Президентҳои Ӯзбекистон ва Миср дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ба сатҳи нави шарикии ҳамаҷониба баровардани онҳоро баррасӣ карданд

  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Миср дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ба сатҳи нави шарикии ҳамаҷониба баровардани онҳоро баррасӣ карданд

Дар қасри президентии «Ал-Иттиҳодия»-и Қоҳира музокироти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси баргузор гардид.

Сарони давлатҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории Ӯзбекистону Мисрро муфассал баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳоро ба сатҳи шарикии ҳамаҷониба мебароранд.

Мавзӯъҳои калидии музокирот густариши куллии ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, таъмини амният, тиҷорат ва кооператсияи саноатӣ, инчунин вусъат додани равобити фарҳангиву гуманитарӣ ва таълимӣ гардид.

Президентҳо ҳамоҳанг будани ислоҳотеро, ки дар доираи нақшаи стратегии Миср «Нигоҳ-2030» ва Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав татбиқ мегарданд, таъкид намуданд.

Сарвари давлати мо Президенти Мисрро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани ҳамоиши байналмилалии COP-27 оид ба тағйирёбии иқлим табрик гуфт.

Зимни музокироти роҳбарон рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба, фаъол шудани муколамаи васеи сиёсӣ, расондани дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, СҲИ, СҲШ ва Ҷунбиши бетарафӣ, вусъат додани алоқаҳои байнипарлумониро бо қаноатмандӣ қайд намуданд.

Ҷонибҳо дар мубодилаи таҷриба дар самти мубориза алайҳи коррупсия, муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои замонавии амниятӣ ва дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба субот ва барқарор намудани Афғонистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар музокирот ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Президентҳо ба натиҷаҳои чорабиниҳои корчаллонии Ӯзбекистону Миср, ки дар арафаи сафари сарвари давлатамон баргузор гардид, баҳои баланд доданд.

Дар фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳои мутақобила тавофуқ ҳосил шуд. Бо дарназардошти хусусияти мукаммалкунандаи иқтисодҳои ду кишвар панҷ самти мушаххаси ҳамкорӣ дар саноати газу кимиё, нассоҷӣ, электротехника, заргарӣ ва дорусозӣ муайян шуданд.

Барои рушди кооператсияи саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолоти муштараки сердаромад пешниҳод шуд, ки аз имкониятҳое, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ӯзбекистон мавҷуданд, истифода намоянд.

Дар мулоқот дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар сектори энергетикӣ, инчунин чораҳо оид ба рушди хатсайрҳои нақлиётӣ, ки Ӯзбекистон ва Мисрро мепайвандад, баррасӣ шуданд.

Аҳамияти густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва динӣ қайд гардид. Дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони забони арабӣ созиш ҳосил гардид. Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки дар соли 2024 якҷоя Форуми ҷаҳонии арабшиносон ташкил карда шавад.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Мулоқот дар вазъияти ошкоро, гарму ҷӯшон ва дӯстона гузашт. Дар анҷоми мулоқот Шавкат Мирзиёев Абдулфаттоҳ ас-Сисиро даъват кард, ки ба кишвари мо ташриф орад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: