ДАР БАЁНИ ҲАШТОД ҲАҚ, КИ ПАДАРУ МОДАРРО БАР ФАРЗАНД ҲАСТ

Чунон ки дар «Арбаини Салмонӣ» Имом Наҷмуддин Умари Насафӣ (раҳ.) меорад, модару падарро бар фарзанд ҳаштод ҳақ аст: чиҳил дар ҳоли ҳаёт ва чиҳил дар ҳоли мамот.

Аммо он чиҳил, ки дар ҳоли ҳаёт аст: даҳ аз вай ба тан аст ва даҳ ба забон ва даҳ ба дил ва даҳ ба мол. 
Аммо он даҳ, ки ба тан аст, яке хидмат кардан аст. Чунон ки Ҳақ таоло фармуда: Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун. 
 
ҲИКОЯТ 

Муҳаммад ибни Мукандар (раҳ.) гуфт: «Бародарам шаб намоз мегузорад ва ман пойи модар мемолам. Дӯст надорам, ки савоби вай маро бошад ва савоби ман ӯро». 
Дуюм, ҳурмат доштан эшонро, то густох набошӣ ва пеши эшон нанишинӣ, ки хидмат он гоҳ қимат надорад. Сеюм, ҳар чӣ гӯянд, ки бикун, агар шариат нагуфта, ки макун, бикун. Чаҳорум, ҳар чӣ гӯянд, ки макун, агар шариат нагуфта, ки бикун, макун. Панҷум, бе ризои эшон ба сафар наравӣ, ҳарчанд тоат бувад, чун ҳаҷу ғазо ва талаби илм.
Омадааст, ки марде ба наздики Расул (а) рафт ва гуфт: 
– Ба ғазо меравам бо ту, ё Расулаллоҳ. 
Фармуд, ки: 
– Модару падар дорӣ? 
Гуфт: 
– Дорам. 
Гуфт: 
– Назди эшон бош,  ҷиҳоди ту ин аст, ки хидмати эшон кунӣ. Шашум, чун эшон падид оянд, бархез ва пеши эшон бозрав ва то эшон нишаста бошанд, ту бар пой бош ва бе дастури эшон манишин ва бар ҷойи нишастании эшон манишин. Ҳафтум, чун бо эшон роҳ равӣ, аз паси эшон рав ва аз пеши эшон марав, магар ба шаб ё ба гил ё ба ҷойи хавфнок. Ҳаштум, турш ба эшон манигар, балки ба рӯйи тоза нигар, ки Расул (а) фармуд: «Некӯикунанда нест бо модару падар касе, ки тез ба рӯйи эшон нигарад ва рӯй бар эшон турш кунад». 
Нуҳум, чун бихонанд, зуд бархезад ва пеши эшон равад ва фармон пеш барад ва таъхир накунад ва агарчи дар намози татаввӯъ бошад ва аз қиссаи Ҷурайҳи роҳиб ёд кунад.
Аммо, он даҳ, ки ба забон аст: аввал он аст, ки сухан бо эшон ба лутф гӯӣ ва ба тавозуъ. Қавлуҳу таоло: Ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ! 
Саъид ибни Мусаййиб мегӯяд: «Қавли карим он аст, ки бо эшон сухан чунон гӯйӣ, ки бандаи ҷофии (ҷафокор) заиф бо хоҷаи хашмгини қавӣ гӯяд». 
Дуюм, он ки овоз бартари овози эшон барнадорӣ. Сеюм, он ки бисёр нагӯӣ ва густохӣ накунӣ. Чаҳорум, он ки эшонро ба ном нахонӣ. Панҷум, он ки сухани эшон қатъ накунӣ, яъне ба миёни сухани эшон дарнаёӣ. Шашум, гуфтаи эшонро рад накунӣ. Ҳафтум, ба амру наҳй хитоб накунӣ. Ҳаштум, бонг бар эшон назанӣ. Қавлуҳу таоло: Ва бар онҳо бонг мазан! 
Нуҳум, «уф» накунӣ. Қавлуҳу таоло: Пас, ба онҳо «уф» магӯ! 
 
