ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ВИЛОЯТ ШУКӮҲИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ЭҲСОС МЕГАРДАД

Чун ҳарсола мардуми меҳнаткашу заҳматписанди вилоят барои истиқболи гарми иди Баҳору Наврӯз корҳои омодагириро вусъат бахшидаанд.

Инро метавон дар ҳар як шаҳру деҳи он эҳсос намуд. Корҳои омодагирӣ бар асоси қарори Президенти мамлакат «Дар бораи тайёрӣ ва баргузории ҷашни миллии Наврӯзи соли 2024» беш аз пеш доман фарох менамояд.

Дарвоқеъ, имсол дар кишварамон Наврӯзи оламафрӯз таҳти унвони «Ҷаҳон ғарқи нур бодо, Наврӯз!» таҷлил карда мешавад. Онро мардум чун ҳамешаву ҳама сол бо хушу хурсандӣ истиқбол мегиранд ва иду тантанаҳои наврӯзӣ тамоми шаҳру вилоятҳои мамлакати паҳновари моро фаро хоҳад хонд.
Албатта,  моҳияти аслии тамоми чорабиниҳое, ки то давраи фаро расидани фасли Баҳору иди Наврӯз анҷом дода мешаванд, маҳз аз истиқболи сароғози киштукор, заминагузорӣ ба ҳосили пурбаракот, аз тариқи роҳандозии ҳашарҳои умумимардумӣ дар манотиқи гуногун ободу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳо, тозаву озода кардани дару девори хонаву ҳавлиҳо ва иншооти дигар дарак хоҳанд дод. 
Тибқи таомуле, ки дар байни мардуми мо роиҷ гаштааст, иди Наврӯзи хуҷастапайк дар шакли басо мутантан, хусусан, бо рақсу таронахонӣ, ба бар кардани либосҳои зебои идона, гурӯҳ-гурӯҳ дар боғу чаман сайру гашт намудан, даъваткунии меҳмонон ба хонаи худ, аёдати падару модар ва хешу ақрабо, одамони куҳансол, ташкили чорабиниҳои гуногуни миллӣ ва амсоли он таҷлил карда мешавад. 
Дар минтақаҳои тоҷикнишини вилояти Фарғона ҳамчунин анъанаеро пай бурдан мумкин аст, ки дугонаҳои наварӯс ба хонаи ӯ гурӯҳ-гурӯҳ меҳмон мешаванд, аз нозу неъматҳое, ки барои онҳо муҳайё намудааст, нӯши ҷон карда, сонӣ ба рақсу сурудхонӣ мепардозанд. Ҳамон рӯз он ҳавливу хонаҳои наварӯсон чунин манзараи гувороро касб менамоянд. 
Тавре ки дар қарори сарвари давлатамон омадааст, барои омодагирӣ ва баргузор намудани ҷашни Наврӯзи имсола Кумитаи хоси тадорукотӣ таъсис дода шудааст, ки ба он Сарвазири кишвар Абдулло Арипов роҳбарӣ мекунад.
– Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи мо низ иборат аз як ҳайати густарда гурӯҳи тадорукот ташкил карда шуд. Ба он афроде шомил гардиданд, ки аз шумори аъзои хонаводаҳои орому осуда, намунавӣ, хоксору фурӯтан, инчунин дар корҳои маҳалла ҳамеша пешсафу фаъол интихоб карда шудаанд. Аллакай таҳти сарварии онҳо дар кӯчаҳои маҳаллаҳои ҷамоатамон корҳои зиёди ободонӣ ва сабзгардонӣ ба фарҷом расиданд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сариканда»-и ноҳияи Сӯх, соҳиби нишони «Дӯстлик» Баҳодур Сафоев.
Вай афзуд, ки дар ин рӯзҳои фараҳбахш аъзои ҳар як хонавода муваззаф шудаанд, ки дар лаби ҷӯйборҳо, шафати роҳҳои пиёдарав аз се то панҷ бехӣ ниҳолҳои мевадиҳандаву намоишӣ шинонанд. Инчунин, онҳо танаи дарахтони назди ҳавлии худ ва иншооти атрофро сафед мекунанд, ҷӯйҳоро аз партобаҳо поккорӣ менамоянд ва дар сабзу хуррам шудани маҳалла саҳми худро мегузоранд.
Ногуфта намонад, ки дар арафи иди Баҳору Наврӯз Баҳодур Сафоев  дар озмуни «Раиси маҳаллаи аз ҳама намунавӣ» дар миқёси вилоят сазовори ҷойи дувум шуд ва  бо мукофоти пулӣ низ сарфароз гардид. Ҷойи аввали ин озмунро раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қамчифурӯш»-и ноҳияи Тошлоқ Давронбек Абдуллоев ва ҷойи сеюмро раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бачиқир»-и ноҳияи Бувайда Юнусалӣ Маъмиров ишғол намуданд. 
Гуфта мешавад, бино ба қарори аъзои ҳакамони озмуни мазкур раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дилкушо»-и ноҳияи Фарғона Абдубориқ Ҳалимов ва раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қошқарён»-и ноҳияи Риштон Дилмурод Ҳамроев низ ба ҳайси раисони беҳтарин пазируфта шуданд ва ба соҳиби ҷойҳои чорум ва панҷум ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Чунин қадршиносӣ, албатта, дар арафаи иди Наврӯз масъулияти бештарро ба дӯши ҳар кадоми онҳо бор хоҳад кард. 
– Мо баъди эълони қарори Президенти мамлакат дар бораи тайёрӣ ва баргузории иди Наврӯзи имсола ҷамъомаде барпо кардем ва байни фаъолони маҳалла вазифаҳоро тақсим намудем. Маҳаллаи мо асосан аз хонаҳои баландошёна иборат аст ва бошандагони онро миллатҳои гуногун ташкил медиҳанд. То рӯзи ид дар ду деги калон маъракаи суманакпазӣ баргузор мекунем. Ба он занону духтарони маҳаллаамон машғул мешаванд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Нодирабегим»-и шаҳри Фарғона Моҳирахон Мирзомаҳмудова.
Ба таъкиди ӯ иди Наврӯз дар кишвари мо иди байналмилалӣ эътироф шудааст, барои ҳамин намояндагони миллатҳои гуногун дар маросимҳои идона фаъолона ширкат карда метавонанд. Моҳира Мирзомаҳмудова боз тазаккур дод, ки гузашта аз ин, иди Наврӯз бино ба анъана ҳамчун иди меҳру муҳаббат, саховату мурувват низ маҳсуб мешавад. Дар ин замина фаъолони маҳалла аз чанд хонаводаи камбизоат, пирони барҷомонда, собиқадорони меҳнат ва амсоли он боздид ва ба онҳо савғоҳои идона тақдим хоҳанд кард.
– Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят иди Наврӯзро бо чӣ дастовез истиқбол хоҳад кард? – пурсидам аз раиси он, устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона Масъуди Мирзо.
– Соли гузашта бо ширкати мардуми зиёд дар маҷмааи зебои деҳаи Арсифи шаҳри Қувасой маросими наврӯзӣ барпо кардем. Имсол тантанаҳои асосии идона дар маркази вилоят ба вуқӯъ мепайванданд. Мо якҷоя бо фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангии халқҳои дигар дастаҷамъона ба идгоҳ ҳозир хоҳем шуд. Вале маросимҳои идона дар ноҳияҳои тоҷикнишини Фарғонаву Риштон, Сӯху Олтиариқ, Ёзёвону Қува ва шаҳри Қувасойу ҷойҳои дигар бо шукӯҳи хос идома пайдо хоҳад кард, – посух дод Масъуди Мирзо.
Тавре ки раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят дар идома таъкид варзид, онҳо барномаи хосеро низ бо ширкати донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона ба нақша гирифтаанд. Як гурӯҳи донишҷӯён бо қироати шеъру дубайтиҳои наврӯзӣ ва рақсу суруд маросими идонаро шукӯҳи тоза хоҳанд бахшид. 
Интизор меравад, ки ба манзури адои фазилатҳои хоси мардуми мо, мисли нишон додани меҳру мурувват, арҷу эҳтиром ва қадршиносии шахсиятҳои маъруф дар доираи иди Наврӯз чанд чорабинӣ низ сурат хоҳанд гирифт. Ин чорабиниҳо аз ташрифи аҳли адабу фарҳанги вилоят ба хонаҳои меҳрубонии кӯдакон ва боздид аз хонаводаҳое иборат аст, ки зану шавҳар аз хонаҳои меҳрубонӣ кӯдаконро барои омӯзишу парвариш фаро гирифтаанд. 
Ногуфта намонад, бо назардошти он ки Наврӯзи имсола ба моҳи шарифи Рамазон рост омад, аксари чорабиниҳои идона дар охири рӯз ба вуқӯъ мепайванданд. Он гоҳ шароит мусоидат хоҳад кард, ки мардум баъди ифтор шоду хуррам аз хӯрокҳои гуворои наврӯзӣ тановул карда, дар идома ҳамроҳи аҳли хонавода ва дӯстони худ ба сайру гашт машғул хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: