Музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон оғоз ёфт

Дар қароргоҳи Куксарой маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров баргузор шуд.

Дар қароргоҳи Куксарой маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров баргузор шуд.

Пас аз маросими аксбардорӣ Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Садир Ҷапаров ба минбар баромаданд.

Мадҳияҳои давлатии Ӯзбекистон ва Қирғизистон садо доданд. Сарони давлатҳо аз пеши сафи каровули фахрӣ гузаштанд.

Сипас музокироти Президентҳо дар доираи танг оғоз ёфт.

Тавре ки қаблан хабар шуда буд, Шавкат Мирзиёев ва Садир Ҷапаров тамоми ҷанбаи масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар музокироти ҳайатҳо дар таркиби васеъ сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро баррасӣ мекунанд.

Дар поёни музокирот қабули Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, имзои як қатор ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ пешбинӣ шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: