ПУНКТИ ТИББИИ «ХӮЛБОР»

Дар маҳаллаи «Хӯл-бор»-и ноҳияи Пешкӯ бештар аз 2 ҳазору 600 нафар аҳолӣ умр ба сар барад ҳам, то ҳол бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надошт.

 Беморон маҷбур буданд, ки ба маркази ноҳия, ё ба поликлиникаҳои оилавии маҳаллаҳои ҳамсоя раванд. 
Баъди омӯхтани гурӯҳи кории ҳокимиятҳои ноҳияю вилоят ва арзи аҳолӣ сари сол аз ҳудуди деҳаи Арабдиёр 3 сотих замин ҷудо гардид ва ба ин ҷо бо таҷҳизоти зарурӣ ду контейнер оварда пункти тиббӣ созмон доданд. Дар натиҷа ба оворагии мардум хотима гузошта шуд. Ба қарибӣ маросими ба истифодасупории маскани тиббӣ ба амал омад ва дар он роҳбарони секторҳо, мутасаддиёни соҳа, собиқадорони меҳнат, фаъолони маҳалла иштирок карданд. Ба суханбаромадагон хӯлбориёнро бо ин комёбӣ муборакбод намуданд ва ба онҳое, ки баҳри ҳифзи саломатии мардум ба фаъолият оғоз кардаанд, дархостҳои нек орзу карданд. 

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: