РОҲИ ПУРШАРАФИ РӮЗНОМА

Ба чопи аввалин шумораи рӯзномаҳои деринаи вилоятӣ – «Zarafshon» ва «Самаркандский вестник» мувофиқан 110 ва 105 сол пур шуд.

Бахшида ба ин санаҳои муҳим дар Маркази матбуоти миллӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар он журналистони собиқадору кунунии ин рӯзномаҳо, шоиру нависандагон ва мухлисону муштариёни нашрияҳо иштирок карданд.
«Zarafshon» баробари мардуми Самарқанд шириниву талхии ҳаёти иҷтимоиву сиёсиро чашидааст. Рӯзнома тӯли ин солҳо хонандагони худро бо қарору ҳуҷҷатҳои муҳимтарини давлат, ислоҳоту дигаргуниҳо, бунёдкориҳои азими диёр, меҳнати суботкорона ва комёбию дастовардҳои ҳамватанон шинос кард ва ҳоло баҳри бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм мегузорад.
Он нахуст таҳти унвони «Самарқанд», баъдтар бо номҳои «Ҳуррият», «Меҳнаткашлар ӯқи», «Меҳнаткашлар товуши», «Камбағаллар товуши» ва аз моҳи октябри соли 1922 бо номи имрӯзааш чоп шуд, пас аз чанд соли тафаққуфи фаъолият, аз 7 ноябри соли 1930 бо номи «Ленин йӯли», баъди дарёфти истиқлоли давлатии Ӯзбекистон соли 1991 боз бо унвони «Зарафшон» нашр мешавад.
Шумораи аввалини он моҳи апрели соли 1913 аз чоп баромад ва Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ, Абдурауф Фитрат, Саидризо Ализода аз аввалин сармуҳарриру масъулони рӯзнома буданд. Дар ин даргоҳ устод Садриддин Айнӣ, Акобир Шомансуров, Муҳаммадҷон Юсуфӣ, Қорӣ Маҳмуд, Қорӣ Муҳаммадраҳим Тоҷӣ ва дигар эҷодкорони барҷаста кор кардаанд.
Тӯли фаъолияти беш аз як аср дар даргоҳи нашрия бисёр журналистону адибони машҳуру маъруф кору фаъолият бурдаанд.
Директори Очонсии ахбори миллии Ӯзбекистон Абдусаид Қӯчимов ва дигар иштирокдорони чорабинӣ дар бораи роҳи пуршарафу пурифтихори тайнамудаи рӯзнома, кормандон, муҳаррирону хабарнигорони шоистаи ҳар ду нашрия ҳарф зада,  ҷамоаи рӯзномаҳоро бо ин ҷашни фархунда самимона муборакбод карданд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: