ДАР «АЛПОМИШ» БАРОИ ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТ ҚУВВА ОЗМУДАНД

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи байналмилалии силсилаи профессионалҳои ҷаҳон, ки дар қасри варзиши «Алпомиш»-и пойтахт барои дарёфти ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, бо қувваозмоиҳои ҳаяҷонбахш хотирмон буд.

Дар маросими ифтитоҳи  тантанавии мусобиқаи бонуфуз  вазири сиёсати ҷавонон ва варзиш, ноиби президенти якуми фахрии Ассотсиатсияи байналмилалии гӯштӣ Адҳам Икромов, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии гӯштӣ Ҳайдар Фармон, раиси Федератсияи кураши Ӯзбекистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматилла Йӯлдошев, намояндагони конфедератсияҳои гӯштии қитъавӣ, федератсияҳои миллии гӯштии беш аз 20 кишвари ҷаҳон эътироф намуданд,  ки мусобиқаҳои «World Series Pro» дар Африқо, Осиё, Аврупо ва Амрико бо муваффақияти бузург баргузор гардид, ки ба рушди байналмилалии  варзиши миллии мо кураш саҳми бемисл гузошт. 
Суруди давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дода, ба қувваозмоиҳои шадид роҳ дода шуд. Садҳо нафар дӯстдорони варзиш мусобиқаи оштинопазири паҳлавонони мамлакатҳои гуногуни ҷаҳонро тамошо карданд. Махсусан баромади гӯштингирони мамлакатамон дар байни мухлисон як олам завқ бедор кард. Дар натиҷа, узви тими миллии мо Артём Штурбабин дар вазни то 66 кг бар Маҷиди Воҳиди эронӣ пирӯз шуда, ба ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовор дониста шуда бошад, ҷойҳои 2 ва 3-юм насиби намояндагони Юнон ва Гурҷистон шуд. Ҳамватани мо, қаҳрамони ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои Осиё Умид Эсонов дар вазни 81 килограмм бартарии худро аз ҳамаи рақибонаш нишон дод. Ҷоизаҳо ба намояндагони Миср ва Ҷумҳурии Доминикан супурда шуданд. Варзишгарони федератсияҳои гӯштии Гурҷистон, Латвия, Қирғизистон, Мексика дар вазни 90 кило ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба даст оварданд.
Дар байни мардон дар мусобиқаи дар вазни мутлақ суратгирифта  намояндагони Юнон, Гурҷистон, Мексика дар байни довталабони ғолиб буданд. Аммо дар қувваозмоиҳои аввали интихобӣ узви тими миллии мо, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, Муҳсин Ҳисомиддинов аввал намояндаи Гурҷистонро шикаст дода, сипас бар паҳлавони Юнон пирӯзӣ ба даст овард. Ба ин тартиб, ӯ дар финал бо  Бекболот Токтогонови қирғизистонӣ рӯ ба рӯ шуд. Дастгирии мухлисон, чапдастии Мӯҳсин имкон дод, ки ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари мо боқӣ монад. Ба ин тартиб, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ бо 10000 доллари ИМА, барандаи ҷои 2-юм 5000 доллар ва гӯштигирони ҷойи 3-юм 1000 доллари амрикоӣ мукофотонида шуданд.
Дар маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибону ҷоизадорон масъулини вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш, Ассотсиатсияи байналмилалии гӯштӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи гӯштии Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Тӯлқин РӮЗИЕВ, мухбири ӮзА. 
Суратгир: М.ХӮҶАЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: