ШАҲРАКИ ШИРИН – ДАР ШАҲРИ ҚАДИМ

Чуноне ки рӯзномаи мо иттилоъ дода буд, 6-уми июни соли равон дар доираи ташрифи хеш ба шаҳри Самарқанд сарвари давлатамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаҳои тақдимоти нақшаи мавзеи шаҳраки навбунёди Ширин дар соҳили дарёи Зарафшон шинос шуда буд, ба қарори дахлдор имзо гузошт.

Бино ба он шаҳраки мазкур дар тӯли ҳафт сол зина ба зина қад хоҳад афрохт, ки барои бунёди он 150 миллиард сӯм ирсол мешавад.
Ҳудуди шаҳрак аз ҳисоби ноҳияҳои Ҷомбой, Самарқанд ва Оқдарё 665 гектар майдонро ташкил медиҳад. 
Мақсади асосӣ – боз ҳам беҳтар намудани қиёфаи шаҳри Самарқанд, салоҳиятҳои сайёҳии онро зиёд кардан аст. 
Аллакай ба тартиб овардани минтақаи сохтмон оғоз ёфт. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Самарқанд.

 


ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ЖУРНАЛИСТОН
Вазорати адлия бо ҳамкории Иттиҳоди эҷодии журналистони ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи «Конститутсияи нав ва қонунҳои мо – кафолати ҳуқуқи журналист» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор намуд.
Дар он ходимони вазорат, ҳуқуқшиносҳо ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди эҷодии журналистон Холмурод Салимов таъкид кард, ки инъикоси масоили ҳуқуқӣ ниҳоят мураккаб ва масъулиятнок буда, дар Конститутсияи нави мо ҳимояи ҳуқуқии журналистон таъмин гардида, бо ин мақсад  моддаҳои алоҳидаи 81-82 ворид карда шудааст. Аз ин рӯ, журналистонро водор месозад, ки дар роҳи ба оммаи васеъ расонидан ва фаҳмонидани вазифаҳои асосӣ масъулияти касбиро бештар эҳсос намоянд.
Масъули шуъбаи Вазорати адлия Дилмурод Раҷаббоев ва роҳбари хидмати матбуоти вазорат  Севара Ӯринбоева низ дар ин мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. 
Яке аз иштирокдорон, журналист Сироҷиддин Рауфов таъкид намуд, ки омилҳое вуҷуд доранд, ки ба пеш бурдани фаъолияти журналистӣ монеъ мешаванд. Воридшавии журналистон ба корхонаҳои калони саноатӣ ба осонӣ муяссар намегардад. Онҳо бо маълумотҳои ногузир оид ба ин ё он соҳа пурра таъмин нестанд. Устувории қонун, адолати иҷтимоӣ, ки талаби рушди ҷамъияти ҳуқуқбунёду демократӣ мебошанд, ба таври бояду шояд инъикос намеёбанд. Модернизатсияи  иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ, инкишофи туризм, имкониятҳои соҳибкорӣ васеъ равшан карда намешаванд. Дар ин замина мақолаҳои таҳлилӣ кам ба чашм мерасанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: