МУКОФОТҲОИ БЕГАЛИБОБО АЗ ДУ МАМЛАКАТ

Эъзоз намудани хотираи диловароне, ки дар роҳи озодии Ватан ҷон фидо кардаанд, хабар гирифтан аз ҳоли падару бобоёни азизамон, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ меҳнат намудаанд, кӯмакҳои моддию маънавӣ расондан ба нурониёне, ки дар ба даст овардани пирӯзии бузург саҳм гузоштаанд, дар диёри мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Эъзоз намудани хотираи диловароне, ки дар роҳи озодии Ватан ҷон фидо кардаанд, хабар гирифтан аз ҳоли падару бобоёни азизамон, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ меҳнат намудаанд, кӯмакҳои моддию маънавӣ расондан ба нурониёне, ки дар ба даст овардани пирӯзии бузург саҳм гузоштаанд, дар диёри мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Дар таҳти ибораи хотира ва қадр эҳтироми бепоён нисбати инсон, ҳаёт, шаън ва қадру манзалати ӯ муҷассам аст. Шукри бисёр, ки мо дар як давраи осоишта умр ба сар мебарем. Хотир – ҷамъ, зиндагӣ – фаровон. Вале набояд лаҳзае фаромӯш кард, ки ин осудагиву фаровонӣ ба ивази чӣ қадар имтиҳон ва машаққату муборизаҳои падару бобоён ба даст омадааст. Дар назди хотираи қурбониёни майдонҳои ҷанг ва ақибгоҳ сари таъзим фуруд овардан, аз ҳоли пиронсолоне, ки дар паси фронт заҳмат кашида ва ҳанӯз дар қайди ҳаётанд, хабар гирифтан ҳам қарз.
Соли равон 76-солагии Пирӯзӣ аз болои фашизмро тантананок ҷашн гирифтем. Ҷанг аз мо хеле дур – дар қисми аврупоии мамлакат ба вуқӯъ пайваста бошад ҳам, сояи онро сарзамини офтобии мо ҳис кард, даҳшатҳояшро аз сар гузаронд.
Дар ибтидои ҷанг Ӯзбекистон наздик 6,5 миллион нафар аҳолӣ дошт. Аз он 1,5 миллион нафар, онҳое, ки ба аслиҳа бардоштан қувваашон мерасид, ба арсагоҳҳои бешафқат сафарбар гардиданд. Аз сафарбаршудагон 500 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг шаҳид шуданд, аксарият маъюбу маҷрӯҳ гардиданд. Бедарак гумшудаҳо низ хеле зиёд.
Агар гӯем, ки фарзандони ин диёр дар он давраи мушкил дар ақибгоҳ низ қаҳрамониҳо нишон додаанд, ҳақиқати таърихист. Яке аз фидоиёни арсаи меҳнат дар солҳои мудҳиши ҷанг Бегалӣ Болтаеви сӯхист, ки ҳоло синнаш ба 93 расида бошад ҳам, ҳанӯз ором нанишаста, пайи ободии диёр ҷидду ҷаҳд мекунад.
Вай соли 1929 дар деҳаи Ҳушёр таваллуд ёфта ва баъди хатми мактаби ҳафтсолаи зодгоҳ дар дабистони таълими умумии рақами 7-уми деҳаи Мулгон таҳсилашро давом додааст. Баъдан барои гирифтани маълумоти олӣ ба Хуҷанд рафт, дар ДДОХ таҳсил гирифт, дар яке аз дабистонҳои ноҳияи Ғарми Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ сохт, баъд тақдир ӯро ба Душанбе пайваст. Солҳои тӯлонӣ дар Вазорати таълими халқ вазифаҳоро ба зимма гирифт. Дар пиронсолӣ ба зодгоҳ баргашт, ба алоқамандони соҳаи таълиму тарбия аз наздик ҳамкорӣ кард, кӯмак ва маслиҳатҳои падарона ва устодонаашро аз онҳо дареғ надошт.
Ӯ ҳоло яке аз «пирони маорифи халқ» дар Сӯх мебошад.
Вақте Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд, бобои Бегалӣ ҳанӯз бачаи хурдсол буд, вале баробари калонсолон дар корҳои хоҷагӣ фидокорона заҳмат кашид.
– Ҷавонон ва мардҳои майдон ҳама ба фронт сафарбар шуда, дар деҳа асосан бачаҳо, занон ва пиронсолон монданду халос. Вале вазъият водор месохт онҳо ба ҷои мардони фронт низ дар саҳроҳо каланд зананд, ҳосили баланд рӯёнанд. Гуруснагиву қаҳтӣ ҳукм меронд дар он даврони пурмушаққат, вале аҳли заҳмат дар ғами худ не, дар ғами таъмин кардани фронт ба озуқа буд, мегӯяд Бегалибобо ва илова мекунад:
– Ғаллаи бо арақи ҷабин рӯёндаамонро ба аробаҳо бор карда, ба ҷои даркорӣ – ноҳияи Бағдод, ки 60-70 километр дурӣ дошт, мефиристодем. Гоҳо лозим меомад аз паси аробаҳо то ноҳияи ҳамсоя пои пиёда равем, то «корвон»-ро аз ҳуҷуми роҳзанҳо ҳимоя созем. Бинобар гуруснагӣ низ зумрае худро ба обу оташ зада, ғоратгарӣ ва хирмандуздӣ менамуданд.
Айни замон диловарони саҳро баробари роҳ нагузоштан ба тороҷ фидокорона меҳнат ва дар таъмини ақибгоҳу фронт бо ғалладону дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз кулли имкониятҳо истифода мебурданд.
Яъне он айёми 
ноором буд,
Киштзорон корзори 
дигаре.
Дар ақибгаҳ ҳар касе 
мезад каланд
Буд гӯё ҷоннисори 
дигаре.
Меҳнат ва муборизаи онҳое, ки дар арсагоҳи дувум – ақибгоҳ ҷонфидоӣ кардаанд, сазовор қадр карда мешавад. Бегалӣ Болтаев якбора ба ду мукофот сазовор гашт, ки Ӯзбекистон ва Русия таъсис намудаанд. Яке медали хотиравии «Иккинчи жаҳон урушидаги Ғалабанинг 75 йиллиги» ва дувумӣ медали ҷашнии «75 лет Победы в Великой Отечественной Войне 1941-1945 гг».
Ба наздикӣ мукофотҳоро аз номи сарони ду давлат ҷонишини вазири мудофиаи Ӯзбекистон Ҳамдам Қаршиев, ҳокими ноҳия Саидбаҳром Саидмуродов ва сардори корҳои дохилии ноҳия Қосимҷон Раҳимбердиев дар вазъияти тантанавӣ супурданд.
Бегалибобо барои қадршиносӣ ба сарони ду давлат изҳори миннатдорӣ кард.

И.ФАЙЗУЛЛОҲ,
вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: