БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР – КАФОЛАТИ БЕҲТАР ШУДАНИ ТАЪЛИМ

Барои инкишоф ёфтани ҳар як соҳа ва афзудани ақлу заковати инсон, бешубҳа, илму фан ва таълим нақши муҳим мебозанд.

Рушди низоми таълим комёбии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҷомеаро таъмин менамояд. Зеро, дар ҷое, ки илму фан нест, дигаргунӣ, пешравӣ ва навсозӣ низ намешавад. 
Имрӯз ҷаҳон бо суръати баланд тағйир меёбад, торафт пеш меравад. Дар  ин даврони зудгузар барои ҳифзи минбаъдаи худ, дарёфти мавқеи хеш дар олам чӣ гуна роҳро бояд интихоб кард? Ба саволи мазкур, тавре ки ниёгони ҷадиди мо таъкид намудаанд, агар: «Ғайр аз илмомӯзӣ наҷоте нест ва наметавонад бошад», – гуфта посух диҳем, айни ҳақиқатро ҳоҳем гуфт. 
Масъалаҳои илму фан ва таълиму тарбия на фақат имрӯзи ҷамъият ва давлат, балки фардои онҳоро низ муайян карда метавонанд. Аз ин рӯ, дар кишвари мо ба ин масъала дар миқёси сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад. Дар ҳар ҷое, ки таълиму тарбияи ҷавонон ба ҳоли худ гузошта мешавад, дар он ҷо, билошак ҷамъият ба таназзул рӯ ба рӯ мегардад. Суханони пурмаъно ва бамантиқи ниёи маърифатпарвари мо Абдулло Авлонӣ «Тарбия барои мо масъалаи ё ҳаёт, ё мамот, ё наҷот, ё ҳалокат, ё саодат, ё фалокат мебошад» тӯли замонҳо қимати худро гум накардаанд ва гум нахоҳанд кард. 
Мо халқе мебошем, ки барои фарзандони худ ва бахту саодати онҳо зиндагӣ мекунем. Ба ин маънӣ тақдир ва ояндаи фарзандонамонро бо эътимод ба дасти устодон, ки онҳоро «чун падар муътабар» меҳисобем, месупорем. Машаққатеро, ки онҳо барои ояндаи дурахшони ҷавонон мекашанду дар ин роҳ нури чашмони худро мебахшанд, наметавон ба чизе қиёс кард, он аз ҳама баҳо болотар аст. Имрӯз ба ҳар дастоварде, ки расидаем, дар замири он машаққати муаллимон, саҳми беназири омӯзгорону устодони меҳрубон низ ҳаст. 
Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки ба наздикӣ аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расид, боз як ифодаи амалии эътибори баланд ба омӯзгорони мамлакат мебошад. Дар ҳуҷҷати мазкур ҳуқуқ, маҷбурият, кафолатҳои асосии фаъолияти омӯзгор, музди меҳнат, рағбатноксозӣ ва ҳифзи иҷтимоии муаллимон муайян карда шудаанд. 
Аз ҷумла, таҳти ҳифзи давлат қарор доштани ҳуқуқҳои омӯзгор, шаъну шараф, қадру қиммат ва обрӯйи ӯ қатъиян мушаххас карда шуд. Бинобар ин қонун ба корҳои ба фаъолияти касбии омӯзгор новобаста ҷалб намудани вай, аз ҷумла ба ободонсозии ҳудудҳо ва корҳои хоҷагии қишлоқ қатъиян манъ карда мешавад.
Аз омӯзгор тақозо намудани ҳисобот ва маълумоти дигар нисбати кору амалҳое, ки ба уҳдадории касбии ӯ тааллуқ надоранд, аз ҷумла талаб кардани ташаккулдиҳии ҳисобот бобати бо шуғл таъмин шудани хатмкунанда низ қатъиян манъ аст. Минбаъд ба зиммаи ӯ гузоштани маҷбурияти харида гирифтани молҳо ва хидматҳо, ба хусус бидуни ризоияти хаттии ӯ нигоҳ доштани маблағаш барои молҳо ва хидматҳо мумкин нест. 
Дар қонуни номбурда барои навиштани рисолаи докторӣ, аёниятҳои дарсӣ ва таълимӣ ба омӯзгор додани таътили эҷодӣ низ пешбинӣ шудааст. Баробари ин ба омӯзгорон барои амалӣ намудани барномаҳои муаллифӣ ва ҷорӣ кардани услуби омӯзиш, истифодаи озодона ва ройгон аз воситаҳои замонавии таълимӣ, марказҳои давлатии захираҳои ахбор, ҳамчунин як қатор имкониятҳои дигар пешниҳод мегарданд. 
Омӯзондан маънои ду карат омӯхтанро дорад. Омӯзгорон мардуми ҷӯё ва ба навгониҳо боэътибор мебошанд. Дар қонун бинобар бозомӯзонии омӯзгорон, такмили ихтисоси онҳо низ навгониҳои муҳим инъикос гардидаанд, ки сазовори эътибор мебошанд. 
Воқеан, агар обрӯю нуфузи омӯзгорону мураббиён бардошта шавад, онҳо мувофиқи меҳнаташон музд гиранд, рағбатнок карда шаванд, бешубҳа,  дар кори таълиму тарбия пешравӣ мешавад, он босифат мегардад. Агар эътибор диҳем, дар давлатҳои мутараққии дунё ҳурмату эҳтиром нисбати омӯзгор хеле баланд мебошад. Зеро танҳо туфайли эътибори зиёд пеш аз ҳама, ба илму фан ва таълим метавон ба пешрафти баланд ва фаровонҳолии ҳаёт муваффақ шуд. 
Чунончӣ, аз императори Ҷопон пурсидаанд, ки асрори рушди бесобиқаи мамлакаташ чист? Ӯ «Ман ба муаллим обрӯйи президент, маоши сарвазир, дахлнопазирии дипломатро додам», – гуфта ҷавоб дода будааст. Дар Итолиё бошад «танҳо роҳи соҳибони се касб тирбанд намегардад: инҳо кормандони соҳаи «ёрии таъҷилӣ», сӯхторхомӯшкунандагон ва омӯзгорон» мебошанд. Дар Англия муаллимонро чун соҳибони касби пуршараф эъзоз мекунанд. 
Мақсад ва вазифаи муҳиме, ки дар назди кишвари мо истодааст, ин ба сафи давлатҳои тараққикардаи демократии ҷаҳон ворид шудан, барои ҳалқамон тарзи ҳаёти озоду фаровонро пешниҳод кардан мебошад. Барои ҷорӣ намудани ин мақсад ва вазифаҳои пуршараф, дар мамлакат бунёд кардани Эҳёи сеюм мо ба меҳнати омӯзгороне, ки дорои дониш ва салоҳияти хуб, муҳандиси рӯҳи инсон мебошанд, такя мекунем. 
Шубҳае нест, ки қонуни мазкур ба баланд бардоштани мақоми омӯзгорон хидмат мекунад, баробари ин барои комёбиҳои нав ба нав имкониятҳои васеъ ва асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Мухтор ИБРАГИМОВ, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: