САХОВАТИ СОҲИБКОРОНИ ВОБКАНДӢ

Дар фасли гулу муғҷа, бедории табиат, навбаҳор саховат ва тӯю сур хеле мезебад.

Пас аз хушксолиҳо ниҳоят боридани борон аз пурфайзию фаровонии ҳосили имсола гувоҳ ба дили одамон сурур мебахшад. 
Дар ҳамин гуна айёми дилкаш саховати соҳибкорони вобкандӣ Неъмат Тоҳиров ва Ваҳҳоб Каромов ба дили ҳамдиёрон ҷӯшу хурӯш бахшид. Бо шарофати ҳимматбаландии онҳо дар тарабхонаи «Нодиршоҳ»-и маркази ноҳия тӯйи суннатии 26 нафар кӯдакон, 4 нафар фарзандони оилаҳои мӯҳтоҷи дастгирӣ – шомили «Дафтари оҳанин» ва «Дафтари бонувон» баргузор гардид.
Ҳокими ноҳия Фарҳод Умаров ва дигарон дар бораи ғамхории падаронаи Сарвари давлат ҳарф зада, сабабгорони давра – ба соҳибтӯй, падару модар ва наздикони онҳоро бо рӯзи шодиёна муборакбод намуданд. Ба онҳо сару либос, велосипед, туҳфаҳои хотирмон супориданд. Меҳмонон изҳори боварӣ намуданд, ки соҳибтӯйҳои кӯчак фарзандони бовафои халқу Ватан ва бунёдкорони фаъоли Ӯзбекистони Нав шуда, ба воя мерасанд.
Падару модарон ба ҳомиён, ба ташкилкунандагони  ташаббус изҳори миннатдорӣ намуданд. Савту суруди санъаткорон, рақсу шодии иштироккунандагони маросим якчанд соат давом кард.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: