БАРФ ҲАМ БОРИД

Лавҳа

Бо омад-омади фасли сармо шохҳои  дарахтон лучу урён, ҳаво гоҳе соф, гоҳи дигар абролуд мешавад. Бо боридани барфи аввал пуштаҳо сап-сафед,  қуллаҳо барфпӯш монанди мӯйсафедони салласафед ба назар метобанд. Мардум мисли мӯр дар давоми се фасли дигари сол барои сармо ҷамъовардаашро кам-кам ба сарф кардан шурӯъ мекунанд...
Дар гузаштҳои дур ниҳоят вазнин буд, мегӯянд кӯҳансолон. Мардон ҳатто рӯзҳои сахти зимистон бо роҳи ағба аз он тарафи кӯҳ орду ғалла меоварданду барои зимистон захира намуда, ҳангоми зарурат онро аз осиёб  гузаронда, орд мекарданд. Ҳоло орду нон сероб. Танҳо шукр бояд кард...
Рӯзҳои сарди зимистон, ки шабҳо тӯлонист, одамон (аксаран аҳли зиё, омӯзгорон) дар рӯшании шӯълаи шамъу чароғи керосинӣ китоб мехонданд, рӯзнома ва маҷалла мутолиа менамуданд.
Дар он айём рӯзҳои сарди зимистон ба хонаи ҳамдигар меҳмонӣ мерафтанд. Ҳақу ҳамсоя ҷамъ шуда, байтбарак ё ба ҳамин монанд гирдиҳамоиҳо созмон медоданд. 
– Як дафъа рӯзи зимистон тӯй кардем, – аз забони модарам шунида будам.– Иморати дар деҳа сохтаамон ҳамагӣ  ду хона ва як даҳлез дошт. Яке аз онҳоро, ки меҳмонхона ба шумор мерафт, вассаҷуфт карда буданд. Азбаски дар мобайни хона сандалӣ гузошта будем, бинобар ин гирди он як ҳафта-даҳ рӯз пеш аз тӯй ҳамсояҳо, хешу табор ҷамъ омада, бегоҳиҳо суҳбат мегузаронданд, чандакбозӣ мекарданд. Дар берун барфи лак-лак меборид. 
Табъи шеъргӯйии одамон гоҳе ғолиб омада, намунаҳо аз эҷодиёти даҳонакии халқ мехонданд. Инак, намунае аз онҳо:
Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову «барфӣ» аз шумо.
Реза-реза барф меборад сафед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Сандалиро гарм созед аз алав,
Ширбиринҷу шӯлаву оши палав.
Нонҳои кунҷидиву қуббадор,
Себу ангур, ноку беҳиву анор.
Руставу лавзу мураббою набот,
Пистаю бодому қанду қандалот.
Чормағзу тутмавизи соягӣ,
Баҳри мо тайёр кун аз ҷӯрагӣ.
Ин қабил шеърхониҳо дар хонаҳои ҳамдеҳагон идома меёфт ва аз даҳон ба даҳон мегузашт.
Барфи аввал ҳам бориду рӯзгори мозӣ ба ёд расид. Дар он рӯзгор мардум табъи шеъргӯйӣ доштаанд магар, ки вобаста ба фаслҳои сол ва вазъи обу ҳаво шеър мебофтаанду мегуфтанд. Гоҳе таассуф мехӯрем аз он, ки ҳоло ба ҷойи он шуғлҳои муфид ҷавонон ва баъзан калонсолон низ ба телефонҳои мобилӣ ва интернет «часпида»-анд.

Анорбой НАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: