Коршиносони хориҷӣ дар бораи натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи олии Ӯзбекистону Италия
9-11 ноябр сафари расмии Президенти Италия Серҷо Маттарелла ба Ӯзбекистон баргузор гардид. Сафар дар рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Италия рӯйдоди муҳим мебошад.
Зимни гуфтушунидҳои дуҷониба масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои гуногунҷанба дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, идома додани ҳамкорӣ оид ба мубориза бо чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳои бехатарӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш дар сатҳи олӣ Изҳороти муштараке қабул гардид, ки ба рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи байни ду кишвар нигаронда шудааст.
Сафар дар ВАО-и хориҷӣ акси садо пайдо карда, дар ҷомеаи байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Аз рӯйи ақидаи таҳлилгарон мулоқоти дувуми роҳбарони Ӯзбекистон ва Италия дар шаш моҳи охир аз манфиатдории баланди тарафайн дар таҳкими шарикии стратегӣ ва густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории гуногунҷанба шаҳодат медиҳад.
Асосгузор ва соҳиби ширкати ноширии итолиёвии «Sandro Teti Editore» Сандро ТЕТИ:
– Сафари Президенти Италия Серҷо Маттарелла ба Ӯзбекистон аз он ҷиҳат воқеаи фавқулода аст, ки он сафари ҷавобӣ буда, пас аз чор моҳи сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо сурат мегирад.
Дар натиҷаи сафари роҳбари Ӯзбекистон шартномаву созишномаҳои муҳим ба имзо расида, шарикии стратегӣ барқарор гардид. Мо аз он ифтихор дорем, ки Италия дар Аврупои Ғарбӣ аввалин кишваре шуд, ки ба сатҳи мазкури ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон расид.
Ман ҳамчун як инсони соҳаи фарҳанг, ношир ва сиёсатшинос наметавонам фарҳанги бой, таърих ва меъмории кишвари шуморо таъкид накунам. Бо вуҷуди ин он дар Италия ҳанӯз маъмул нест.
Мехостам таъкид намоям, ки Италия дар Ӯзбекистон шарики боэътимод ва стратегиро мебинад, ки метавонад нақши кӯпруки байни Аврупо ва Осиёро бозад. Ғайр аз ин, мо дигар нуқтаҳои ба ин монанд дорем, ки моро аз ҷиҳати диди сиёсати байналхалқӣ бо ҳам мепайвандад.
Муовини директори маркази илмиву тадқиқотии «Камарбанд ва роҳ»-и Академияи илмҳои иҷтимоии Чин Суй ПОЛИН:
– Нати-ҷаҳои асосии музокироти роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Тошканд нишон медиҳад, ки Италия ба густариши шарикии дарозмуҳлати стратегӣ бо Ӯзбекистон таваҷҷуҳи зиёд дорад. Дар замири ин таърихи чандасринаи робитаҳои байни ду кишвар ниҳон аст. Ҳамин тариқ Самарқанд, ки бо номи «Руми Шарқ» маъруф аст, дар маркази Роҳи бузурги абрешим ҷойгир аст ва дар тӯли садсолаҳо роҳҳое, ки ба Руми бостонӣ мебурданд, аз ин шаҳр мегузаштанд.
Имрӯз Ӯзбекистон ва Италия барои эҳёи робитаҳои гузашта тавассути тавсеаи муколамаи мутақобилан судманд ва ҳамкориҳои судманд дар бисёр бахшҳо ва самтҳои амалӣ заминаи мустаҳкам ва дурнамои ҷиддӣ доранд.
Маҷмӯи устувори созишномаҳои тарафайн, ки дар пойтахти Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангу башардӯстӣ қабул шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд.
Чунин ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷониба бо Италия ба манфиатҳои натанҳо Ӯзбекистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ ҷавобгӯ аст. Сафари мазкур бешубҳа ба афзоиши аҳамияти стратегии минтақа ҳам барои Италия ва ҳам барои тамоми Иттиҳоди Аврупо мусоидат хоҳад кард. Дар натиҷаи ин раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ такони нави иловагӣ хоҳад бахшид.
Раиси Ассотсиатсияи «Лигаи занони Полша» Алдона МИХАЛЯК:
– Акси садои сафари Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳанӯз хомӯш нашуда, роҳбари дигари аврупоӣ – Президенти Италия Серҷо Маттарелла ба Ӯзбекистон ташриф овард.
Ин барои Ӯзбекистон ва Аврупо рӯйдоди хеле муҳим аст. Онҳо аз мулоқоти фаъоли байналмилалие, ки Ӯзбекистон роҳандозӣ менамояд, инчунин баланд шудани нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд. Қалби Осиёи Марказӣ ин Ӯзбекистон – кишвари сераҳолитарин ва рӯ ба тараққӣ бо аҳолии 36 миллион нафар аст, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар тӯли солҳои охир Ӯзбекистон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи муҳим пайдо кард. Дар кишвар фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ мусоидат мекунад. Инро таваҷҷуҳи афзояндаи Иттиҳоди Аврупо ба ин кишвар тасдиқ мекунад.
Ҳамаи ин ба рушди минбаъдаи ҷомеаи Ӯзбекистон, ки дар он ба занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, мусоидат мекунад ва шумораи онҳо дар мақомоти ҳокимият бо суръат меафзояд.
Бо сафари Президенти Италия ба Ӯзбекистон, дӯстону шиносони ӯзбеки худро табрик мекунам. Албатта, ман ҳамчун як зани поляк хеле мехостам, ки дар фурудгоҳи Тошканд мадҳияи Полша садо диҳад. Умедворам, ки чунин мешавад.
Роҳбари ширкати сингапурии «Метоген Биоложигс» Лим Ках МЕНГ:
– Пеш аз ҳама ин сафар рӯйдоди муҳим дар таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Италия мебошад. Ин махсусан дар заминаи рушди устуворе, ки миёни ду кишвар аз соли 1992 ба вуҷуд омадаанд, аҳамияти хоса пайдо мекунад. Ин сафар аҳамияти идомаи муколама дар сатҳи олиро таъкид намуда, ҳавасмандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун нишон медиҳад.
Ҷанбаи муҳими сафар баррасии имкониятҳои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ, гуманитарӣ мебошад. Ӯзбекистон ва Италия аллакай мисолҳои ҳамкории бомуваффақият, аз ҷумла лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва мубодилаҳои фарҳангиро нишон медиҳанд, ки бо иштироки фаъоли ширкатҳои итолиёвӣ дар иқтисодиёти Ӯзбекистон ва мавҷуд будани донишкадаҳои таълимии Италия дар Ӯзбекистон тасдиқ мегарданд.
Боздиди Президенти Италия аз Донишгоҳи политехникии Турин дар Ӯзбекистон низ барои таҳкими робитаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳо муҳим аст. Ин чорабинӣ нақши маорифро дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва ғанисозии мутақобилаи фарҳангҳо нишон медиҳад.
Инчунин бояд қайд кард, ки сафар ба Самарқанд ва Хева бо назардошти аҳамияти таърихии ин шаҳрҳо ва нақши онҳо дар табодули фарҳангии Шарқу Ғарб дар давраи Роҳи бузурги абрешим рамзӣ мебошад.
Сафари Президенти Италия ба Ӯзбекистон далели таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳавасмандии мутақобилаи ду кишвар дар рушди ҳамкориҳо дар ҳама сатҳҳо мебошад. Воқеаи мазкур барои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба уфуқҳои навро кушода, дар роҳи Эҳёи нав дар ҳамкории Ӯзбекистону Италия қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Корманди илмии Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон Виктор КИМ:
– Мулоқоти Ӯзбекистону Италия дар сатҳи баланд дар Тошканд далели тасдиқи эътимод ва дастгирии Италия аз роҳи сиёсии Ӯзбекистон мебошад, ки ба бебозгаштии ислоҳот оид ба бунёди Ӯзбекистони Нав аз ҷониби кишварҳои Аврупо нигаронда шудааст. Инро Президенти Италия дар музокирот алоҳида таъкид карда, аз дастгирии бебозгаштии ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав изҳори таваҷҷуҳ карда, ҳамчунин ба талошҳои кишвар оид ба таъмини субот ва амиқсозии ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки таваҷҷуҳ аз ҷониби кишварҳои Аврупо танҳо ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Ӯзбекистон маҳдуд намешавад. Мероси ғании таърихии халқи Ӯзбекистон низ таваҷҷуҳи назаррас ҷалб менамояд. Сафари расмии серӯзаи Президент Серҷо Маттарелла ҳамчунин ба Самарқанд ва Хева сафарҳои омӯзиширо дар бар мегирад.
Сиёсати хориҷии пайвастаи Ӯзбекистон, ки ба тамоюлҳои некҳамсоягӣ ва эътимод асос меёбанд, барои татбиқи вазифаҳои Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» пойгоҳи мустаҳкам мегузорад. Мулоқот бо Президенти Италия тасдиқи эътимод ва назари нав ба Ӯзбекистон аст. Аз нуқтаи назари кишвари шумо дар Аврупо муносибат ба Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи ояндадор тағйир меёбад.
АИ «Дунё».