ҲИКОЯТ 
 
Имом Ҳасани Басрӣ (раҳ.) мегӯяд: «Агар фарзанди олим, ки ӯро падару модари кофир бошад ва ҳоҷат ояд, ки обдон бардорад ва чанд бор обдон бардошта бошад, агар «уф» кунад аз бӯйи нохуши эшон, ҳама аъмоли вай ҳабита (барбод) шавад». Даҳум, дар мавриди беморӣ аз эшон ҳазар ва ё малол накунад.
Аммо, он даҳ, ки бар дил аст: Аввал, он ки бо эшон раҳм кунад. Қавлуҳу таоло: Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун. 
Дуюм, он ки эшонро дӯст дорад, ки бо вай эҳсон кардаанд бисёр. Сеюм, ба шодии эшон шод шавад. Чаҳорум, ба ғами эшон ғам хӯрад ва ба дарди эшон дармон бошад. Панҷум, аз бисёр гуфтани эшон ба сутӯҳ нашавад. Шашум, ба ҷафои эшон бар эшон хашм нагирад, балки хушнуд бошад. Ҳафтум, ҳарчанд ҳақгузор бувад, аз озори эшон тарсон бошад. Ҳаштум, он ки ҳаргиз эшонро наёзорад, ҳарчанд фартут ва раҳнамой шуда бошанд. Нуҳум, ба дил дарозии зиндагонии эшон хоҳад, ҳарчанд аз эшон ранҷ бинад, ки эшон ҳарчанд ранҷ дидаанд аз вай, зиндагонии вай хостанд. Даҳум, ба дил хушнудии эшон хоҳад, ки эшон дар айёми тифлӣ хушнудии вай хостаанд.
Аммо он даҳ, ки ба мол аст: Аввал он аст, ки эшонро ҷома кунад, пеш аз ҷомаи хеш. Дуюм, он ки эшонро таом диҳад, беҳ аз таоми хеш. Сеюм, он ки чун бо эшон таом хӯрад, некӯтар эшонро диҳад.
ҲИКОЯТ 
 
Ҳаннон ибни Атийя бо модар ба мева хӯрдан нанишастӣ, гуфтӣ: «Набояд чашми вай бар чизе афтад ва он ман бардорам ва надонам ва озор ояд вайро». Чаҳорум, орзуи эшонро маълум кунад ва бисозад, ки эшон ба вай ҳамчунин кардаанд. Панҷум, дар вояҳо (ҳоҷат, зарурат, муроду матлаб)-и эшон сайъ кунад ва ҳамаро ороста дорад. Шашум, мол диҳад эшонро, ки шояд эшонро ҳоҷате бувад, ки натавонанд зоҳир кардан, то бад-он ҳоҷати худ сарф кунанд. Ҳафтум, дасти эшон кушода кунад дар моли худ ва гӯяд: «Ҳар вақт ки бибояд, фидои шумост», ки бувад, ки муроде нав шавад эшонро ва ҳишмату (фурӯтанӣ) шарм ояд мар эшонро аз гуфтани вай зоҳир кунад, то ҳишмат бархезад. Ҳаштум, гоҳ-гоҳ таклиф кунад ва даъват созад, чӣ бувад, ки дили эшон хоҳад онро. Нуҳум, дӯстони эшонро дӯст дорад ва даъват кунад, то ба рӯйи эшон сурхрӯй бувад. Даҳум, чун бемор шаванд, садақаҳо кунад мар талаби шифои эшонро, чӣ эшон дар вай чунин кардаанд. 
Аммо, он чиҳил ҳақ, ки баъд аз вафоти эшон аст: Аввал тадбири зудии дафни эшон кунад, ки азизии мурда дар он аст, ки зуд вайро дафн кунанд ва фармони шаръ дар он аст. Ва эшонро бишӯяд ва ба суннат бишӯяд ва кафан кунад – кафани ба суннат. Ва ҷомаҳо, ки нашояд, накунад ва адади суннат нигоҳ дорад ва исроф накунад ва аз моли ҳалол кафан кунад ва вому қарз, ки зуд адо кунад. Ва худ навҳа накунад ва ҷома надарад ва дигаронро манъ кунад аз навҳа. Ва намоз бар ҷанозаи эшон худ кунад, агар аҳли он бувад, ки валояти он вайрост ва дуо кунад, ки фармон ин аст. Қавлуҳу таоло: Ва бигӯ: «Эй Парвардгори ман, бар онҳо бубахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!» 
Ва ба хок худ ниҳад, ки валояти (муҳаббат) он вайрост. Ва гӯр лаҳад кунад, ки суннат ин аст. Ва дар мавзее созад, ки хасмӣ набувад ва агар бувад, ба ризои вай бувад. Ва гӯркану коркунонро хушнуд кунад ва музди касе кам накунад ва бознадорад. Ва миёни аҳли салоҳу хайр ниҳад. Ва дар миёни аҳли шарру фасод наниҳад, ки аз ҳамсояи бад эшонро ранҷ расад. Ва хоки эшонро харпушта кунад, на мураббаъ. Ба хоку хишти хом кунад, ба чӯбу хишти пухта накунад. Ба саҳро кунад, ба хона не, ки суннат ин аст. Ва бар сари хок нон садақа кунад ва дуо кунад ва вомҳо (қарзҳо)-и эшон бигзорад ва васиятҳои эшон ба ҷой оварад. Намозҳои афзунӣ (нофила) ба нияти эшон бикунад, яъне дуо кунад, то савоби он бад-эшон бирасад. Рӯзаҳои афзунӣ бидорад, ба ҳамин ният. Ва ба зиёрати эшон биравад, ки Абдуллоҳ ибни Умар (раз.) ривоят кунад аз Расул (с), ки: «Ҳар кӣ ба зиёрати қабри падару модари худ равад, фариштагон ба зиёрати қабри вай оянд». Ва Абӯҳурайра (раз.) ривоят кард аз Расул (с), ки: «Ҳар кӣ одина як бор ба зиёрати гӯри модару падари хеш равад, омӯрзиш ёбад ва номи ӯ аз аброр шавад». Ва дар зиёрат ба такбиру салавот ва дуо ва хондани Қуръон машғул шавад, на ба навҳаву суханони носавоб, чӣ эшонро аз он ранҷ бувад. 
Дар «Тафсири Муғнӣ» меорад ин байтро дар зиёрати қабри падару модар.
Шеър: 
Ман зора қабри-л-волидайни 
кароматан, 
Ғафараллоҳу лаҳу-з-зунуба ҷамеъан. 
Ман қола Рабби-рҳамҳумо 
би тазарруъан, 
Фа-л-Рабби кона ли мо яқулу 
самеъан.
Маънӣ он аст, ки ҳар кас зиёрати қабри падару модари худ кунад ва эшонро дуо кунад, ҳақ таоло ҳама гуноҳони вайро биомурзад ва бар падару модари вай раҳмат кунад. Ва чун фарзанд муслеҳу некӯкор бувад, агар озурда буданд, хушнуд гарданд ва агар хушнуд бувад, наёзоранд. Ва агар ба омӯхтаҳои писандидаи эшон аз афъол ва афкор ва муомилат нигоҳ дорад ва пайваста бад-он амал мекунад, то савоби он бад-эшон мерасад. Ва агар тариқи бад аз эшон гирифтааст, эшонро вубол бувад ба овардани вай ба таълими эшон ва ранҷи эшонро. Ҳар чӣ ба зиндагонии эшон бикардӣ ва эшонро аз он озор омадӣ, накунад, ки дар гӯр низ биозоранд. Чун бо касе лаҷоҷ (ҷидол, хусумат) кунад, модару падари ӯро ба бадӣ ёд накунад, ки он кас низ модару падари ӯро ба бадӣ ёд кунад. Дар хабар омадааст, ки: «Малъун аст дашномдиҳанда модару падари худро». Ва ин бад-ин тариқ аст. Ва бо хешони эшон хешӣ дорад ва бо дӯстони эшон дӯстӣ дорад, ки дар хабар омадааст, ки яке аз ҳуқуқи эшон пас аз вафоти эшон ин ду кор аст.
Ва дар иди фитр ба номи эшон садақаи фитр бидиҳад ва ба идуз-зуҳо аз баҳри эшон қурбонӣ кунад, ки дар хабар омадааст, ки амиралмӯъминин Алӣ карамаллоҳу ваҷҳа аз баҳри Расул (с) ба ҳар иде аз паси вафоти вай ҳамчунин кардӣ. Ва таом, ки эшон дӯст доштандӣ дарвешонро диҳад, ки рӯҳони эшон шод шавад. 
Ин буд баёни ҳаштод ҳақ, ки модару падарро бар фарзанд аст, чиҳил дар ҳоли ҳаёт ва чиҳил баъд аз вафот. 
Илоҳо, ҳамаро тавфиқи гузоридани кулли ин ҳуқуқ арзонӣ дор.

Аз китоби «Риёз-ун-носеҳин» таҳия ва баргардони 
Рӯзибойи ҒАНИЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: