.

Президент Шавкат Мирзиёев дар ин ҷо бо шароити фароҳам овардашуда шинос шуд.

Клиника, ки моҳи декабри соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хидматҳои муосири ташхису табобатро пешкаш мекунад. Барои ин дар ин ҷо таҷҳизоти замонавии Олмон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин насб шудааст. Клиника беморхонаи дорои 120 кат дошта, имкон дорад дар як сол 2000 амалиёти ҷарроҳиро анҷом диҳад. Чолиби диккат аст, ки соли гузашта дар назди маркази тиббӣ донишкада кушода шуд. Ҳоло дар он 600 нафар донишҷӯён таълим мегиранд, муаллимони хориҷӣ ҷалб карда шудаанд. Донишҷӯён дар маркази тиббӣ амалиёт мегузаранд.

Ҳамин тариқ, клиникаи хусусӣ ба кластери тиббӣ табдил ёфт, ки марказҳои муосири табобатӣ-диагностикӣ, лабораторияҳо ва донишгоҳро муттаҳид мекунад.

Сарвари давлатамон бо табибон сухбат кард.

 – Таваҷҷуҳи мо ба фароҳам овардани шароит барои тибби хусусӣ худашро сафед кард, аҳолӣ онро хуб пазируфт. Зеро мардуми мо саъй мекунанд, ки хуб зиндагӣ созанд ва дар бораи саломатии худ бештар ғамхорӣ кунанд. Тамоми саъю кӯшиши мо барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ маҳз ба ҳамин – таъмини ҳаёти солиму бароҳати мардум нигаронида шудааст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба Сарвари давлат дар бораи лоиҳаҳои клиника оид ба таъсиси шӯъбаҳои кардиологияи интервенсионалӣ, ҷарроҳии дил, трансплантология ва радиология маълумот дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: