Қоидаи бебаҳои таъмин кардани амният

Дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бинобар мавзӯи «Зиддиятҳои замонавии ҳарбӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо» конфронси байналхалқии илмии онлайн баргузор шуд.

Дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бинобар мавзӯи «Зиддиятҳои замонавии ҳарбӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо» конфронси байналхалқии илмии онлайн баргузор шуд.
Дар он мутахассисони ҳарбӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Полша, Украина, Ҳиндустон, Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Куриё, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла, Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони шартномаи Атлантикаи Шимолӣ, Маркази аврупоии оид ба омӯзиши масъалаҳои амнияти ба номи Ҷорҷ К.Маршал иштирок карданд.
Дар маросими кушоиши чорабинӣ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба корҳои тарбиявиву ғоявӣ полковник Ҳамдам Қаршиев ва коргузори лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Ҷон МакГрегор баромад карданд ва дар суханронии худ ба ҷиҳатҳои муҳими конфронси байналхалқии илмии онлайн таваққуф намуданд.
Мувофиқи барномаи кори конфронс дар рӯзи аввал маърӯзаҳои ҳашт мутахассис шунида шуд. Аввалин шуда полковник Ҳамдам Қаршиев бо маърӯза дар мавзӯи «Таҳдидҳои ҷаҳонии замонавӣ» баромад намуд ва дар он мушкилоти минтақавӣ, ки алҳол мавҷуданд ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро равшан кард.
Дар рӯзи дуюми конфронси байналхалқии илмии онлайн мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ бо маърӯзаҳо бино бар мавзӯъҳои «Мубориза бар муқобили кибертерроризм дар ҳудуди Созмони ҳамкории Шанхай», «Равандҳои таъмин сохтани киберамният ва ҳифзи инфрасохторҳои бахусус муҳим», «Нақши расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиддиятҳои замонавии ҳарбӣ», «Саъю кӯшишҳои Ӯзбекистон бобати таъмин сохтани амнияти минтақавӣ», «Нақши Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ» ба сухан баромаданд. Нотиқон қайд намуданд, ки дар ҷараёни кори конфронс истифода аз матолиб ва тавсияҳо омили муҳими омӯзиши таҷрибаи мусбати дар нирӯҳои мусаллаҳ татбиқ кардани ислоҳот, анъанаҳои нави рушди санъати ҳарбӣ, ҳамчунин амиқсозӣ, вусъат додани дониш ва ҷаҳонбинии хидматчиёни ҳарбӣ мегарданд.
Дар анҷоми кори конфронси байналхалқии илмии онлайн муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба корҳои тарбиявиву ғоявӣ полковник Ҳамдам Қаршиев аз номи роҳбарияти Вазорати мудофиа ва Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба иштирокдорони конфронс диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд. Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки муборизаи муштарак бо таҷовузи нашъа, зиддиятҳои яроқнок, паҳншавии яроқи қатли ом, ҷангҳои иттилоотиву рӯҳии аксуламали байни тамаддунҳо, терроризм ва экстремизми байналхалқӣ, буҳронҳои ҷаҳонии молиявиву иқтисодӣ, фоҷиаҳои табиӣ ва техногенӣ, мушкилоти экологӣ ва дигар таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ҳамчун пандемия қоидаи бебаҳои таъмин сохтани амният ба шумор мераванд.
Дар ҷараёни кори дурӯзаи конфронси байналхалқии илмии онлайн ба ҷиҳатҳои муҳими таъмин сохтани амният дар ҷаҳони имрӯз эътибори махсус дода шуд. Иштирокдорони чорабинӣ таъкид намуданд, ки барои таъмин сохтани амнияти ҷаҳон ваҳдати тамоми саъю кӯшишҳо дар атрофи платформаи ягона зарур мебошад.

Асрор РӮЗИБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: