ОСОИШГОҲИ ЧИМЁН БА МАЙДОНИ БАҲСИ ЖУРНАЛИСТОН ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Дар ин осоишгоҳ медиафоруми даҳуми анъанавӣ таҳти унвони “Ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ” ба кори худ оғоз намуд.

Медиафорум панҷ рӯз давом мекунад. Муассисии онро ҳокимияти вилояти Фарғона ва бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон бар дӯш доранд.
Дар медиафорум раиси Иттиҳодияи журналистони ҷумҳурӣ Олимҷон Ӯсаров, директорони генералии Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва Агентии ахбори “Дунё”-и Вазорати корҳои хориҷӣ  Абдусаид Кӯчимов ва Садриддин Суяров, сардабири нашрияҳои “Зарафшон” ва «Самаркандский вестник” Фармон Тошев, инчунин журналисти ботаҷриба Карим Баҳриев ва дигарон ширкат доранд.
Маросими ифтитоҳи медиафорумро бо сухани муқаддимавӣ ноиби ҳокими вилояти Фарғона Хуршедҷон Аҳмедов ҳусни оғоз бахшид. 
– Ба ин осоишгоҳ ҳамаи шуморо хайрамақдам мегӯям. Ҳоло сардабирони нашрияҳои гуногуни чопӣ ва интернетӣ  ва бештар аз 70 нафар журналистони расонаҳои гуногуни давлатӣ ва мустақил  ин ҷо гирдиҳам омадаанд.  Дар давоми панҷ рӯз масъалаҳои марбут ба соҳаи журналистика, бурду бохт ва рушди соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, – изҳор намуд Хуршедҷон Аҳмедов.
– Ҳоло як қатор журналистон ва намояндагони ниҳодҳои гуногунро низ интизорем. Ба ин ҷо ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои воситаҳои ахбор ва раиси умумии Иттиҳодияи миллии воситаҳои ахбори электронӣ Шерзодхон Қудратхӯҷа, сардабири маҷаллаи “Адабиёти ҷаҳон” Аҳмадҷон Мелибоев, депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Дониёр Ғаниев ва Умед Ҷабборов, сардабири нашрияи интернетии “Rost 24” Анора Содиқова ва дигарон даъват шудаанд. Ҳадафи мо яктост: дар доираи баҳсу мунозираҳо рушду ривоҷ додани воситаҳои ахбор ва ҳосил намудани малакаву маҳорати касбӣ. Интизор меравад, ки чанд нафар собиқадорони журналистика дарсу машғулиятҳои маҳорат низ мегузаронанд, – мегӯяд раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Обидов.
Ташриф овардани як гурӯҳ иштирокчиёни медиафорум ба гӯшаи биҳиштосои вилояти Фарғона – ноҳияи Сӯх барномарезӣ шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: