Дар Осорхонаи санъати Бухоро маросими кушодашавии намоиши асарҳои Зебунисо Шарифӣ сурат гирифт.
Ба ин муносибат дар ин ҷо талабагони мактабу литсей-интернат, шогирдони мактаби ҳунарҳои зебою донишҷӯёни донишкадаи педагогӣ, намояндагони марказҳои миллию маданӣ, рассомони бухороӣ, сокинони шаҳру намояндагони ВАО ҷамъ омаданд. Корманди калони илмии музей Обид Мавлонов ба тадбир ибтидо гузошт.
Директори музей Баҳром Насимов, мусаввир Музаффар Абдуллоев ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи касби заҳматталабро интихоб кардани Зебунисо ва фаъолияти эҷодии вай ҳарф заданд.
Дастаи ҳунарии «Мавригӣ» бо роҳбарии Рауф Авезов бо чанд таронаи дилкаш ҷамъомадагонро хушнуд сохт. Сипас ҳама пасу пеш вориди нигористон гардида, ба дидани намунаҳои эҷодиёти Зебунисо Шарифӣ пардохтанд. Асарҳои «Падару модар», «Хешу табор», «Маҳсулоти замини пурсахо», «Расму оин» ва ғайра диққати бинандагонро беихтиёр сӯи худ мекашид. Мо ҳангоми сӯҳбат бо Зебунисо нақшаҳои ояндаашро пурсидем.
– Дар асоси асари Фаридаддини Аттор «Мантиқ-ут-тайр» силсилаи расмҳо офаридан мехоҳам, – ҷавоб дод вай.
Пардаи торикӣ гирду атрофро фаро мегирифт, вале ба нигористон ташрифояндагон идома дошт. Бухороиён метавонанд то 24 декабр аз намоиши расмҳои З. Шарифӣ баҳраманд шаванд.
Асарҳои тасвирии соҳиби медали «Шуҳрат» Зебунисо нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар музейҳои Русия, Қазоқистон, ИМА ва як қатор мамлакатҳои Шарқу Ғарб намоиш дода шуда бошад ҳам, ӯ бори аввал дар шаҳри азизаш Бухоро, ки он ҷо таълиму тарбия гирифтааст, 38-то асар ва этюдҳои худро ба намоиш гузошт.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.