Кишвари мо аз рӯзҳои аввали дастёбӣ ба истиқлолият ба сифати як давлати демократии ҳуқуқбунёд ва инсонпарвар ба таъминоти моддӣ ва маънавии шаҳрвандон эътибори алоҳида медиҳад.
Тамоми саъю кӯшишҳояш ба беҳбуди шароити зиндагонии аҳолӣ нигаронида шудааст. Моҳияти ислоҳоти созандаро низ, ки пайгирона ба амал татбиқ мегарданд, беҳбудии рӯзгори аҳолӣ ташкил медиҳад.
Ҳоло дар мамлакатамон асосҳои ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳамчунин, механизмҳои иловагие рӯйи кор омадаанд, ки дар муайян намудани оилаҳои муҳтоҷу камтаъмин ва расондани хидмати манзилнок ба онҳо кумак мекунанд. Ба ин мақсад сохтори иттилоотии “Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ” ҷорӣ гардидааст, ки ҳоло пурсамар кор мекунад. Ин сохтори электронии байниидоравӣ сари вақт оилаҳои камтаъминро муайян намуда, ба онҳо тибқи тартиби ҷоригардида нафақа ё кумакпулӣ таъин менамояд.
Сохтори иттилоотии “Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ” дар асоси чанд ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ амал мекунад, ки асосашонро Фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи чорабиниҳо оид ба расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои камтаъмин ва мубориза ба камбизоатӣ”, аз 11 августи соли 2021 ва қарори Девони Вазирон “Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани сохтори ҳифзи иҷтимоӣ” ташкил медиҳанд.
Падару модарон, одатан, ба мақсади гирифтани нафақа барои фарзандон ва таъмини эҳтиёҷи оила ба ҷамоати шаҳрвандони маҳалла муроҷиат мекунанд. Вале на ба ҳамаи муроҷиаткунандагон нафақа таъин карда мешавад. Дар кадом ҳолат нафақа таъин карда мешавад ё не дар поён шарҳ медиҳем:
а) даромади ҳар як аъзои оила аз миқдори пешбинишуда кам бошад (имрӯз ин даромад, ба ҳисоби миёна, 498 ҳазору 557 сӯмро ташкил медиҳад). Дар ин ҳолат даромади умумии муроҷиаткунанда аз рӯзи муроҷиат бо роҳи ба се тақсим кардани он муайян карда мешавад. Вақти таъин кардани нафақа даромади қитъаи наздиҳавлигӣ, кумакпулиҳои якдафъаина, стипендия, маблағҳои интиқол додашуда ва дигар сарчашмаҳои таъминот дар назар дошта мешавад.
б) бино ба маълумоти тавассути сохтори ахбори электронӣ гирифташуда агар дар ихтиёри аъзои оилаи муроҷиаткунанда як ё аз он зиёд амволи ғайриманқул ва биноҳои иловагии ғайриистиқоматӣ бошад;
в) дар ихтиёри аризадиҳанда ё аъзои оилаи ӯ автомобили ҳолати техникиаш соз (муддати истифодааш на аз 7 сол зиёд); автомобили боркаш, автобус, микроавтобус, экскаватор, трактор, комбайн, автокран ва дигар техникаи сохтмони ҳолати техникиаш соз (муддати истифодааш на аз 15 сол зиёд) бошад;
г) агар аз моҳи ариза додан маблағи аризадиҳанда ё аъзои оилаи ӯ дар ҳисобсурати депозити бонкҳои тиҷоратӣ панҷ баробари ҳаддиақалли ҳаққи пардохти меҳнат мавҷуд бошад;
д) агар аризадиҳандагон ва аъзои оилаи онҳо аз моҳи ариза додан дар ихтиёр коғази қиматбаҳо, ба миқдори панҷ баробари ҳадди ақалли пардохти ҳаққи меҳнат дошта бошанд;
е) вақте ки аз ҷониби ходимону хидматчиёни вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, вазъияти фавқулодда, Хидмати бехатарии давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Гвардияи миллӣ, Хидмати бехатарии давлатӣ, Кумитаи давлатии саноати мудофиа ва созмонҳои сохтори онҳо ё аъзои оилаи онҳо (ҳамсару фарзандон), ҳамчунин, нафақахӯрон ариза пешниҳод гардад;
ё) агар судяҳо ва аъзои оилаи онҳо тибқи шартҳои таъминоти иҷтимоӣ, ки бо қарори Девони Вазирон, аз 9 январи соли 2019 ба тасвиб расидааст, бо нафақа таъмин шуда бошанд;
ж) агар аз ҷониби нафаре, ки нафақа ва кумаки моддӣ мегирад ва аъзои оилаи ӯ, бе аризаи такрорӣ, ҳуҷҷатҳо ба нафақа пешниҳод шуда бошанд;
з) агар дар оила аъзое бошад, ки нафақаи бекорӣ мегирад;
и) агар аъзои оилае, ки дар 12 моҳи охир кор ҷустуҷӯ карда истода бошаду пешниҳоди мақбули мақомоти меҳнатро (ду-бор) доир ба кор рад кунад;
й) агар аъзои ба кор қобили оила, бо вуҷуди надоштани манбаи расмии даромад, дар шаш моҳи охир ба мақомоти меҳнат муроҷиат накарда бошад, дар рӯйхати шахсони бо шуғл таъминкунандагон набошад...
Бино ба ҳолатҳои болоӣ талаби шаҳрвандон барои гирифтани нафақа ва кумаки моддӣ ба инобат гирифта намешавад. Вале ин қоида ба шахсони зерин татбиқ карда намешавад:
Агар дар маҷмӯи барномавию дастгоҳии байниидоравии “Сохтори ягонаи меҳнати миллӣ” ба рӯйихат гирифта шуда бошад;
барои модароне, ки бо парвариши кӯдаки то сесола машғуланд (шахсони ивазкунандаи онҳо низ);
ба онҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд (таълими шабонаю ғоибона аз ин мустасно);
ба нафақахӯроне, ки собиқаи корӣ надоранд, яъне собиқаи кориашон барои таъин кардани нафақаи давлатӣ намерасад, ба инфексияи ВИЧ гирифторшудагон, шахсони 18-солае, ки аз хурдсолӣ маъюби гурӯҳи I ва II мебошанд;
ба аъзои оилае, ки дар амал хоҷагии наздиҳавлигӣ ва деҳқониро ба роҳ монданианд;
ба модарони (агар модарашон набошанд, ба падарашон) маъюбони то 18-сола, аз он ҷумла, шахсони гирифтори инфексияи ВИЧ доранд, онҳое, ки дар оила бо парвариши маъюбони гурӯҳи I ва пирони то 80-солаи ба нигоҳубин муҳтоҷ машғуланд;
ба аъзои оилае, ки дар хориҷа кор мекунанд ё бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;
ба аъзои оилае, ки дар доираи барномаи “Ҳар як оила – соҳибкор” фаъолият доранду аз рӯзи микрокредит гирифтан бино ба ин дастур 12 моҳ аст, ки фаъолият доранд;
ба аъзои оилае, ки бино ба ҳукми дарамалбудаи суд дар муассисаҳои ҷазо муҳлати ҷазоро мегузаранд;
ба аъзои оилае, бино ба даъват дар хидмати ҳарбианд;
ба модарон (падарон)-и танҳое, ки бо тарбияи фарзанд машғуланд, ҳамчунин, занони никоҳашон бекоргардида;
ба оилаҳое, ки манбаи даромади расмӣ надоранд ва дар тӯли як соли охир дар “Дафтари оҳанин” ба рӯйихат гирифта шудаанд...
Вақте ки оилаҳо ба гирифтани нафақа ва кумаки моддӣ сазовор дониста намешаванд, ба аризадиҳанда тавассути сохтори ахбории “Феҳристи ягона” хабар дода мешавад. Дар ин хабар бояд сабабҳои таъин накардани нафақа ва надодани кумакпулӣ шарҳ дода шаванд.
Дар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ додани нафақа ба фарзандон ба муддати 12 моҳ пешбинӣ шудааст. Вале ин нафақа то ба синни ҳаждаҳ даромадани фарзанди хурдтарини оила дода мешавад. Кумаки моддӣ бошад, ба шаш моҳ пешбинӣ шудааст. Вале ин муддат ба охир расад, аризадиҳанда метавонад барои гирифтани нафақа ва кумакпулӣ ба ҷамоати шаҳрвандони маҳалла муроҷиат намояд. Ин муроҷиат муроҷиати такрорӣ ба ҳисоб рафта, ба “Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ” дароварда мешавад. Нафақаи фарзанд ба фарзанди то сесола ба миқдори 325 000 сӯм, барои фарзанди дуюм моҳе 150 000 сӯм, барои фарзанди сеюм ва ҳар фарзанди аз ин миқдор зиёд 100 000 сӯмӣ пешбинӣ шудааст. Агар синни фарзандҳои оила аз 3 сол зиёд бошад, нафақаи фарзанди хурдтарин моҳе 250 000 сӯм, фарзанди дуюм 150 000 сӯм, фарзанди сеюм ва ҳар як фарзанди аз он зиёд 100 000 сӯмиро ташкил медиҳад.
Додани нафақа ва кумакпулӣ ба оилаҳои камтаъмин чунин нозукиҳо дорад. Ман фикр мекунам, барои пешгирии нодурустфаҳмиҳо, бояд дар ҷамъомадҳои ҷамоати шаҳрвандон ин нозукиҳо, ки аз руйи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, ҳаллу фасл гарданд.
Гулнора МУРОДОВА,
роҳбари шуъбаи Фонди
нафақаи ғайрибуҷавии
ноҳияи Янгиҳаёти
шаҳри Тошканд.