БУЗУРГОН ДАР БОБИ МИЛЛАТ

Беҳтарин нишонаи пешрафти як миллат озодии гуфтор аст.

Беҳтарин нишонаи  пешрафти як миллат озодии гуфтор аст.

(Абдурраҳмони 
ФАРОМАРЗӢ)

Миллат танҳо аз роҳи озодӣ ба таълим ва тарбият даст меёбад.
(Бернард ШОУ)
То вақте забон зинда аст, миллат намемирад.
(Муҳаммади ХИЁБОНӢ)

Миллате, ки аз илм ва дониш баҳраманд бошад, дигар таъми гуруснагиро нахоҳад чашид ва зиндагии роҳат ва осудае хоҳад дошт.
(КОНФУТСИЙ)

Касе, ки нисбат ба сарнавишти Ватан ва мардуми сарзамини хеш беғам аст, арзиши ёд кардан надорад.
(Ороди БУЗУРГ)

Мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд.

(ШПЕНГЛЕР)

Мураттиб 
А. АБДУРАҲМОН.

 

 


УМРИ ХУДОДОД

(Ҳикоя)
Марде мехост, ки умри дароз бинад. Бо ин мақсад вай рӯзе шасти моҳидориашро гирифта, ҷониби дарёчаи деҳааш бирафт. Ба умеди моҳичаи тиллоӣ шаст ба дарё андохт. «Нияти нағз, ними давлат» – аз қазо, ба шасташ моҳичаи тиллоӣ дармонд. Мард филфавр шастро берун кашид. Моҳича бениҳоят зебо буд. Ҷилои пулакчаҳои зарринаш дар зери нурҳои офтоб чашмони касро мебурданд.
Мард саросема моҳичаро аз шаст озод карда, ба кӯлвораш андохтанӣ шуд. Ҳамин вақт моҳичаи тиллоӣ чун дар афсонаи маълуму машҳур, ба забон даромад.
– Эй марди тавоно, маро, ки қапидӣ, акнун чӣ кор мекунӣ?
– Ниҳоят гуруснаам. Туро ба хона мебарам ва бирён карда бо аҳли байтам мехӯрам, – гуфт мард.
– Охир, ман як моҳичаи майдаяк бошам, кирои бирён карда хӯрдани шумо намешавам, – гуфт моҳӣ имдодталабона. – Ман моҳичаи сеҳрнокам, беҳтараш, ягон орзую армонатро бигӯй, иҷро мекунам.
– Мехоҳам умри дуру дароз бубинам, – иброз дошт мард.
– Хайр, чанд сол умр металабӣ? Сад солаш кифоя мекунад?
Мард даллоли бозор буд, савдоро кашол доданӣ шуда гуфт:
– Кам аст, камтари дигар зам кун. Бе он ҳам нисфи умрам дар бозори мол ба беҳудагӣ гузашт.
– 130 сол, мешавад?
– Мешавад-куя, – забонхоӣ кард мард, – дигар илоҷи зиёд кардан надорӣ?
– Умри зиёдро чӣ мекунӣ? – гуфт моҳичаи тиллоӣ. – Ман ба ту аз ин ҳам зиёдтар умр инъом карданам мумкин. Лекин метарсам, ки ту сабр карда наметавонӣ.
– Барои чӣ? – ҳайрон шуд мард.
– Барои он, ки дар бадали 130 соли инъомкардаи ман аз пайвандонат касе зинда намемонад, ки рӯзи маргат «во, дадем!» гӯяд. Ҳатто набераю абераат ҳам! Магар ба ғаму ғуссаи он ҷигарбандони фавтидаат бардошт карда метавонӣ?
– Не-не! Наметавонам!
– Сониян, ту дар ин синну сол яккаву танҳо монда, хору забун мегардӣ. Ҳатто одамон аз ту барин пири зиқна ҳазар менамоянду мегӯянд: «Худоё, тезтар ҷони ин пиракии палидро бигир, ки халос шавем».
– Ман ин тарзи зиндагиро намехоҳам, – гуфт мард навмедона.
– Набошад, чаро умри дароз металабӣ?
– Хайр, ман бояд чӣ кор кунам?
– Нағзаш, ту умри пурмазмун бипурс. Умри худодод! Ту аз пайвандонат пештар бимиру онҳо дар пасат монанд, – хулоса намуд моҳичаи тиллоӣ.
– Эй моҳича, ин тавр бошад, ба ман умри худодода басанда аст, – гуфт ниҳоят мард ба тақдир тан дода.
– Ана, ин гапи дигар, – гуфт моҳичаи тиллоӣ. – Умри худодода беҳтарин умрест дар ҳаёти инсон. Аз он зиёдаш – зиёд!
Моҳичаи тиллоӣ ин гапро гуфту аз дасти марди ҳайратзада раҳо гашта, худро ба қаъри дарё андохт.

Солеҳ Саид МУРОД,
вилояти САМАРҚАНД.

 

 

 

 


ЭКОЛОГИЯ 
(Афсона)

Худо дар ғазаб шуд ва ба Ҷабраил гуфт: 
– Ин одамзодаҳо кай одам мешаванд? Боз Одам ва Ҳаввои нав созам? Боз дар биҳишт онҳоро бисанҷам?
– Намешавад, – гуфт Ҷабраил – дуду газҳои заҳрноки онҳо кайҳо дарахтони биҳиштро хушкондаанд.

Адаш ИСТАД,
нависанда.

Абдуҷаббори СУРӮШ

ДАР ИХТИЁРИ ИШҚ БИСПОРИДААМ ХУДРО...

Ман борҳо чун осмон аз чашми худ боридаам худро,
Чун обшорон аз сари худ то ба по шоридаам худро.
Марде намегиряд барои мард, аслан гиря нозебост,
Дар оби обанбори чашмони худ анборидаам худро.
Ман ғуссаҳоямро дарунӣ хӯрдаам аз чашмҳо пинҳон,
Монанди най дар нолаҳои зори худ зоридаам худро.
Худро тасаллӣ додаам гоҳе, ки танҳо мондаам бо худ,
Чун настаран бо хори нохунҳои худ хоридаам худро.
Маҷмуаи хубӣ туӣ, пиндори ту, гуфтори ту нек аст,
Ман бо ту, ай Ширин, накукирдор ангоридаам худро.
Дар ибтидои Ишқ то бар рӯйи роҳат соя андозам,
Дар ду канори роҳи ту чун коҷҳо коридаам худро.
Вақте туро дидам сафои Ишқро дар рӯйи ту дидам,
Дил гаштаву дар ихтиёри Ишқ биспоридаам худро.


Бузургмеҳри БАҲОДУР

СОАТИ МОДАРИ МАН ХУРШЕД АСТ

Соати хонаи мо хобидаст,
Модарам бетақвим,
Модарам бесоат,
Саркушои гираҳи тобу табаш медонад.
Аз раҳи рафтану бозомадании Хуршед
Гузари рӯзу шабаш медонад.
Аз ҳисоби ҳамаи суду зиён,
Аз рақамҳои парешони умр
Рӯзи милоди маро медонад.
Зотан ӯ фалсафаи зиндагии зудгузар медонад,
Ки барои дигарон зистан аст бесоат, бетақвим...
Рӯзи ӯ испед аст,
Ба дилаш ақрабаки уммед аст,
Соати модари ман Хуршед аст.

АЗ МАН ХАБАР 
БИГИР...

Дунё ба навбат аст, аз ман хабар бигир,
Ин васл ҳикмат аст, аз ман хабар бигир.
Дидори ту маро болу паре шавад,
Чашми ту давлат аст, аз ман хабар бигир.
Фардо кӣ ҳасту нест, аз мо ниҳон бувад,
Ҳар дам амонат аст, аз ман хабар бигир.
Дар боғи зиндагӣ ҳар рӯз гул куҷост?
Фасли муҳаббат аст, аз ман хабар бигир.
Дар банди дасти ман соат дилак занад:
Кӯтоҳ фурсат аст, аз ман хабар бигир.
Ин «Панди куҳна»-ро такрор мекунам:
Одам ғанимат аст, аз ман хабар бигир!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: