КОНСЕРТИ ХАЙРИЯ ТАШКИЛ КАРДА ШУД

Дар қасри фарҳанги деҳаи Варзик дар асоси қарори Президент доир ба ривоҷ додани пойгоҳи моддиву техникии иншооти маданӣ таҳти сарварии ҷонишини роҳбари шуъбаи маданияти ноҳияи Чуст Гулсора Насимхонова консерти хайриявии «Ҳусни диёрам»-и дастаи халқии суруд ва рақси «Чуст тароналари» якҷо бо ҷамоаи ҳаваскорони санъати Варзик – «Наврӯз» барпо гардид.

Он аз 2 қисм иборат буд. Дар консерт, ғайр аз сурудҳои миллӣ, таронаҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва дигар халқҳои бародар садо доданд.  Онҳоро Дилмурод Темиров (роҳбари даста),  сарояндагони хушовоз Фарҳод  Раҳимов, Асқар Раҳмиддинов, Нурҷамол Йӯлдошева, Шавкат Тошматов, аз ҷумла, сурудҳои тоҷикиро Маҳбуба Йӯлдошева ва Хушнуд Алиев иҷро намуданд. Рақсҳои нозуку дилкушои Шаҳло Раҳимова, Ирода Турдиева, Нозанин Самиева, Суғдиёна Сайфуллоева, Гулноза Ға-ниева ва Раҳимҷон Обидҷонов ба иштирокдорон писанд омаданд. Маҳорати хосу баланди ороишгар Ойбек Каримов бобати оро додани саҳнаи қаср назаррас буд.  
Ин аввалин консерти хайриявӣ буда, баргузории он дар қасру толорҳои фарҳанги деҳоти Ғаво, Карнон,  Алмос ва Баймоқ низ ба нақша гирифта шудааст. Маблағи аз онҳо бадастомада барои беҳтар кардани пойгоҳи моддиву техникии қасрҳои маданият, таъминоти онҳо бо созу асбобҳои мусиқӣ, ҳифзи иҷтимоии бачагони ногиро ва ба ёрии  иҷтимоӣ муҳтоҷ, рағбатноксозии   ҷавонони  санъатдӯст ва такмил додани истеъдоди онҳо масраф мегардад.

Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: