Судяҳои нави Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардиданд

Дар ҷамъомади умумии 48-уми Сенати Олий Маҷлис, ки 20 декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Қарори дахлдори Сенат қабул гардид, ки мувофиқи он  ба вазифаи судяҳои Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон инҳо интихоб шуданд:

Элза Шамсутдинова — ба мӯҳлати даҳ сол;

Элмуродов Анвар - ба мӯҳлати номуайян;

Баходир Эргашев — ба мӯҳлати даҳ сол.

Дар баробари ин, Бобир Исломов, Отабек Мамажанов, Шерзод Мирзоҳакимов, Дониёрҷон Тоҷибоев, Фирӯз Турсунов, Фахриддин Халилов, Шерзод Шерқулов ва Хуршед Эшмуродов аз вазифаи судяҳои Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: