Дар Ӯзбекистон аз 1 май Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ўзбекистон” эътибор пайдо кард

Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки дар раъйпурсии 30 апрели соли 2023 қабул шуд, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихоботӣ аз 1 майи соли 2023 эътибор пайдо кард.

Комиссияи марказии интихоботӣ 1 май натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсии рӯзи якшанберо оид ба Конститутсияи  Ӯзбекистон дар таҳрири нав эълон кард.

Раиси Комиссияи марказии интихобот Зайниддин Низомхоҷаев зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки бинобар ошкор шудани қонуншиканиҳои ҷиддии интихобот, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар се қитъаи интихоботии Тошканд, вилоятҳои Тошканд ва Сирдарё бекор карда шуданд. Ба ин муносибат ба на-тиҷаҳои овоздиҳӣ «тағйироти ночиз» дохил карда шуд.

Иштироки интихобкунандагон дар раъйпурсӣ 84,5% (қаблан 84,54% хабар дода шуда буд) буд. Дар маҷмӯъ, аз 19 миллиону 722 ҳазору 809 нафар интихобкунандагони ба қайд гирифташуда 16 миллиону 667 ҳазору 97 нафар (16 миллиону 673 ҳазору 189 нафар) овоз доданд. Аз ин шумор 611 ҳазору 320 нафарашон пеш аз мӯҳлат овоз додаанд.

90,2 фоизи (90,21%) шаҳрвандоне, ки дар овоздиҳӣ ширкат варзиданд, ё худ 15 миллиону 34 ҳазору 608 нафар (15 миллиону 40 ҳазору 55 нафар буд) ба ҷонибдории тағйири Конститутсия овоз доданд, 9,35 фоиз ё 1 миллиону 558 ҳазору 817 нафар (он инчунин 9,35%, ё 1 миллиону 559 ҳазору 200 нафар буд) муқобил овоз доданд.

Шумораи бюллетенҳои беэътибор эътирофшуда 73 672 (73 934) ё 0,44% буд.

Матни пурраи ҳуҷҷат дар вебсайти КМИ нашр шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: