БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН

Беш аз ҳазор сол аст, ки дар байни алоқамандони шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъри устод «Ҷӯйи Мӯлиён» шуҳрати беандоза дорад.

 Дар пайравӣ ба ин шеър бисёр шоирон табъозмоӣ карда бошанд ҳам, дар равонии сухан ва интихоби калимаҳо то ҳол ба дараҷаи Рӯдакӣ нарасидаанд. 
Дар маъхазҳо азбаски баъзе калимаҳои ин шеър ба тарзи мухталиф оварда шудаанд, дар хусуси мисраи аввали он аз донишмандон бархе «бӯйи ҷӯй» ва қисме «боди ҷӯй»-ро саҳеҳ шуморидаанд. Имрӯзҳо бошад, баъзе нашрияҳои Тоҷикистон («Девони Рӯдакӣ», Душанбе, «Бухоро» – 2015, саҳ.64) бо тавсияи Қодири Рустам барин муҳаққиқон байти аввалро ба тариқи зер чоп мекунанд:
Боди Ҷӯйи Мӯлиён 
ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрубон 
ояд ҳаме.
Аз ин байт фаҳмидан душвор нест, ки гӯё Рӯдакӣ «Боди Ҷӯйи Мӯлиён бӯйи ёри меҳрубон меоварад» гуфта бошад. Ҳақ бар ҷониби муҳаққиқ Қодири Рустам фақат дар он аст, ки баъзе маъхазҳо оғози мисраи дуюмро дар шакли «бӯйи ёр» овардаанд ва ибораи «Ҷӯйи Мӯлиён» номи ҷӯй не, балки номи як деҳаи назди Бухоро буд. Вале бар чунин ақидаи ин муҳаққиқ ҳаргиз наметавон ҳамроҳ шуд, ки гӯё «аз ҷониби Саид Нафисӣ ба мулоҳизаи парҳез аз такрори «бӯйи ёр» дар ду мисраъ, дар дувумӣ «ёди ёр» тарҷеҳ ёфтааст. («Девони Рӯдакӣ», нашри зикршуда, саҳ. 211). Ақли солим бовар намекунад, ки бар чунин гуфтори бемантиқ рӯдакишиноси машҳур амал карда бошад. Гап дар сари он аст, ки мавқеи истифодаи калимаи «бод» дар назм ва пайдоиши он дар шеъри Рӯдакӣ аз фаҳми нусхабардорони гузашта ва муҳаққиқони ҳозира дур мондааст. Пас, чаро баъзе маъхазҳо аз шеъри Рӯдакӣ оғози мисраи якумро бо калимаи «бод» овардаанд? 
Имрӯзҳо аз як байти Рӯдакӣ бо тақозои мантиқ ва маънои сухан баъзе муҳаққиқон калимаи «равон»-ро ба «завон» (забон) иваз кардаанд, ки дар ин хусус шарҳи Қодири Рустам чунин аст: «Дар маохиз омадани «равон» ба ҷойи «завон», ки танҳо бо як нуқта фарқ мекунанд, амри ғайриимкон нест». (Ҳамон ҷо, саҳ.18).
Ба ин гуфтори муҳаққиқ метавон ҳамроҳ шуд, зеро маълум аст, ки дар асрҳои миёна китобҳо бо ҳуруфи арабӣ аз як нусха ба нусхаи дигар фақат бо воситаи дастхат рӯйбардор карда мешуданд. Барои аз ҳамдигар фарқ кардани ҳуруфи арабӣ бошад, мебоист, ки ба онҳо аз рӯйи миқдор нуқтаҳои мувофиқ гузошта шаванд. Вале чуноне ки матншиносон хеле хуб медонанд, ҳангоми амали нусхабардорӣ  нусхабардорон ба гузоштани нуқтаҳо эътибори ҷиддӣ намедоданд ва ҳатто баъзан намегузоштанд. Зеро хонанда дар ҳолати набудани нуқтаҳо низ бо назардошти мазмуни матн ба кадом маъно омадани калимаро худаш муайян карда метавонад. Масалан, ба калимаи «тир» нуқтаҳо гузошта нашаванд, он «табар» ё «пир» ҳам хонда мешавад, ки чунин тарзи хониш дар илми калом «тасҳиф» номида мешавад. Бинобар ин, калимаи «ёд»-ро бо чунин тарзи хондан «бод» пиндоштани нусхабардорон ҷойи шубҳа надорад, зеро ин ду калима низ монанди «равон» ва «завон» аз ҳамдигар фақат бо як нуқта фарқ доранд. Пас, сабаби овардани чунин далелҳо ва мақсад аз баёни онҳо дар чист?
Дар асрҳои миёна баъзе нусхабардорон «муҳаққиқ» низ буданд. Онҳо ҳангоми нусхабардорӣ баъзе байтҳоро мутобиқ ба фаҳмиши худ ислоҳ макарданд. Масалан, онҳо дар баъзе нусхаҳо аз шеъри «Ҷӯйи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ «дашти Омӯ»-ро ба ҷойи «реги Омӯ» оварда бошанд, дар як ғазали машҳури Ҳофизи Шерозӣ «киштинишастагон»-ро ба «киштишикастагон» табдил додаанд. Дар баробари ин нусхабардорони «муҳаққиқ» чунин одате ҳам доштанд, ки мутобиқи фаҳмиши худ ҷойи калимаҳоро низ иваз мекарданд. Масалан, дар баъзе нусхаҳо аз мисраи «Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ»-и Рӯдакӣ ҷойи калимаҳои  «рух» ва «дил» бо ҳамдигар иваз карда шудаанд. («Осорӣ Рӯдакӣ», Сталинобод - 1958, саҳ.76). Бинобар ин, шубҳае нест, ки нусхабардорони «муҳаққиқ», чуноне ки дар боло қайд карда будем, аз шеъри «Ҷӯйи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ калимаи «ёд»-ро «бод» пиндошта, дар мисраи якум ва «бӯй»-ро дар мисраи дуюм ҷойгир кардаанд. Зеро «боди ёри меҳрубон» гуфтан маънои нохуш (боди шикам) дорад. Дар асл бошад, омадани калимаи «бод» дар мисраи якум низ ғалат аст. Чаро? 
Бод бо суръати гуногун ҳаракат кардани ҳаво дар гирди Замин буда, мисли «бӯй» (бӯйи гул, бӯйи май, бӯйи даҳон ва ғайра) ба худ макони мустақил надорад, чуноне ки «Дирӯз ба шаҳри Самарқанд боди Хоразм  вазид» гуфта намешавад. Бинобар ин, нисбати бод фақат аз рӯйи сифат, замон ва аз кадом сӯй омадани он маълумот дода мешавад. Масалан, шоир Манучеҳрӣ гуфтааст:
Хезеду хаз оред, ки айёми 
хазон аст, 
Боди хунук аз ҷониби 
Хоразм вазон аст.
Дар адабиёти форс-тоҷик калимаи «бод» мақоми ба худ хос дорад. Масалан, баъзе шоирон барои ифодаи «бӯй» аз калимаи «насим» (боди сабук) низ истифода бурдаанд, чуноне ки дар ташбеҳи «қомати ёр» ба ҷойи «дарахт» (бод) калимаи «сарв» (насим) оварда мешавад. Зеро бӯй бо ҳаракати сусти ҳаво ба машом мерасад. Бо чунин назардошт Рӯдакӣ ҳам дар як ғазали худ (саҳ.43) гуфтааст:
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро 
ба ман ояд, 
Бо бӯйи гулу мушку насими 
суман ояд.
Азбаски калимаи «бӯй» дар худи мисраи дувум омадааст, барои такрор нашудани он нисбат ба «суман», ки номи як навъ гули хушбӯй аст, калимаи «насим»-ро  истифода бурдани Рӯдакӣ саҳве надорад.  Вале аз он ки «бод» мисли «бӯй» ба худ макони мустақил надорад, ҳеч гоҳ мисраи якумро ба тарзи «Ҳар боди Бухоро, ки ҳаме сӯйи ман ояд» оварда намешавад. Модоме ки Рӯдакӣ «боди Бухоро» нагуфтааст ва гуфта ҳам наметавонист, «Ҷӯйи Мӯлиён» хоҳ номи ҷӯй бошад, хоҳ номи деҳа онро ба тарзи «боди Ҷӯйи Мӯлиён» маънидод кардан берун аз доираи ақли солим аст.
Имрӯзҳо аз шеъри «Ҷӯйи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ калимаи «ёд»-ро тамоман хориҷ кардани муҳаққиқон кӯшиши беҳуда аст, зеро он мавқеи мустаҳкам дорад, ки ин ҷиҳатро далелҳои зерин низ тақвият медиҳанд.
Аз маъхазҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин шеър ба мо ривояте расидааст, ки тибқи он дар замони Рӯдакӣ амир Насри Сомонӣ, ба ҷойи дар Бухоро истода давлатро идора кардан, ҳамроҳи мулозимони дарбор аксар вақти худро дар сафарҳои тӯлонӣ мегузаронид. Дар яке аз ин сафарҳо мулозимони дарбор аз Рӯдакӣ чунин шеър эҷод карданро хоҳиш намуданд, ки онро амир Насри Сомонӣ шунида, моили баргаштан ба шаҳри Бухоро гардид. 
Ба ин ривоят мутобиқ будани мазмуни ғоявии шеъри «Ҷӯйи Мӯлиён» шубҳае надорад. Бинобар ин, аз эҳтимол дур нест, ки Рӯдакӣ дар қатори «ёди ёри меҳрубон» гуфтан бо санъати таҷнис низ «бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ва ё диёри меҳрубон (яъне Бухоро) меояд» гуфтанӣ шудааст. Дар баробари ин ба ҷойи калимаи «ёд» омадани калимаи «бод» ва дар мисраи дувум ҷой гирифтани калимаи «бӯй» аз як тараф ба оҳанги махсус доштани шеър монеъ шавад, аз тарафи дигар тибқи далелҳои зикрёфта ба садои қалби Рӯдакӣ асло мувофиқ намеояд. Бинобар ин мебояд, ки байти машҳури Устод Рӯдакӣ танҳо бо чунин тарз оварда шавад:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Зафар РАҲМАТ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: